logo

Хабарҳо

КӮҲИСТОН. САФИ ФАЪОЛЗАНОН РӮ БА АФЗОИШ АСТ!

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 барои эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик такони бузурге бахшида, ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва муаррифии тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи хубе гузошт. 
 
Маҳз ин иқдоми наҷиби Роҳбари давлат сабаб гардид, ки занону духтарони кӯҳистон тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ ҳунарҳои аҷдодии хешро аз нав зинда гардонда, ба ин васила сатҳи зиндагии хешро баланд бардоранд. 
Имрӯзҳо занони ноҳияҳои дурдасти кишвар кӯшиш менамоянд бо ҳунари дастони хеш муаррифгари зодгоҳашон, ва дар умум, Тоҷикистони маҳбуб бошанд. Бонувони ноҳияи Сангвор низ сарфи назар аз мушкилоти кӯҳистон ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешравии ноҳия дар ҳама соҳаҳо саҳми арзанда мегузоранд.
- Боиси зикр аст, ки ситоди ноҳиявӣ пайваста дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба фаъолгардонии нақши зан дар ҷомеа, ҷалби духтарон ба таҳсилоти миёна ва касбӣ, муносибатҳои хонаводагӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва маърифати гигиении занони деҳот суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, мутобиқи нақшаи корӣ дар байни занону духтарон суҳбату вохӯриҳо ва семинар-машваратҳо доир ба масъалаҳои худдорӣ намудан аз парастиши анъанаҳои бегона, хурофотпарастӣ, пӯшидани сарулибоси ба фарҳанги миллии мо бегона гузаронда мешавад, ки ба ин восита мо метавонем роҳи пошхӯрии оилаҳоро низ бигирем ва қадру манзалати онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем. Инчунин, барои ба таълим фаро гирифтани духтарони баъди хатми синфи нуҳ дар ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил гардида, занону духтаронро ба таври ройгон ҷалб намуданд. Соли ҷорӣ бошад, занони ноҳия дар ҷамъбасти натиҷаҳои баргузории фестивали ҷумҳуриявии “Чакомаи гесӯ” ва озмуни “Кадбонуи беҳтарин” 10 апрел соли 2021 дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм, инчунин, дар фестивали ҷумҳуриявӣ “Сад ранги чакан” низ сазовори ҷойи ифтихорӣ шуданд, -иброз намуд Балхия Идиева мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия.
Суҳбату вохӯриҳои инфиродиву дастаҷамъонаи ситоди махсус бо мақсади ба корҳои номатлуб даст назадани занону духтарон, баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муҳити хонавода, мактаб ва ҷомеа, ҷалби духтарон ба муассисаҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ ва баробарии гендерӣ, оид ба терроризму экстремизм, пешгирии зӯроварӣ дар оила, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, хурофотпарастӣ дар байни занону ҷавонон шаҳодат аз пешравию суботи ноҳияи Сангвор мебошад. Дар баробари касбомӯзиву муаррифии фарҳанги куҳани миллӣ бонувони кӯҳистонӣ имрӯзҳо фаъолона иштирок варзида дар ҳама чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сирояти коронавирус бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Аз ин рӯ, саҳми занони ноҳия низ дар амалисозии тадбирҳои пешгирӣ аз бемории COVID - 19 баҳри тандурустии аҳолӣ назаррас мебошад.
 
Гулнисои САЪДОНШО, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 916
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед