logo

Хабарҳо

Ифтитоҳи ду иншооти ҷашнӣ аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

1 сентябр раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯдакистон ва Литсейи хусусии «Адолат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 360 кӯдак пешбинӣ шудааст ва дар он имкони ҷойгир намудани 14 гурӯҳ бо шумораи 260 кӯдак ва 100 нафар дар 5 гурӯҳи омодагӣ ба мактаб фароҳам аст.
Кӯдакистон дорои 8 синфхонаи таълимӣ, 6 синфхонаи таълимии ёрирасон барои зергурӯҳҳо, ҳуҷраҳои кории маъмурият ва табибон, 14 ҳуҷраи хоб бо 280 кат, ошхона барои гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб бо 60 ҷойи нишаст, толори фарҳангӣ бо 120 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ аст, ки дар онҳо шароити мусоид фароҳам мебошад.
Бинои литсейи «Адолат» аз се ошёна иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 528 хонанда пешбинӣ гардидааст. Он дорои 28 синфхона аст.
Дар литсей, ҳамчунин, 4 ҳуҷраи корӣ барои маъмурият, 2 хонаи омӯзгорон, китобхона, ошхона барои 112 ҷойи нишаст, толори фарҳангӣ бо 210 ҷойи нишаст ва майдончаи болопӯшидаи варзиш мавҷуданд.
 
 
Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи тиб
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсон “Роспотребнадзор”-и Федератсияи Россия Анна Юревна Попова мулоқоти онлайнӣ анҷом дод.
Дар суҳбат масъалаҳои табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самти ташхису табобат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории  сироятии коронавирус ва дигар бахшҳои соҳа, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.
 
 
Мулоқоти муштарак миёни Тоҷикистон,  Туркманистон ва Австрия
Мулоқоти муштараки фосилавӣ миёни мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода намояндагӣ кард.
Дар мулоқот, ҳамчунин, намояндагони воломақоми ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Юнон ва Шоҳигарии Дания низ иштирок намуданд. Ҷонибҳо вобаста ба вазъ дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар чорчӯбаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мақсади   таъмини амният изҳори омодагӣ карданд.
 
 
Як ҷаласаи муҳим
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба маблағгузории Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар назди Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ, тадбирҳои минбаъда бо мақсади муайян намудани механизму равишҳои нави маблағгузории афзалиятҳои кишвар, ҳадаф ва вазифаҳо, уҳдадориҳои аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт сохта мешавад
Роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ҷониби ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» сохта  мешавад, - иттилоъ расид аз Вазорати нақлиёт.
Дар робита ба ин, дар Душанбе ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» қарордод ба имзо расид. Санадро  вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чинии мазкур имзо карданд.
Лоиҳаи сохтмони  роҳи мошингард аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум: Ҳулбук – Темурмалик 33,4 км,  марҳилаи дуюм Темурмалик – Кангурт 25,17 км-ро дар бар мегирад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед