logo

Хабарҳо

«АЗ ҚАЛЪАИ ДИЛ ТО ҚАЛЪАИ САНГИН»

 
Субҳон Ҷалилов дар кишвар чун ровии варзидаву соҳибтаҷрибаи радио, барандаи намоишҳои ҷолиби телевизионӣ шуҳрату маҳбубияти хосу зиёд дорад. Бо нашри ин китоб, инак, имконият фароҳам овард, ки ихлосмандонаш ӯро чун шоир низ бишиносанд.
Ба китоб шоир Ҷӯрабек Муъминов сарсухан навиштааст. Тавре ӯ дар ин маврид менигорад: «Мусаллам аст, ки ашъори каммоя, беарзиш ва аз масъулияти ҳунарӣ орӣ ба хонандаи закӣ писанд намеояд. Ба шеъри Субҳон Ҷалилов набояд аз оинаи чунин ақида нигоҳ кард. Чунки рубоиҳои ӯ, қитъа ё дубайтиҳояш самимӣ, сидқан, ҷигарӣ, дилнишин ва лоиқи ба такрор хондан ҳаст. Субҳон Ҷалилов сохта, сатҳӣ, беранг намегӯяд. Шеъри ӯ садои зангӯлаҳои ғами дили ӯст, ки аз диду тасаввуру мушоҳидаи ҳарлаҳзаина рӯ задаанд».
Барои он ки хонанда сабаби чунин номгузорӣ шудани китобро дарёбад, муаллиф навиштааст: - «Хаёл мекунам, бо будани модарам мо ҳам сокини қалъаи дил, мулки ободу зебову хостание будем, ки бо рафтанаш ба гӯристони куҳнае дар атрофи Қалъаи Сангин, аз қалъаи аввал чизе намонд, ҳама чиз фурӯ шикасту рехт, пареш хӯрду гум шуду аз миён рафт».
Субҳон Ҷалилов, воқеан, шеърро самимӣ,  содаву равону ҳадафрас мегӯяд:
Аз ҷамъи баландиҳо лаби боми ту бас,
Аз панди замон мазори ороми ту бас.
Аз нобудиҳо набуданат сахту гарон,
Аз доштаҳо шафоати номи ту бас.
 
Дар китоб, инчунин, навиштаҳои насрии муаллиф ҷой дода шудаанд, ки як навъ шарҳи ҳоли адабии ӯ ба шумор мераванд. Аз ҷумла, нигоштааст: - «Субҳон – номе будааст, ки очаам замони интизори фарзанд будан онро дӯст доштааст. Аз забони ӯ шунида будам, ки гуфта буд: - «Ҳамин ном яке ба гӯшам ширин расид...».
Ҳамин тавр, нашри китоби Субҳон Ҷалилов туҳфаи арзишмандест ба ҳаводоронаш.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 835
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед