logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ВАҲДАТОИНЕ ДАР ҚОРАИ МИНТАҚА ВА ҶАҲОН

Шоистаи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ бо  нахустин мукофоти олӣ – Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ қадр шуданд.
Барҳақ, ин туҳфаи арзанда барои Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ мебошад. Сазовор гардидани Пешвои миллат бо ин мукофоти олӣ дар саҳифаи таърихи давлатдории навинамон саҳифаи навро рақам зада, бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. 
Чунин эътибор ва эҳтироми хосаи сарварони давлатҳои минтақа нисбат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб набуда, маҳз донишу таҷрибаи сиёсиву давлатдорӣ ва сифатҳои фавқулодаашон боис гардидааст, ки дар ин давра ба чунин мақому эҳтироми раҳбарони сиёсии сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ сазовор гарданд.  
Бояд гуфт, ки хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар рушди сиёсати дохилӣ, бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳамчунин, дар муаррифии осори қадимаи халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ, беназир мебошанд. Аз ҷумла, дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлили Ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ (соли 2020) далели ин гуфтаҳост. 
Бори аввал нест, ки хидматҳои Пешвои миллатро барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он қадр мекунанд. Президенти маҳбубамон аввалин сиёсатмадоре мебошанд, ки бо Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи ҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сарфароз шудаанд. 
Илова бар ин,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаҳои нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (соли 2007), Медали тиллоии Федератсияи байналмилалии «Сулҳ ва Ризоият» (4 августи соли 2004), «Пешвои асри ХХI» (Созмони ҷамъиятии Шурои Аврупо, 18 августи соли 2011) ва дигар ордену медал ва унвонҳо қадр гардидаанд. 
Воқеан, ҳар як ҷоизаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфузу эътибори Ватани азизамон – Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, халқи тоҷик соҳибэҳтиром мегардад. Ин шахсияти таърихӣ дар баробари хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва сарҷамъ намудани халқи парокандаи тоҷик дар рушди ҷомеаи башарӣ нақши беандоза доранд. Ва заҳматҳои шабонарӯзиашон қобили арҷгузорист. Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус, ҳанӯз соли 2004 дар номаи табрикотиаш бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуда буд: «Сиёсати пешгирифтаи ин инсон, бори дигар таъкид мекунам, кишварро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба ин сарзамин овард. Ва ба ин на танҳо шумо арҷ мегузоред, мо ҳама дар ИДМ ба ин кори наҷиб арҷ мегузорем. Зеро сулҳ ва оромӣ дар ин замин – ин сулҳу оромӣ дар Беларус, дар Россия ва дигар давлатҳо мебошад».  
 
Қурбоналӣ ХОЛИҚЗОДА,  
раиси  Кумитаи идораи замини 
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2021    №: 176    Мутолиа карданд: 1028
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед