logo

Хабарҳо

ЛЕВАКАНТ. ИФТИТОҲИ БОРГОҲИ НАВИ МАЪРИФАТ

Дар шаҳри Левакант филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба фаъолият шуруъ кард. Чуноне иҷрокунандаи директори филиали донишкада Шарифхон Баротзода хабар дод, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 таҳти рақами 301 дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд филиали донишкадаи мазкур ифтитоҳ ёфт.
 
Филиали донишкада дар вилояти Хатлон дар яке аз биноҳои таълимии Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноатии кимиё”-и шаҳри Левакант ба кор шуруъ кард. Тибқи шартномаи Донишкадаи саёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ яке аз биноҳои таълимии литсейи номбурда ба муҳлати 10 сол ба иҷора гирифта шудааст. Мувофиқи нақша сохтмони бинои таълимии филиал дар қабати ҳамин литсей шуруъ шуда, тибқи нақша соли 2022 бояд ба истифода дода шавад. Он аз 7 ошёна иборат буда, аз ҳисоби маблағҳои худи донишкада сохта мешавад.
- Бо сабабе, ки корҳои ташкилӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ каме дертар ба итмом расид, Вазорати маориф ва илм иҷозат дод, ки имсол ба таври истисно бо шакли анъанавӣ довталабонро қабул кунем. Нафароне, ки тариқи Маркази миллии тестӣ натавонистанд ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дохил шаванд, метавонанд бахти худро дар филиали мо бисанҷанд. Мо имсол тариқи суҳбат довталабонро қабул хоҳем кард”, - гуфт Шарифхон Баротзода.
Қабули довталабон аз рӯи 10 ихтисос шуруъ гардида, 500 донишҷӯ бояд ба омӯзиш фаро гирифта шавад.
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 852
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед