logo

Хабарҳо

«НАҚШИ КИТОБИ «ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ» ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ»

Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба «Нақши китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» дар ташаккули худшиносии миллӣ» ва рӯнамоии ҷилди 33-юми он бо иштироки доираи васеи муҳаққиқон ва дӯстдорони каломи бадеъ ҳамоиш доир гардид. 
Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр дошт: «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму тақвият бахшидани Ваҳдати миллӣ ва дар рушду ташаккули истиқлоли миллӣ назаррас мебошад. Ҳадаф аз ҳамоиш низ муаррифӣ ва тавзеҳи мавзуъҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» мебошад».
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон дар мавзуи «Ваҳдат омили асосии рушди ҷомеа» маъруза намуда, аз ҷумла гуфт: «Ваҳдати миллии мо тоҷикон дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони муосир  такони ҷиддӣ ба миён овард, имрӯз онро чун намунаи ибрат сармашқи кори худ қарор додаанд». 
Зикр шуд, ки ваҳдати миллӣ барои тамоми давлатҳо муҳимтарин арзиш маҳсуб шуда, омили асосии  рушди ҷомеа ва кафолати зиндагии шоистаи мардум аст. Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат буда,  аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Хиради зотии халқи мо, ки  дар таърих ҳамеша бо сулҳпарварӣ, башардӯстиву инсонгарӣ ном баровардааст, боло гирифту тоҷикон ба ваҳдат омада, имрӯз сарҷамъона  барои ободии давлати худ талош доранд.
Таъкид гардид, ки мафҳуми ваҳдати миллӣ ифодагари ормонҳои миллӣ, осоишу ободӣ,   амну субот ва меҳру садоқат ба миллату сарзамин мебошад. Ҳамзамон, дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён «Китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» - истеҳкомбахши ҳувияти миллӣ», «Ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои хатарзои он», «Нақши китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» дар шароити асолати миллӣ», «Арзёбии назариявӣ ва методологии ташаккули мактаби давлатдории миллии тоҷикон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон» ва дигар маърузаҳо ироа гардиданд.
Дар хотимаи ҳамоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва барои ҳамкории судманд бо Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба як гурӯҳ фаъолон Сипоснома тақдим гардид.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1173
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед