logo

маориф

АШТ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ

Зиёда аз 2 ҳазор хонанда аз шаҳраки Шайдон ва деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт  соли нави таҳсилро дар мактабҳои нави замонавӣ ҳусни оғоз мебахшанд.  Ҷиҳати фарогирии пурраи хонандагон ва таълими онҳо дар муассисаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудааст.
- Иқдомҳои созандаву бунёдкоронае, ки танҳо дар соҳаи маорифи ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ба анҷом расонда шудаанд,  гувоҳи  он аст, ки дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин соҳа, воқеан ҳам, аз самтҳои басо муҳими имтиёзнок маҳсуб меёбад, - таъкид кард Муяссар Ҳайдарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт. - Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷудаи иқтисодӣ соҳаи маориф доимӣ дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо дарёфти аввалин имконият шароити таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ва кории омӯзгорон беҳтар шуда, ба  сохтмону таъмири муассисаҳо таваҷҷуҳ шуд, ки самари онро феълан ба чашми худ мебинем.
Дар ноҳия миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 55 адад ба 72 расида, ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия боз 1 литсей, 4 гимназия ва 1 таълимгоҳи хусусӣ бо тамоми шароити ҷавобгӯй ба меъёрҳо сохта шуда, садҳо мутахассисони ҷавони соҳаи маориф бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Дар  бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ зиёд аст. Соли гузашта, ҳангоми ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36, барои 1440 хонанда, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зайлобиддин Мақсудҷонов сохта шуд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  ширкат варзида, барои чунин иқдоми ватандӯстона арзи сипос дошта таъкид карданд, ки “маҳз ана ҳамин ташаббусҳои фарзандони меҳанпарасти кишвар  имрӯзу фардои шукуфони мамлакатро таъмин хоҳанд кард”. Айни замон боз сохтмон дар заминаи таълимгоҳи садамавии таҳсилоти миёнаи № 25 барои 1100 хонанда идома дорад.
Аз оғози татбиқи Барномаи компютеркунонӣ дар кишвар дар  муассисаҳои таълимии ноҳия 1121 компютер мавҷуд буда, ба ҳар шаш нафар хонанда 1 ададӣ рост меояд. Ҳамчунин, 144 принтер, 10  тахтаи электронӣ, 19 проектор ва 100 адад камераи мушоҳидавӣ мавҷуд аст.   Роҳандозӣ шудани қадамҳои инноватсионӣ иштироки хонандагонро дар олимпиадаҳои мактабии сатҳи гуногун беҳтар мекунад. Масалан, танҳо соли равон  хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои даври ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 22 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 медали тилло, 7 нуқра, 13 медали биринҷӣ муваффақ гаштанд. Ширкати хонандагон дар  олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ низ  назаррас мебошанд. Се соли охир аз олимпиадаҳои байналмилалии “Кенгуру - математик”, “Архимед”, “ИМАЗ - математик”, “ҲИППО” 1 медали тилло, 5 нуқра ва 4 медали биринҷиро ба даст оварданд.
- Имрӯз метавон гуфт, ки муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳия бо бархӯрдор будан аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат ҳам дар азхуд кардани фанҳои асосӣ, иштирок дар олимпиадаҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъол шудаанд, ки аз ҳадафҳои муҳимтарини соҳаи маориф мебошад, - мегӯяд Муяссар Ҳайдарзода.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2021    №: 173    Мутолиа карданд: 5452
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед