logo

маориф

МАОРИФИ ХОВАЛИНГ. БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ КАЙ ИҶРО МЕШАВАД?

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018 - 2022» се сол боз ба тасвиб расидааст, аммо, мутаассифона, дар баъзе шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб қарори мазкур ба ҳукми фаромӯшӣ рафтааст ва масъулони соҳаи маориф дар татбиқи он саҳлангорӣ мекунанд. 
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21-уми ноҳияи Ховалинг норасоии компютер мушкили рақами як мебошад.  
Қурбоналӣ Назаров, директори муассиса, дар ин бора тазаккур дод, ки дар таълимгоҳ 4 компютер мавҷуд буда, ду адади он корношоям аст. Ба 28 хонандаи синфҳои 5 – 11 як компютер рост меояд. Муҳлати истифодаи компютерҳои муассисаи мазкур кайҳо гузаштааст, онҳо ба талаботи имрӯз комилан ҷавобгӯ нестанд. Ба гуфти мутасаддиён, соле қабл 1 компютери замонавӣ ба таълимгоҳ дастрас шуда буд, аммо баъди чанд рӯз бо баҳонаи таъмир кардан, онро бурданду дигар ба мактаб  барнагашт.  
- Воқеан, аз нарасидани компютер дар синфхонаҳои технологӣ танқисӣ мекашем. Феълан, имкони харидани компютерро надорем. Кӯшиш мекунем, ки то охири соли ҷорӣ аз ҳисоби падару модарони хонандагон ва ҷалби ашхоси саховатпеша ақаллан як компютери дигар дастрас кунем. Дар муассиса беш аз 120 хонанда таҳсил  дорад. Норасоии китоб  низ дар мактаб ҳаст, вале аз дигар муассисаҳо китоби лозимиро иҷора мегирем, - гуфт Қ. Назаров. 
- Аз аввали амалишавии барномаи компютеркунонӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия беш аз 90 компютер дастрас шудааст. Мушкили норасоии компютер дар дигар мактабҳои ноҳия низ ҷой дорад. Масалан, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои  14,  21 ва  19 аз ин зумраанд.  Мо саъй дорем, ки ин проблемаро бартараф кунем. Дар таълимгоҳҳои ноҳия 465  компютер мавҷуд буда, 75  адади он таъмирталабанд, - гуфт Муҳаммадназар Амирсаидов, мудири маорифи ноҳия.
Масъулони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-уми ноҳия иттилоъ доданд, ки дар мактаб ҳамагӣ 7 компютер мавҷуд буда, 2 адади он фарсуда мебошад. Тибқи маълумоти дастрасгардида, компютерҳои муассиса аз соли 2010 инҷониб истифода мешаванд. 
Ба иттилои мутасаддиёни раёсати молияи ноҳия  аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои татбиқи барномаи мазкур беш аз 68 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Мақсаднок ва самаранок истифода шудани маблағи мазкур бо ин вазъ зери суол аст. Мавзуъро пайгирӣ хоҳем кард… 
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2021    №: 176    Мутолиа карданд: 8087
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед