маориф
Рӯдакӣ: хонандагон соҳиби 10 медали
олимпиада шуданд
Мансур Қодиров, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ дар се моҳи аввал 22 миллиону 950 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 670 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳия 2824 нафар соҳибкори хурду миёна бо патент, 2603 нафар бо шаҳодатнома ва 2750 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад.
92 гектар боғи нав, 14 гектар токзори нав бунёд ва 26 гектар боғу 11 гектар токзор барқарор шуд.
Корхонаҳои саноатии ноҳия новобаста аз шакли моликияташон якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 11 миллиону 218 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти истеъмоли ниёзи мардум 46,6 фоиз афзудааст. Музди миёнаи меҳнат дар ноҳия 246 сомониро ташкил дод.
457 ҷои кор таъсис ёфт. Аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо 771 ҷои кори холӣ пешниҳод гардида, 140 нафар бекор ба меҳнат фаро гирифта шуд.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон изҳор гашт, ки чанд рӯз пеш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони мактабҳои ноҳия 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 20 кабинети фаннӣ, аз ҷумла технологияи компютерӣ ва технологияи меҳнат ташкил шуд. Сохтмони мактабҳо дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ва деҳаи Балхии Ҷамоати деҳоти Султонобод оғоз ёфтааст.
Раис ҳамчунин посух гуфт, ки аз оғози сол 12 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худро ба қайд гирифтаанд, ки аз ин 4 нафараш фавтидааст.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5421