logo

сафарҳо

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ ҶАШНӢ

БУНЁДИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ МУРҒПАРВАРИИ ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ “МАРМАРӢ”  ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
28 август дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Себистон нахуст бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти инкубатори корхона оғоз бахшиданд.
Барои сохтмони инкубатор дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара замин ҷудо гардид. Масоҳати сохтмони зери бинои инкубатор беш аз 2000 метри мураббаъро ташкил дода, калонтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин ҷо биноҳои истеҳсолии ҳозиразамон ва иншооти ёрирасон бо насби таҷҳизот ва технологияи навтарин, инчунин, гузарондани системаи инфрасохтори муҳандисӣ бо назардошти талаботи санитарӣ - эпидемиологӣ сохта ба истифода дода шуд.
Иншоот аз минтақаи коркарди санитарии техника, ҷойи қабули тухми инкубатсионӣ, сардхонаи нигоҳдории тухми инкубатсионӣ, ҳуҷраи гузоштани тухми инкубатсионӣ бо аробаҳои махсуси қуттидор, толори ҷевонҳои инкубатсионӣ, толори ҷевонҳои чӯҷабарорӣ, ҳуҷраи эмгузаронӣ ва ҳуҷраи таҳвили чӯҷаҳо иборат мебошад.
Иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар инкубатор зиёда аз 5 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 миллион сарро ба мурғхонаи комплекси парандапарварии “Мармарӣ” барои парвариш таҳвил медиҳанд. Чӯҷаҳои боқимондаи корхона барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар бо чӯҷаҳои хушзоти гӯштӣ пешниҳод мегардад.
Барои таҳвили чӯҷаҳо аз инкубатор ба мурғхона техникаи махсусгардондашуда бо мақсади риояи талабот ва меъёрҳои муайяннамудаи соҳа дастрас карда шудааст.
Дар ин ҷо низ коргарон бо шароити хуби корӣ, бахусус маоши баланд, ошхона, либосҳои корӣ, маҳлулҳои безараргардонии гигиенӣ ва ҷойи истироҳат таъмин мебошанд.
Таҷҳизоти инкубатор ба ҳама талабот ҷавобгӯ буда, истеҳсоли ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин “ИАЙ Фарминг” (EI Farming) мебошад, ки дар бозорҳои давлатҳои Аврупо ва Осиё мавқеи назаррасро ишғол менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди ифтитоҳи бинои инкубатор дар деҳоти Себистон фабрикаи парандапарварии мурғи гӯштии комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд. 
Корхонаи замонавӣ бо мақсади идомаи амалигардонии иқдому нақшаҳои созанда, расидан ба ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд гардидааст.
Комплекси агросаноатӣ бо назардошти таъмини бозори истеъмолии пойтахти мамлакат, ки таҳти назорати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати аъло пешниҳод намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ фаъолияти худро пеш мебарад.
Ҳудуди мурғхона 22,75 гектар заминро дар бар гирифта, дар он бинои маъмурӣ, 12 фермаи парвариши паранда, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 минтақаи коркарди санитарии техника ва обанбор сохтаанд. Дар ҳар ферма то 30 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад ва давраи нигоҳубин 45 рӯзро дар бар мегирад. Бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо имкон аст, дар як сол зиёда аз 3 миллион сар мурғ парвариш шавад.
Маблағи умумии сармояи ба бунёди корхона ҷалбгардида 104 миллион сомониро ташкил дода, дар он якҷоя бо инкубатори корхона зиёда аз 160 ҷойи кории нав таъсис ёфт ва бисёр мутахассисони касбии сатҳи олӣ бо кор таъмин гаштанд.
Дар фермаҳо таҷҳизоти муосири ширкатҳои аврупоӣ ва чинӣ насб гардидаанд, ки аз хатҳои хӯрокдиҳӣ, обдиҳӣ, равшанидиҳӣ, гармидиҳӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошанд. Инфрасохтори ҳудуди мурғхона бо хатҳои барқ ва об таъмин буда, роҳҳои он мутобиқ ба стандартҳо мумфарш шудаанд. Дар иншооти мазкур барои мунтазам фаъолият намудани мурғхона шароит фароҳам оварда шуда, дар баробари ин, зиёда аз 20 техника ва механизмҳои махсус истифода мешаванд.
Баробари ба кор ҷалб кардани сокинони маҳаллӣ барои онҳо шароити беҳтари корӣ низ ташкил гардидааст, аз ҷумла онҳо бо хӯроки гарм, маоши хуб ва либосу лавозимоти корӣ, таъминанд.    
Дар баробари ин, ҷиҳати пешбурди корҳои ободонӣ, гирду атроф ва дохили мурғхона сабзазор карда шуда, беш аз 2500 бех дарахт шинондаанд.
Фаъолияти мурғхонаи нав мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар, ба роҳ монда шудааст.
 
ИФТИТОҲИ ЗАБҲХОНАИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ  ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ “МАРМАРӢ”  ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
28 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Забҳхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат мебошад. Инчунин, дар ҳудуди забҳхона бо риояи ҳама талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ инфрасохтори муҳандисӣ, аз қабили хатҳои оби нӯшокӣ ва техникӣ, қувваи барқ ва селпарто гузаронда шудаанд.
Бинои истеҳсолӣ аз ҷойи қабули паранда, коргоҳи забҳ ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо намудани паранда ва бандубаст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 18 дараҷа хунукӣ иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки ҷараёни забҳ бо тарзи ҳалол сурат мегирад.
Таҷҳизоти забҳкунанда аз ширкатҳои аврупоӣ ва чинӣ, ки дар бозори кишварҳои ҷаҳон мақоми хос доранд, харид шуда, асбобҳои забҳкунанда аз пӯлоди махсус, ки барои соҳаи хӯрокворӣ истифода мешавад, омода гардидаанд.
Бо мақсади муайян намудани сифати маҳсулот лабораторияи махсус фаъол аст, ки дар рафти забҳ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз рӯйи сифат, намуд, андоза ва дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ назорат мебарад. Дар ниҳояти истеҳсолот маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти бандубастшуда дар сардхонаҳои махсус ҷой дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки бори аввал дар забҳхона сардхонаи яхбандии амиқи ҳалқапеч васлу насб гардида, дар айни замон дар кишвар беназир ба ҳисоб меравад. Сардхонаи мазкур дар ҳарорати 40 дараҷа хунукӣ фаъолият намуда, қисмҳои парандаро бо иқтидори 3 ҳазор килограмм дар 1 соат то 18 дараҷа хунук менамояд. Таҷҳизоти сардхонаҳо аз ширкати бонуфузи чинӣ “СиБиЭфАй” (“CBFI”) харидорӣ гардидааст. Ин таҷҳизоти ба таври автоматӣ фаъолиятбаранда имкон фароҳам меорад, ки гӯшти паранда сифат ва ғизонокии худро гум накунад, зеро дар муддати кӯтоҳ ях мебандад.
Баъд аз анҷом ёфтани раванди истеҳсолот маҳсулоти тайёри ниҳоӣ дар 2 сардхона-анбор, ки ҳарорати дохили онҳо 18 дараҷа хунук аст, то ба фурӯш баровардан, нигоҳ дошта мешаванд.
Иқтидори се сардхона-анбори дар забҳхона бунёдгардида 10, 150 ва 300 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо маҳсулоти тайёрро дергоҳ аз рӯйи меъёрҳо нигоҳ доштан метавон.    
Барои мунтазам фаъолият намудани забҳхона беш аз 15 техника ва механизмҳои махсус кор фармуда мешаванд, ки меҳнати кормандонро сабуктар менамоянд.
Ҳаҷми умумии маблағи бунёди забҳхона 51 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи фаъолияти забҳхона 100 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст. Коргарон бо шароити хуби корӣ, бахусус маоши сазовор, ошхона, либосҳои корӣ, ҷой барои истироҳат таъмин мебошанд. Дар баробари бунёди коргоҳ, роҳбарият ҷиҳати пешбурди корҳои ободонии гирду атроф ва дохили забҳхона чораҷӯйӣ карда, дарахтҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинондаанд.
Бори дигар ёдовар мешавем, ки фаъолияти Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” идомаи занҷираи арзиши иловашудаи ширкат буда, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар, бунёд шудааст. Ин тадбир ҷиҳати ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯшти парҳезӣ амалӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки бо бунёди Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбе 270 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин коргоҳи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.
 
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЯХМОС ВА МАҲСУЛОТИ ҚАННОДИИ ҶДММ “ЭСКИМО МАСТЕР” 
ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҚОМАТ АФРОХТ
28 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эскимо Мастер”-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсолоти он аз наздик шинос шуданд.
Корхонаи  нави  саноатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Зариф Раҷабов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Федератсияи Россия ба истиқболи Ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки самти асосии фаъолияти корхона, асосан, ба истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодӣ равона гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол наздики 500 тонна маҳсулот мебошад.
Корхонаи навтаъсис дар пойтахти мамлакат дар масоҳати 0,5 гектар замин қомат афрохта, аз бинои истеҳсолии дуошёна ва маъмурӣ бо 20 ҳуҷраи корӣ иборат аст.
Хатҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардиданд.
Бо таъсис ва фаъол гаштани боз як корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе 220 нафар сокини маҳаллӣ, асосан, духтарону занон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкорӣ ва созандагӣ дар самти таъсиси корхонаи нави саноатӣ, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат равона шудааст, изҳори сипос карда, бо мақсади фаъолияти босамар ва тақвияти иқтидори истеҳсолии корхона маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти хом барои коркард ва бандубасти истеҳсолот ба “Эскимо Мастер” аз корхонаҳои ватанӣ дар асоси ҳамкорӣ ва шартномаи дутарафа харид ва дастрас мегардад ва қабл аз коркард дар озмоишгоҳи корхона мавриди ташхис қарор мегирад.
Раванди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муосири саноатӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, бо сифати баланд зери тамғаи "Эскимо М" пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.
Маҳсулоти корхона дар асоси ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ дар марҳилаи аввали фаъолият ба бозори истеъмолӣ бароварда шуда, бо афзудани иқтидори истеҳсолӣ маҳсулоти босифати ватанӣ ба кишварҳои ҳамсоя низ бо назардошти шароити бандубаст ва интиқол содирот хоҳад шуд.
Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе ивазкунандаи воридот буда, аз лиҳози таъму сифат бартарии зиёд дорад.
Дар корхона барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, аз ҷумла яхмосу кулчақандҳо, се яхдони гуногунҳаҷм мавҷуд буда, кормандон бо либоси ягона ва хӯроки серғизои нисфирӯзӣ таъмин мебошанд. Баробари биноҳои истеҳсолию маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон ошхонаи барҳаво низ сохта шудааст.
Бо мақсади интиқол додани маҳсулоти тайёр ба нуқтаву марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар корхона нақлиёти махсус мавҷуд аст ва тавассути он маҳсулот беосеб ва бо сифат ба бозори истеъмолӣ бароварда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ва суҳбати самимӣ бо кормандону масъулони корхона аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри корхона дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 20 номгӯи яхмос ва 10 навъи маҳсулоти қаннодӣ, ки дар корхона мувофиқ ба талаботи муосир истеҳсол ва бастабандӣ мегарданд, муаррифӣ шуданд.
Сарвари давлат зимни боздид аз истеҳсолоти тайёри корхона барои истифодаи боз ҳам пурраи имконоту иқтидори мавҷуда дар мамлакат ба роҳбарияти корхона ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Роҳбарияти корхона ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар фурсатҳои наздик бо афзудани иқтидори истеҳсолӣ шумораи кормандонро бештар ва содироти маҳсулоти ватаниро ба хориҷи кишвар ба роҳ мемонанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи муосири саноатиро дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва саҳми босазо дар пешрафту шукуфоии мамлакат арзёбӣ карда, масъулонро барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ бобати бунёд ва рушди истеҳсолот дар кишвар вазифадор карданд.
 
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЛӮЛАҲОИ ШИШАПЛАСТИКИИ  “КОМПОЗИТ Т.А.” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ФАЪОЛ ШУД
28 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.”-ро ифтитоҳ намуданд.
Бунёди корхона дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои шишапластикии “Композит Т.А.” оғози расмӣ бахшида буданд.
Дар корхона зиёда аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, дар як сол то 150 километр лӯлаҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол мекунанд.
Истеҳсоли лӯлаҳои шишапластикӣ бори аввал дар кишвар ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, баробари таъмини кишвар содироти он ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монда мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.” корхонаи муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи озарӣ - “Азкомпозит” таъсис дода шудааст.
Корхона тасмим гирифтааст, ки дар муҳлатҳои наздиктарин мутахассисони маҳаллиро тайёр кунанд, ки минбаъд маҳсулоти корхонаро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол намоянд.
Таҳлилҳо нишон доданд ки истифодаи лӯлаҳои шишапластикӣ ҳангоми истеҳсоли он дар дохили кишвар аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар мебошад. Лӯлаҳои мазкур новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифодабарӣ хеле сода ва осон аст. Инчунин, лӯлаҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор мебошанд. Барои истеҳсоли лӯлаҳо, асосан, маҳсулоти қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон истифода мегарданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои қуми кварсӣ хеле зиёданд ва истифодаи васеи ин намуди ашёи хом аз дохили кишвар ба нақша гирифта шудааст. Дигар намуди ашёи хом то пайдо намудани манбаи дохилӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешавад.
Пас аз ифтитоҳи иншоот  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии автобусҳо иштирок намуданд.
Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ - “Акиа Ориё” оғоз намуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 фаъолиятро оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”-ро истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.
Айни замон, аз ҷониби корхонаи муштарак ба таври силсилавӣ автобусҳо бо дарозии 8 ва 12 метр истеҳсол гардида, бандубаст ва тарҳрезии автобусҳои дуошёна, автобуси таъиноти байнишаҳрӣ, автобуси бо гази табиӣ ҳаракаткунанда, электробус ва электро-троллейбус идома дорад.  
Ҳамчунин, корхонаи муштарак як адад электро-троллейбуси худрави озмоишии навро истеҳсол намуд, ки он муҷаҳҳаз бо техника ва технологияҳои нав, ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва дорои иқтидори ҳаракати автономӣ ба масофаи то 40 километр роҳ бе пайвастшави ба хатти неруи барқ аз ҳисоби неруи барқи ҷамъкардааш дорад.
Дар баробари ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани воситаи нақлиёт симои зоҳирӣ ва дохили он ба таври замонавӣ бо мақсади рафтуои бароҳати мусофирон тарҳрезӣ шудааст. 
Корхона, инчунин, электробуси замонавии озмоишии навро бо тарҳи замонавӣ истеҳсол намуд, ки муҳаррики он пурра бо неруи барқ фаъолият карда, то масофаи 200 километр роҳ бо неруи барқ ҳаракат менамояд, ки аз лиҳози экологӣ яке аз безарартарин нақлиёт дар олам ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, бо назардошти ба инобат гирифтани содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои эҳтиёҷдор ба автобуси муҳаррикаш бо гази табиӣ ҳаракаткунанда дар заминаи имкониятҳои корхонаи муштарак тарҳрезӣ гашта, истеҳсол намудааст.
Дар баробари вазифаҳои тарҳрезигардида дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 амалигардонии ҳадафҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани шароити хуб барои ҳамлу нақли мусофирон бо харидорӣ намудани автобусҳои наву муосир, электробусҳои замонавии ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ марҳила ба марҳила мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки дар ин самт низ корхонаи муштарак фаъолияти худро равона намудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 300 адад воситаи нақлиётро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 нафарро ташкил медиҳад.
Маҳз баланд бардоштани савияву малакаи мутахассисони маҳаллӣ барои сари вақт истеҳсол ва бандубасти автобусҳо бо мақсади супурдани онҳо ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе имконпазир гардонд ва айни замон муддати 3 сол аст, ки шумораи автобусҳои таҳвилёфта ва дар кишвар истеҳсолгардида дар хатсайрҳои пойтахт ба хизматрасонии ҳамлу нақли сокинон ва меҳмонони пойтахт равона гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муосири хизматрасониву мусофиркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёти нав бо истифодаи имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва роҳандозии содироти автобусҳои истеҳсолшаванда дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2021    №: 172    Мутолиа карданд: 3313
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед