logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲАЙКО МААС

30 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маасро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро матраҳ намуданд.
Вазъи пурпечутоб ва ташвишовари Афғонистон меҳвари гуфтугӯ байни ҷонибҳо буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар роҷеъ ба вазъи мураккаб дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш карда, назари кишвари моро ба ҳолати кунунӣ ва пайомадҳои он иброз доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки яке аз омилҳои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон ин таъсиси ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ мебошад.
Сарвари кишвар бо такя ба нақши СММ таъкид карданд, ки таҳти сарпарастии ин Созмон ва иштироки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули ҳукумати фарогир дар Афғонистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолати ниҳоят мушкил, мамлакатҳои қудратманд бояд бетарафиро пеша накунанд ва барои истиқрори вазъ дар ҳамсоякишвар кӯшиш ба харҷ диҳанд, дар акси ҳол Афғонистон метавонад ба ҷанги шаҳрвандии тулонӣ кашида шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карданд, ки бо назардошти буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ба мардуми Афғонистон мусоидати ҳаматарафаи мақсаднок расонда шавад.
Ҳамзамон, ба расондани кумак дар таҳким ва ҳимояи марз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва ҷомеаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо аз эҳтимоли мубаддал гардидани Афғонистон ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карда, омодагии хешро барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ изҳор доштанд.
Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон дар муътадил намудани вазъ тавассути гуфтушунидҳо ва таъсиси ҳукумати фарогир мусоидат намуданро иброз намуд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2021    №: 173    Мутолиа карданд: 731
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед