logo

номаҳо

ТАВАССУТИ "ҶУМҲУРИЯТ" АЗ МАСЪУЛОН ХОҲИШ МЕКУНАМ

Ба идораи рӯзномаи дӯстдоштании “Ҷумҳурият” муроҷиат намуда, маълум менамоям, ки парварда ва тарбиятёфтаи замони Истиқлоли давлатӣ ҳастам. Солҳои наврасӣ ва донишандӯзиву ҷавониам ба ин навбаҳори таърихи миллат рост омадааст. Бо нияти ба кишвари азизам ҷиҳати шароити мусоид фароҳам овардан ба донишандӯзӣ хизмат намудан, пас аз хатми риштаи забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соли 2010 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ин донишгоҳ дохил шудам. Кори илмиамро дар мавзуи “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои форсизабон (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон) (солҳои 1991-2016)” таҳти роҳбарии доктори илми таърих З. Сайидзода дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-030-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намудам.
Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми марти соли 2021 қарори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро оид ба додани дипломи дараҷаи илмии номзади илми таърихро ба ман аз 17-уми моҳи сентябри соли 2020  бекор намуд. 
Барои баррасии масъалаи мазкур ба КОА муроҷиат намудам, аммо КОА талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро эътироф накарда, оид ба рад намудани кори илмиам ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод карда натавонист.
Фармоиши раёсати КОА-ро аз 30 марти соли 2021 таҳти №84/ди бо асосҳои зерин нодуруст мешуморам:
1. Банди 16-и Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор, аз 26.11.2016, № 505) ба Дастурамал дар бораи санҷиши диссертатсияҳо оид ба мавҷуд будани асардуздӣ (плагиат) (31. 05. 2018, №5/7) то моҳи марти 2021, бо чунин мазмун барои рад кардани диссертатсияҳои илмӣ истифода нашудааст ва иҷрои он низ дар оянда ғайриимкон мебошад.
2. Дастурамал дар бораи санҷиши диссертатсияҳо оид ба мавҷуд будани асардуздӣ (плагиат) (31.05.2018, № 5/7) баъд аз ҷорӣ гардидани Дастурамал дар бораи санҷиши дараҷаи асолати матни диссертатсия ва автореферати диссертатсия аз рӯйи барномаи компютерии “антиплагиат” (аз 31.10.2019, № 9) беэътибор шудааст. 
3. Кори илмии ман аз ҳама марҳилаҳои санҷишӣ гузашта, то раёсати КОА мусбат арзёбӣ шуд, вале дар ҷаласаи раёсат марҳилаҳои тайшударо ба эътибор нагирифтанд, ки амали раёсат инкоркунандаи фаъолияти худи КОА мебошад.
4. Кори диссертатсионӣ дар рӯзи корӣ (аз соати 08:00 то соати 17:00) мавриди таҳлили техникӣ қарор нагирифта, берун аз вақти корӣ, яъне дар соати 23:41 аз санҷиши антиплагиат гузаронда шудааст. Ба гумони ман ин амали КОА барои маълумоти нодуруст пешниҳод кардан оид ба натиҷаи “антиплагиат” мусоидат кардааст.
5. Бандҳои 3, 8, 9 (баёноти Ф. Салимов ва Ф. Ғафорзода аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст ва онҳо эътироф намуданд, ки аз кори илмии ман  3,48 % маводро ба нафъи худ истифода бурдаанд), 12, 21, 30 (иқтибос аз 01.04.2021, баъд аз рад шудани кори илмӣ аз ҷониби КОА), 31, 57, 61, 63, 103, 104, 120, 123, 127 (тақрибан 9,7 %) аз натиҷаи маълумотномаи “антиплагиат”-и КОА, ки дигарон аз кори илмии ман истифода кардаанд, лағв нашудааст.
6. Маълумотномаи оид ба натиҷаи санҷиши антиплагиати манзурнамудаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ки аслияти кори илмии маро 83,72% муайян кардааст ва он татбиқи амалии хешро дар ҷаласаи Шурои экспертии (81,18%) назди КОА ёфтааст ва аз талаботи муқаррарнамудаи КОА 8,72% зиёд мебошад, аз ҷониби КОА ба эътибор гирифта нашудааст.
Тавассути “Ҷумҳурият” аз масуълон хоҳиш мекунам, ки дар ҳалли мушкили мавриди назар ёрии амалии худро расонед. 
 
Муҳаммад ДУЛОЕВ, 
устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 
ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2021    №: 175    Мутолиа карданд: 8988
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед