logo

Хабарҳо

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

Тоҷикистонро 80 варзишгар муаррифӣ мекунад
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар I Бозиҳои кишварҳои ИДМ – 2021 (4 – 11 сентябр, Қазон, Федератсияи Россия) Тоҷикистонро 80 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш намояндагӣ мекунад. 
Дар бозиҳо 1500 варзишгар аз 10 кишвар – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат хоҳад кард. Синни иштирокчиён аз 14 то 23 муайян шудааст.
Варзишгарон барои 184 маҷмуи медалҳо аз рӯйи 16 намуди варзиш: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гӯштии камарбандӣ, дзюдо, каратэ, кураш, тенниси рӯйи миз, тирпаронӣ, тирпаронии қурс, самбо, гуштии варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ сабқат хоҳанд кард. 
 
БОКС 
15 медали варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё
Боксёрони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон (Дубай, АМА) 15 медал (нуқра ва 14 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ягона медали нуқраро Руслан Ғафуров миёни наврасон соҳиб шуд. Анушервон Файзов, Бузургмеҳр Иксанов, Шаҳбоз Додоҷонов, Муҳаммад Ҷаборов, Юсуф Фозилов, Нурланбек Эрматов, Акмалҷон Абдувалиев, Бибиҷон Музаффарова (байни наврасон), Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Искандарбек Рустамов, Абубакр Муродов, Абдураҳим Ёқубов, Сироҷиддин Ҳоҷибоев, Дурандеш Зубайдов (миёни ҷавонон) соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. 
 
Роналду рекорди таърихӣ гузошт
Криштиану Роналду рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ пас аз оне ки ба дарвозаи мунтахаби Ирландия ду тӯб ба самар расонд, шумораи голҳояш дар ҳайати тими миллии Португалия ба 111 расид. 
Рекорди қаблӣ ба номи футболбози мунтахаби Эрон Алӣ Дойи (109 гол) сабт шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду аз соли 2003 инҷониб бо либосҳои тими миллии Португалия ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ бо мунтахабаш чемпиони Аврупо (соли 2016) ва Лигаи Миллатҳо (2019) шудааст. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 974
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед