logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ МАРД МЕГИРЯД…

Ба таъсиси студияи рӯзномаи «Ҷумҳурият» - «Фонус – минбари андеша» ҳанӯз як сол пур нашудааст, аммо, аллакай, даҳҳо меҳмонони олиқадр ва масъулони сатҳи аввали ниҳодҳои гуногун аз дохилу хориҷи кишвар меҳмони он шуда, даричаи розҳои худро ба бинандаҳо кушоданд.
Бештари меҳмонон, ки аҳли адабу ҳунар ҳастанду эҳсос дар вуҷудашон бештар аст, вақти суҳбат гоҳо гиристаанд. Сиришки онҳо барои гузашти умр, даргузашти азизон ё аз фараҳмандии шарафёб шудан ба ин ё он ҷоиза бошад, аммо як тан аз ҷавонони тоҷик, шаҳрванди Афғонистон Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш, ки баъди номусоидии вазъ дар ин кишвар ба Тоҷикистон паноҳ овардааст, барои сулҳ гирист, барои оқибатҳои нангини ҷанг, барои насли наве, ки ба бадбахтӣ рӯ ба рӯст, барои тифлони бегуноҳе, ки ба ҷойи бозиву шӯхӣ аз ҷанг, аз тиру туфанг меандешанд, инони гиряро раҳо кард, ки таҳаммулаш вазнин аст...
Ҳангоме ки аз вазъи хонаводагии Аҳмадзоҳир мепурсидем, гирди чашмонашро тадриҷан сурхӣ фаро гирифт ва гуфт: «Ба бародарзодаам Муслим, ки ҳоло дар Афғонистон асту панҷ сол дорад, тавассути интернет суҳбат карда пурсидам: Муслимҷон, хубӣ? Парк меравӣ, бозӣ мекунӣ, дафтару қалам дорӣ? Тифли панҷсола, ки даҳонаш бӯи шир мекунад, як каме сукут варзид ва посух дод: «Куҷо бозӣ биравем, ки ҳамаро Толиб гирифта, ҷанг аст, дигар…».
Замоне, ки Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш ба дунё омад, Толибон бори аввал кишварашонро зери тасаллут дошт, мисли имрӯз кӯдакиҳои ӯ ба замони ҳукмронии ин гурӯҳи террористӣ рост омад. Ду сол пеш ду бародарашро дар ҷанги Толибон шаҳид дод. Чанде пеш барои фаъолиятҳои равшангароӣ бо таҳдид худи ӯро низ захмӣ карданд ва бо исрору илтиҷои модар маҷбур шуд тарки Меҳан кунад. Вале сӯзишу ҳасрати Аҳмадзоҳир аз ин нест, балки аз он аст, ки аёми тифлии бародарзодаву хоҳарзодаҳояш низ ба замони тасаллути дубораи Толибон рост омад ва шӯрбахтиҳои ӯ аз нав такрор меёбанд:
- Бубинед, ҳамон баргаштабахтиву бетолеии мо дар насли кӯчаки миллати мо такрор меёбад, ҳарчанд ҳама муқовимат ва муборизаву талоши насли мо барои он буд, ки ҳоли рӯзгори мо дар зиндагии онҳо такрор наёбад. Онҳо мисли мо футболу оббозиву дигар бозиҳои кӯдаконаро дар хобашон набинанд, балки воқеан ҳам дар муҳити озоду бидуни ҷанг бузург шаванд, аммо нашуд… - гиря гулӯгири Аҳмадзоҳир мешавад.
Ҳамсуҳбати мо ихтиёр аз даст медиҳад, фаввораи ашкро дар хонаи чашм дигар дошта наметавонад, мегиряд, баробари ӯ мо – насли ҷавони Тоҷикистон низ мегирйем. Студияи «Фонус – минбари андеша», асбоби наворбардорӣ ва дилу дидаи мо чанд лаҳза аз оби чашм пур мешавад, сукут ҳукмфармоӣ мекунад...
Гиряи мо барои дарду доғҳои бепоёни бародари тоҷикамон буд, ки пайвандону ҳамдиёронаш дар он сӯи Ому гирифтори ҷангу кашмакаш аст, қурбонии бозиҳои бузурги сиёсист.
Зуд аз дил мегузаронам: замони кӯдакиҳои мо ҳам ба замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад, аммо сад шукр, ки тифлони мо дар фазои мусоиду муҳити хуб умр ба сар мебаранд. Аз ҷанг, аз садои тир, аз садои «пойҳои оҳанӣ»-и танку тӯпҳо бехабаранд, пайваста аз ширинӣ меандешанду аз бозӣ дар боғҳои фароғатӣ. Вақти ба кор рафтан, бо табассум ва «хушомад»-и кӯдакона овардани ягон намуди шириниро таъин мекунанд. Ба қавли Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ:
Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?
Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо?
Аҳмадзоҳир дар поёни суҳбаташ, ки пур аз умедвориву фардонигарӣ буд, боз як ҷумлаи пурбору пурдардеро ба забон овард, ки таҳаммули он бисёр гарон ва тааммули он аз он гаронтар аст: «Мо насле будем, ки талош барои фардои равшан кардем, барои ҳуқуқу озодиҳои атфолу бонувон садо баланд кардем, онҳоро як ҷо ҷамъ оварда дарс додем, китобу қалам барояшон харидем, то аз хату савод дур набошанд, субҳи ояндаи миллатро торик набинанд, аз бесаводӣ ба доми аҳли фиребу ҷоҳ наафтанд, ҷомеаи бузурги ҷавононро гирд оварда, номзадии худро дар интихобот пешбарӣ кардем, садҳо маҳфилҳоро сарварӣ карда, аз ҷону дил сухан мегуфтем, аммо, билохира, ҳама умедҳои мо барбод рафтанд, хома пеши силоҳ оҷиз омад, дар моварои овози тир садои сухан шунида нашуд. Охир, гуноҳу ҷурми мо чи буд, ки мо танҳо зиндагӣ кардан мехостем…».
Бубинед, ин садои дили касест, ки зинда аст, нафас мекашад, забон дорад, аммо боз ҳам зиндагӣ кардан мехоҳад. Пас, нафас кашидану таом хӯрдану пироҳан ба бар кардан, ҳанӯз зиндагии ҳақиқӣ нест. Зиндагии ҳақиқӣ он вақт оғоз меёбад, ки чамани орзуҳоятон гул кунад, барои рӯзи оянда умедҳо, нақшаҳову тадбирҳо дошта бошед, бомдод вақте пайи кор ё сафар ҳастед, донед, ки паси дар танку тӯп нест, дар кӯча касе ба шумову хонаводаатон хатар эҷод намекунад. Вақте бузургтарин хостаи руҳи шумо – озодиятонро мерабоянд, дигар об заҳру нон шишапора хоҳад шуд.
Аз ин ҳама пайдост, ки барои зиндагӣ танҳо хоҳиш кофӣ нест, балки азму талош, донишу биниш ва ҷонканиву худфарсоӣ мебояд.
Дар ин матлаб баъзе лаҳза ва розҳои ҳассосу аз навор канормонда оварда шуданд, шумо метавонед шакли пурраи суҳбати моро бо Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш дар Ютюбканали «Ҷумҳурият» бо ин суроға пайгирӣ кунед: https://eoutu.be/_gZ4gnrdIkg
Даричаи ошноӣ:
Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш соли 1994 дар вилояти Кописои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар хонаводаи сарбоз ба дунё омад. Пас аз хатми дабистон Донишгоҳи Кобулро дар риштаи иқтисод ба поён овард. Минбаъд, ба узвияти Шурои ҷавонони муслеҳи вилояти Кописо пайваст ва як давра яке аз номзадҳои шурои олии ҷавонон буд.
Падараш Аҳмадшоҳ афсари Урдуи миллии Афғонистон, ҳамсангари Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва имрӯз низ пайи ҳифзи кишвар аст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2021    №: 175    Мутолиа карданд: 2445
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед