иқтисод
КИШОВАРЗӢ. НОҲИЯҲОИ ҶАЙҲУН ВА ДӮСТӢ БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ОҒОЗ БАХШИДАНД
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ҷайҳун ва Дӯстӣ сафари корӣ анҷом дода, бо масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва чинакчиён дар хоҷагии ёрирасони корхонаи пахтатозакунии «Дӯстӣ» ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшид. Майдони умумии хоҷагӣ 21 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он дар майдони 17 гектар пахтаи навъи «Қанд» кишт шуда, ҳосили хуб ба бор овардааст.
Соҳаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун гуногунсамт буда, имсол деҳқонон дар майдони 6 ҳазору 840 гектар навъҳои гуногуни пахта кишт намудаанд. Барои парвариши пахта заминаҳои техникӣ ва қувваи корӣ муҳайёанд.
Дар хоҷагии ёрирасони «Дӯстӣ» ба ғайр аз пахта дар майдони 50 садяк ҷуворимакка, дар 2,5 гектар сабзӣ киштаанд, ки нашъунамои хуб дошта, давра ба давра ба ҳосил меоянд, ки ин тадбир дар муътадил нигоҳ доштани нархи онҳо мусоидат мекунад.
Раиси вилоят ба кишоварзон маслиҳату дастур доданд, ки бо роҳи захира намудани сабзӣ дар сардхонаҳо аз қиматшавии ин маҳсулоти ниёзи аввал ҷилавгирӣ кунанд ва, инчунин, онро бо нархи барои деҳқон фоидаовар ба фурӯш гузоранд.
Қурбон Ҳакимзода дар намоиш ва маросими супурдани трактор ва механизму мошинолоти соҳаи кишоварзӣ ширкат намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар доираи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун 2 экскаватори тасмачарх, 48 трактор ва 66 мошинолот, аз қабили ядак, испор, алафтойбанд, сихмола, дорупошакҳои дастии муҳаррикдор, молаи чархӣ, алафдарав ва дигар таҷҳизот дастрас шуданд. Дар маросими супурдани техникаҳои соҳаи кишоварзӣ таъкид гардид, ки чунин дастгириҳо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Ҳар кас бояд бо василаҳои техникии дастрасшуда муносибати ғамхорона намояд. Акнун имкон бештар шуд, ки ба воситаи экскаваторҳои наву замонавӣ ҷӯю заҳкашҳо сари вақт тоза гарданд, ки ин ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзиро зиёд карда, ба ин васила сатҳи зиндагии деҳқонон беҳтар мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалӣ минбаъд низ кишоварзонро дастгирӣ хоҳад кард.
Раиси вилоят ва ҳайати меҳмонони расмӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ба рафти пахтақабулкунӣ дар корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Дӯстӣ», ки дар доираи «Корвони сурх» амалӣ шуд, шинос гаштанд. Имрӯз бо истифода аз боду ҳавои мусоид пахтаи дар саҳро шукуфта аз ҷониби деҳқонон сари вақт ҷамъоварӣ гардида, аввалин тоннаҳои ин ашёи хоми саноатӣ барои коркард вориди корхонаҳо шуд. Аз рафти пахтасупорӣ маълум гашт, ки дар ҳама деҳоти ноҳия ба ҷамъоварии пахта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, кишоварзон кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти бо ранҷ парвардаи худро беталаф чида, то ба хирман расонанд. Оид ба маъракаи ғунучин ва супурдани пахта зикр гардид, ки ба қоидаҳои бехатарӣ, пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии чинакчиён ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ диққати зарурӣ дода шавад.
Зимни сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Дӯстӣ нахуст ба корхонаи ҶCП «Ҷунтай - Хатлон - Синсилу» ташриф овард. Дар корхона аз тарафи намояндагии лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳия 34 трактори гуногунтамға ва мошинолоти соҳаи кишоварзӣ дастрас гардид. Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мебошад, ки ба истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва ба даст овардани даромад мусоидат мекунад.
Раиси вилоят зимни тақдими техникаву мошинолоти кишоварзӣ ёдовар шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста деҳқононро дастгирӣ менамояд ва дар доираи ин лоиҳа таъмин шудани кишоварзон бо техника аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад. Ҷавобан ба ин дастгириҳо хоҷагидоронро лозим меояд, ки аз шароиту имконияти мавҷуда пурсамар истифода баранд ва дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини фаровониву арзонӣ, беҳбудии вазъи иқтисодии хоҷагиҳо дар маҷмуъ, рӯзгори худу ҳамватанон саҳмгузор бошанд.
Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар ин рӯз ду ҷамоати деҳоти калонтарини ноҳия: Навзамин ва 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо экскаваторҳои тасмачарх таъмин гашт. Дар вазъияти хотирмон, ҳамчунин, ба сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тарафи намояндагии лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» тракторҳои гуногунтамға тақдим шуданд.
Заҳматкашони ноҳияи Дӯстӣ дар ҷодаи кишт, парвариш ва истеҳсоли пахта таҷрибаи хуби деҳқонӣ дошта, соли равон, ки дурнамои истеҳсоли пахтаро бо сарбаландӣ таъмин хоҳанд кард ва Ҷашни таърихии миллат - 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастоварди хуби меҳнатӣ истиқбол намоянд. Зимни дидан аз ҷамъият ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 300 тонна ашёи хомро дорад ва маҳсулоти коркардшуда барои таъмини ҶСП нассоҷии «Ҷунтай Синсилу»-и ноҳияи Данғара интиқол дода мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Баҳром Миров, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.08.2021 №: 172 Мутолиа карданд: 4448