logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
Қасд ба ҷони бародар Муҳаммадшоро  20 сол паси панҷара бурд
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Муҳаммадшо Биглюнов бо айби одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2 бандҳои «в,е» Кодекси ҷиноятӣ) 20 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генаралӣ иттилоъ медиҳад, маҳкумшуда моҳи апрели соли ҷорӣ қасд ба ҷони бародараш Рамазон Биглюнов намуда, ӯро дар манзили истиқоматиаш бо 10 зарби корд ба ҳалокат расондааст. Бино ба гузориши манбаъ, теғи аҷал замоне ба ҷисми Р. Биглюнов бархӯрд, ки ӯ дар ҳолати оҷизӣ, яъне дар ҳолати хоб қарор доштааст. Моҷаро бар асари аз хона рондани падари бародарон аз ҷониби Рамазон Биглюнов ба бор омода, боиси хашм ва дар ниҳоят содир кардани ҷинояти вазнин аз ҷониби Муҳаммадшо Биглюнов гардидааст.
Бар пояи ҳукми суд, М. Биглюнов муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии дорои низоми сахт сипарӣ хоҳад кард.
 
 
ТАСАРРУФИ 60830,26 СОМОНӢ  АЗ ҶОНИБИ МУҲОСИБЕ, КИ ДАР КОФТУКОВ ҚАРОР ДОРАД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Темур Муллоев ғоибона айб эълон намуд. 
Дар ин бора маркази матбуоти агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, Темур Муллоев, муҳосиби музди меҳнати Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонии шаҳри Ваҳдат, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ 60830,26 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф кардааст.
Дар робита ба он, ки номбурда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва тафтишоти пешакӣ пинҳон шуда, феълан ҷойи буду бошаш маълум нест, нисбат ба ӯ тибқи моддаҳои 245 қисми 3 банди «а» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ ғоибона айб эълон шуда, ҳоло дар кофтуков қарор дорад.
  
 
ДУЗДӢ
Гумонбар ба даст афтод
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ марди 38-солаеро боздошт намуданд, ки ба содир кардани ҷиноятӣ дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, марди дастгиршуда 29 августи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии як сокини Ҷамоати шаҳраки Балхии ноҳия шуда, 10 ҳазор сомонӣ дуздидааст.
Айни ҳол, аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2021    №: 175    Мутолиа карданд: 2729
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед