маориф
Нашри китобҳои дарсӣ дар чопхонаи донишгоҳ оғоз ёфт
Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар заминаи шӯъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим таъсис ёфт. Илова ба чор факулта аз сессияи тобистона дар факултаҳои журналистика ва таърих санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ сурат мегирад.
Маркази навтаъсиси таҳия, бозгардон, тарҷума ва чопи китобҳо ба нашри адабиёти таълимӣ шурӯъ намудааст. Аллакай 8 китоби дарсӣ дар чопхонаи донишгоҳ ба табъ расид. 11 китоб дар дасти чоп мебошад. 13 китоби озмунӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ таълиф гардид. Дар посух ба пурсиши хабарнигорон ректор изҳор дошт, ки дар семоҳаи соли ҷорӣ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 16 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кард.
Соли ҷорӣ ба шӯъбаи аспирантураи донишгоҳ 80 нафар аспирант дохил шуд. Айни замон шумораи онҳо 204 нафарро ташкил медиҳад.
Донишгоҳ бо 70 донишгоҳи хориҷи кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
Дар хусуси баргузории рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар моҳи майи соли равон ректор гуфт, ки ин иқдоми Вазорати маорифи кишвар саривақтӣ аст ва ба он омодагии ҷиддӣ мегиранд. Пеш аз ҳама саъю кӯшиш ба боло рафтани сатҳи сифати таълим равона гардидааст.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5375