logo

иҷтимоиёт

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАВРАИ ТАЪРИХӢ ВА МАРҲИЛАИ ХОСИ ТАҲКИМИ ЭЪТИБОР ХОҲАД БУД!

Соли 2021 аз ҳар лиҳоз барои мардуми сарбаланди тоҷик соли таърихиву хотирмон хоҳад буд, зеро имсол дар баробари Ҷашни бузурги миллӣ  – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо мизбони ду чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ –  ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Шурои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад. Ҳамзамон, 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай дар кишвари мо таҷлил мегардад, ки дар сатҳи баланд доир намудани он ба имиҷ ё худ эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун яке аз муассисони ин созмони бонуфузи байналмилалӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт.
Воқеан, рост омадани раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба давраи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии ин созмони муътабар басо рамзист. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ҳамчун муассис ва аъзои фаъоли СҲШ ин навбат низ давраи раёсати худро дар созмон бо ибтикороти бисёр муҳиму навоварона ба анҷом мерасонад. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо дар чандин чорабиниҳое, ки, аллакай, таҳти раёсати кишвари мо баргузор шуданд, дида метавонем.
Тавре аз маълумоти воситаҳои ахбори омма бармеояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли раёсаташ ба СҲШ барномаи фарогиреро бо беш аз 100 чорабинӣ рӯйи даст гирифтааст, ки, аллакай, бештари онҳо амалӣ ё доир шуданд. Маҷмуи ин чорабиниву ташаббусҳо ба таҳкими суботу амнияти минтақа, ҳамкории самарбахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илму техника, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист, шукуфоиву пешрафти кишварҳои узв мусоидат хоҳанд кард. 
Бояд гуфт, ки Созмони ҳамкории Шанхай давоми бист соли фаъолият ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст, зеро он пайваста дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ дар ҷараён аст. Борҳо шоҳид гардидем, ки дар ҳар як саммити сарварони давлатҳои созмон барои мубориза ва ҳалли хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, қарорҳои вижа қабул карда мешаванд. Ва ин қарорҳоро  сокинони давлатҳои узви СҲШ, ки қариб нисфи аҳолии кураи Заминро дар бар мегиранд, бо хушнудӣ пазируфтанд.     
Тавре Пешвои миллат дар мақолаашон «20 соли СҲШ: Ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» нигоштаанд: «Ҷараёни рӯйдодҳои давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат ба танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд  муассир бошанд. Дар мақоли халқӣ омадааст, ки дӯстон дар рӯзҳои душвор шинохта мешаванд. Дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID – 19 кишварҳои узви СҲШ ҳамбастагии худро зоҳир намуда, дар бисёр масъалаҳои мушкилзо якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар итминон ҳосил кард, ки давлатҳои узви созмон ба арзишҳо ва усули «Руҳи Шанхай» содиқанд». 
Дарвоқеъ, Созмони ҳамкории Шанхай дар муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ба омили муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ заминаи зарурии қарордодию ҳуқуқӣ бунёд ва роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ муқаррар карда шуданд. Обрӯю эътибори байналмилалии созмон торафт афзуда, ҳамзамон, равобити берунии он густариш меёбад. Фаъолияти созмон таваҷҷуҳи теъдоди бештари мамлакатҳоро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи фаъолияти муштараку муттасил ва самарабахши ҳамаи давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои созмон буда, заминаи онро иҷрои сареҳи вазифаю уҳдадориҳои дар ҳуҷҷатҳои низомномавӣ инъикосёфта ташкил медиҳанд.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷашни 20-солагии таъсисёбии он саҳифаи навро дар таърихи ин созмон рақам мезанад. Ва санадҳое, ки ҳоло барои тасдиқ ба ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои СҲШ омода шудаанд, дар сурати қабул гардидан барои таъмини сулҳу субот дар ҷуғрофиёи созмон, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳо нақши муассир хоҳанд гузошт.
 
Зафар ҚОДИРЗОДА, 
судяи суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2021    №: 175    Мутолиа карданд: 486
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед