logo

Хабарҳо

СММ: «Дар 50 сол рӯйдодҳои хатарноки иқлим беш аз 2 миллион нафарро ба коми марг кашид»

 
Мир24. Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ки як  муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид аст, дар тули 50 соли охир бар асари зуҳуроти хатарноки иқлим дар ҷаҳон зиёда аз ду миллион нафар ҷон бохтанд. Бар асоси ин санад, хисороти молӣ аз офатҳои табиӣ 3,64 триллион долларро ташкил додааст.
Ба гуфтаи коршиносон, тули 50 соли охир шумораи офатҳои вобаста ба обу ҳаво афзоиш ёфтааст. Тағйирёбии иқлим боиси афзоиши ҳодисаҳои фавқулода мегардад. Ҳамин тариқ, аз соли 1970 то 2019 дар ҷаҳон зиёда аз 11 ҳазор офати табиат рух додааст, ки бо равандҳои шадиди иқлимӣ, метеорологӣ ва гидрологӣ алоқаманд буданд.
Хушксолӣ боиси марги беш аз 650 ҳазор нафар шуд. Тӯфонҳо ҷони беш аз 577 ҳазор нафарро гирифт, зиёда аз 58 ҳазор нафар аз обхезӣ ва 55 ҳазор каси дигар аз  ҳарорати шадид ба ҳалокат расид.
 
 
Россия зарурати муколама бо Иттиҳоди Аврупоро таъкид кард
Лента.ру. Намояндаи доимии Россия дар Иттиҳоди Аврупо Владимир Чижов дар шабакаи телевизиони «Россия - 24» аҳамияти муколама бо Иттиҳоди Аврупоро оид ба мушкилоти муқовимат ба паҳншавии маводи нашъаовар бинобар вазъи кунунии Афғонистон зикр кард. 
«Дар шароити кунунӣ талабот ба муколамаи мо бо Аврупо оид ба маводи нашъаовар чандин маротиба афзоиш меёбад», - таъкид кард дипломат.
Чижов изҳори умедворӣ кард, ки Иттиҳоди Аврупо он чизеро, ки дар Афғонистон рух медиҳад, ҳамчун омили иловагӣ барои таҳкими ҳамкорӣ бо Россия баррасӣ хоҳад кард.
 
 
Дархости собиқ Котиби давлатии ИМА ва собиқ ёвари Трамп аз ИМА ва СММ  
ТАСС. Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс ва ёвари собиқи президенти пешини ИМА Доналд Трамп оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер дар номае аз мақомоти ИМА ва СММ хоҳиш карданд, ки ятимонро пеш аз ба дасти ҷангиёни ҳаракати «Толибон»  афтодан аз Афғонистон хориҷ кунанд. 
Ин нома ба хонуми аввали ИМА Ҷилл Байден, ноиби президент Камала Харрис, котиби давлатӣ Энтони Блинкен, вазири мудофиаи кишвар Ллойд Остин, пешвоёни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар Конгресс, инчунин, директори иҷроияи Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид Анриетта Фор ва Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш фиристода шудааст. Ба гуфтаи сиёсатмадорон, ин на танҳо мушкилоти башардӯстона, балки як масъалаи ниҳоят муҳими амнияти миллӣ мебошад.
 
 
СММ:  «Афғонистонро  фалокати  гуманитарӣ интизор аст»
Газета. ру. Ромиз Алакбаров, ҳамоҳангсози кумакҳои башардӯстонаи СММ ба афғонҳо, дар бораи норасоии шадиди ғизо ва дору сухан  гуфт.  
«Афғонистон дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад. Сарфи назар аз он, ки СММ ва шарикон ҳама кори имконпазирро барои пешгирӣ аз он идома медиҳанд, онҳо бе дастгирии қавӣ ва саховатмандии байналмилалӣ ин корро карда наметавонанд», - гуфт Алакбаров. Ӯ зикр кард, ки дар кишвар норасоии шадиди ғизо вуҷуд дорад. Бештар аз нисфи афғонҳо субҳ намедонанд, ки имрӯз оё ба онҳо хӯрдани хӯрок муяссар мешавад ё не.  Илова бар ин, Афғонистон ба маводи доруворӣ ниёз дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 843
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед