logo

иҷтимоиёт

БМИМТ. ИФТИТОҲИ 12 МАКТАБИ НАВ ДАР ОСТОНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон тайи солҳои охир дар доираи ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати кишвар бо  мамлакатҳои дигар,  созмону ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ  дар самти бунёди мактабҳо ва  инфрасохтори дигари иҷтимоӣ, ҳамзамон, дастгирии оилаҳо  ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст, ки ин пешравиҳо ба ҷалби бештари сармоягузориҳои иҷтимоӣ низ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи  «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» (марҳилаи 4) аз 1 июли соли 2018 то охири соли 2020 бо маблағи 5 миллион доллари ИМА ба беҳтар гардидани шароити таҳслил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва  миёнаи умумии ноҳияҳои фарогири лоиҳа мусоидат намудааст. 
Ба гуфтаи директори Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода, дар 12 шаҳру ноҳияи фарогири лоиҳа – А. Ҷомӣ, Хуросон, Кушониён, Вахш, Левакант, Данғара, Балҷувон, Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, Ш. Шоҳин ва Ховалинг бунёди биноҳои нави мактабҳо, таъмини таҷҳизоту инфрасохтори онҳо бо сифати баланд, инчунин, омӯзиши ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон дар раванди татбиқи лоиҳаҳо ба роҳ монда шудаанд. 
- То ҳол дар натиҷаи татбиқи босамари лоиҳаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар марҳилаи 4-ум  корҳои сохтмонӣ дар 12 лоиҳаи мактабӣ пурра ба анҷом расида, иншооти навбунёд мавриди истифода қарор гирифт.  Ба анҷом расидани сохтмони  мактабҳои нав дастовези арзишманде дар остонаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аст, ки БМИМТ ба он муваффақ шуд. Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои сарфашудаи лоиҳа  татбиқи 4 лоиҳаи хурди технологӣ барои бунёди синфхонаҳои таълими меҳнат дар ноҳияҳои Кушониён, Восеъ, Данғара ва шаҳри Левакант, инчунин, корҳои таъмиру навсозии иншооти иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлобу ноҳияи Восеъ амалӣ гардид, - изҳор дошт номбурда. 
Тавре аз БМИМТ ба рӯзнома гуфтанд, баробари бунёди бинои мактабҳо барои аъзои ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон дар лоиҳаҳои сохтмони мактаб аз рӯи 12 модули ташкилию техникӣ 252 омӯзиш гузаронда шуд. 
Бо назардошти татбиқи босамари лоиҳаҳо  институтҳои молиявӣ боз ҳам ҷиҳати сармоягузории лоиҳаҳои навбатии БМИМТ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, дар доираи ҳамкориҳо бо Ҳукумати кишвар маблағгузории барномаҳои нави соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дар кишвар ба роҳ монданд.  Агар маблағгузории лоиҳаи қаблӣ ҳудуди 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод, лоиҳаҳои навбатӣ аз 26 то 37 миллион доллар сармоягузорӣ мешаванд. 
«CASA-1000. Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» бо маблағи 26 миллион доллари ИМА (аз 30 апрели соли 2020 то 30 апрели соли 2024) ва «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ»  37 миллион доллари ИМА (аз 8 июли соли 2020 то 8 июли соли 2025)  тарҳҳое ҳастанд, ки барои густариши соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар маҳалҳо  роҳандозӣ шуданд. Лоиҳаи аввал 24 ҷамоату 220 деҳаи вилояти Хатлон ва 20 ҷамоату 167 деҳаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро фаро мегирад.
Шералӣ Сиддиқзода, гуфт, ки лоиҳаҳои нав асосан барои дастгирии ҷавонон, беҳбудии таъмини неруи барқ дар деҳот, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори худидоракунии маҳаллӣ равона шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли равон азхудкунии маблағҳо дар «CASA-1000. Лоиҳаи дастгирии ҷомеа»  271,8 ҳазор доллар ё 101,4 дарсад ва «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» 346,2 ҳазор доллар ё 102,1 дарсадро ташкил намуд.  
- Ҳар ду лоиҳа аз чанд қисмат иборатанд. Лоиҳаи CASA – 1000 ба ташаббусҳои маҳаллӣ барои рушд, таъминоти барқи деҳот, сармоягузории инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва додани грантҳои фаръӣ  дар деҳоти наздисарҳадиро дар бар мегирад. Лоиҳаи дуюм низ ба беҳбудии вазъи иҷтимоии мардуми деҳот нигаронда шудааст.
- Дар  лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ  ҳамгироии иҷтимоии ҷавонон, таъмини манбаъҳои  зиндагӣ,  пешниҳоди субгрантҳо барои баҳрагирандагон ҷиҳати амалигардонии ташаббусҳои маҳаллӣ, сафарбарнамоии ҷавонон барои рушди худидоракунии маҳаллӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо аз рӯйи эҳтиёҷоти ҷавонон, таъмини хизматрасонии босифат ва воситаҳои зиндагӣ барои онҳо пешбинӣ гардидаанд. Барои баҳраманд шудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои фарогир аллакай вохӯриҳои муқаддимавӣ гузаронда шуданд. Дар доираи қисмати аввали лоиҳа барои дастгирии ҷавонон тарҳи 5 маркази омӯзиши ҷавонон омода ва бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мувофиқа карда шуд. Амалисозии нуҳ зерлоиҳа ҷиҳати бунёди марказҳои омӯзиши ҷавонон оғоз ёфтааст, - тазаккур дод Шераллӣ Сиддиқзода. 
БМИМТ тасмими гирифтааст, ки бо назардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон,  аз лиҳози инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ лоиҳаҳои нави сармоягузориро  барои  минтақаҳои дигари кишвар таҳия ва роҳандозӣ намояд. Дар назар аст, ки чунин лоиҳаҳоро оянда дар самти тандурустӣ барои кулли минтақаҳо омода ва татбиқ месозад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2021    №: 173    Мутолиа карданд: 828
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед