logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «НУРИ ИСТИҚЛОЛ»
1. Маъракаи сиёсӣ. 2. Давлат дар шимоли Африка. 3. Ноҳия дар Тоҷикистон. 4. Шаҳр дар Тоҷикистон.  5. Як намуди газ.  6. Ноҳия дар Тоҷикистон. 7. Асари Ҳусайн Воизи Кошифӣ. 8. Давлат дар Америкаи Шимолӣ. 9. Пойтахти яке аз давлатҳои Аврупо. 10. Ноҳияи дар Тоҷикистон. 11. Сатор … нависандаи тоҷик. 12. Дарё дар Африка. 13. Шоири тоҷик. 14. Бинои боҳашамат. 15 Боқӣ … нависандаи тоҷик. 16. Ноҳия дар Тоҷикистон. 17. Нақб дар Тоҷикистон. 18. Ноҳия дар Тоҷикистон. 19. Ноҳия дар Тоҷикистон.
 
Таҳияи Абдукабир ЗУБАЙДУЛЛОЕВ
сокини ноҳияи Айнӣ
 
 
Ҷавоб ба муаммои  «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст»:
1. Чу. 2. Ишқ. 3. Коми. 4. Дилам. 5. Воқиф.  6. Мадраса. 7. Мардонаш. 9. Парешон. 10. Хишти. 11. Ҳаргиз. 12. Хатое. 13. Ранҷурро. 14. Гулшан. 15. Табассум. 16. Парешон. 17. Савдозадаам. 18. Роҳати. 19. Шикаставу. 20. Гардан. 21. Дармонпазир. 22. Шакарфишону. 23. Мастӣ. 24. Саропардаи.  25. Муқимӣ. 26. Набувад. 27. Медорам. 28. Гулистони. 29. Мусулмонкушӣ. 30. Меҳнаткашон. 31. Мегузорӣ. 32. Хандони. 33. Дил. 34. Навҷавониро. 35. Тахтабандам.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
 
 
ЯК НОМАИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Кормандони шуъбаи алоқаро унвонии як нома ба тааҷҷуб овард: Ба Худованди мутаол аз пирзани 83 - сола. 
Тааҷҷубашон водорашон намуд, ки он лифофаро бикушоянду номаро бихонанд. Пирзан ба унвони Парвардигори оламиён навишта буд: - «Худовандо, агарчи медонам, ки ҳама чизро ногуфтаву нонавишта медонию мехонӣ, бо ин ҳама арзи диламро ба Ту бояд бинависам. Чанд рӯз пеш 100 доллар, яъне пули нафақаамро гирифта будам. Дӯстонамро даъват кардам, ки пас аз як ҳафта ба хонаам ташриф биёранд ва ман барояшон дастархон меороям. Ҷойи таассуф аст, ки он 100 долларро гум кардам. Умед дорам, ки маро дар назди дӯстонам хиҷолатзада наменамоӣ ва бароям 100 доллар мефиристӣ. Ман бесаброна интизорам». 
Кормандони шуъбаи алоқа бо хондани ин нома ба қароре омаданд, ки ҳар кас ба қадри тавону имкон саҳм бигирад, то пирзан ноумед нагардад. Мутаассифона, пули ҷамъоварда 96 долларро ташкил дод ва он маблағро ба пирзан фиристоданд. Пас, аз як ҳафта боз номаи унвондори тааҷҷуббарангези пирзан бо муроҷиат ба Худованди якто расид. Ин дафъа навишта буд: «Медонистам, ки дар он мавриди душвор маро ҳатман даст мегирӣ. Ман меҳмонҳоро бо зиёфати мувофиқи табъ хуш пазироӣ кардам. Барои ин бисёр миннатдорам. Аммо кормандони шуъбаи алоқа ба пули фиристодаи ту ҳам хиёнат карданд ва 4 доллари онро гирифтанд».
 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ  
 
 
 
АСРОРИ ЯК ҶАНГАЛ
Ҷангали Хоия - Бачу яке аз ҷойҳои пурасрор дар Аврупо ба ҳисоб меравад ва онро «Секунҷаи Бермуди Трансилвания» низ меноманд. Он 100 сол пештар ҷангали одӣ буд, аммо дере нагузашта як чизи аҷибе рӯй дод. Танаи дарахтҳо тадриҷан ба шакли аҷиб хам шуда, аввал ҳайвонҳо аз ҷангал ғайб заданд ва баъд парандагон.
Хоия - Бачу афсонаҳои зиёдеро фаро гирифтааст ва ҳамаашон дар бораи нопадидшавии пурасрори одамон ҳастанд. Масалан, чӯпоне бо 200 сар гӯсфанд бе ному нишон дар ин ҷангал гум мешавад, кӯдаки 5-солае аз қафои шапарак даромада, танҳо баъди панҷ сол айнан бо ҳамон либос ва шапарак дар даст берун меояд. Дар байни ҷангал, замини ҳамвори даврашакл мавҷуд аст, ки онро ҷойи нишасти лаълии парон, яъне киштии кайҳонии одамони сайёраи ғайр медонанд.
Олимону муҳаққиқон низ дар ин ҷо бисёр ғайб мезананд ва ному нишоне ҳам аз худ боқӣ намегузоранд. Ҳанӯз аз ҷиҳати илмӣ ҳам асрори ин ҷангал исбот нашудааст. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
«ЗЕБОТАРИН ВА ХАТАРНОКТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА»
4. БЕЛЧЕРА 
Белчера бо он ки обӣ аст, аз намудҳои дигари морони заҳрдор фарқ мекунад. Ин ҷонвари зебову хатарзо маъмулан дар уқёнуси Ҳинд сукунат дошта,  ҳамчунин дар соҳилҳои Гвинеяи Наву Филиппин, шимолу ғарби Австралия ва ҷазираҳои Соломон низ вомехӯрад. Аҷиб ин аст, ки ин навъи морро ба ифтихори муҳаққиқи машҳури бритонӣ Эдвард Белчера номгузорӣ кардаанд. Белчера воқеан рангубори мафтункунанда дорад, махсусан ҳалқаҳои сиёҳтобаш ҷиллои ғайриодӣ медиҳанд. Вале дар баробари зебоӣ, фаромӯш набояд кард, ки заҳри ин ҷонвар нисбат ба дигар морони заҳрдор 10 баробар сахттаъсир аст. Ва ниҳоят, Белчера ҳарчанд аз намуди морони ба инсон ҳуҷумкунанда маҳсуб намеёбад, вале хуш надорад, ки ӯро нороҳат кунанд. 
 
Таҳияи ШОҲИД НАЗЗОРӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ГЁТЕ ВА ПУЛИ ЧОЙ 
 
Воқеан, Гёте соли 1802 вақти дар меҳмонхонаи Мюнхен буданаш, князи номдор Шаховскийро «ба як пиёла чой» даъват мекунад. Чун меҳмони олиқадр болои мизи шоир ғайр аз чой чизи дигар намебинад, бе он ки аз касе чизе пурсад, хуришҳои зиёду чанд намуди таом фармоиш медиҳад. Суҳбат дар атрофи адабиёти олмониву русӣ якбора гарм шудаву тул мекашад ва табиист, ки қадаҳҳо низ яке пайи дигар холӣ шудан мегиранд. Вале ғайриинтизор рӯзи дигар пешхизмати меҳмонхона дари хонаи Шаховскийро тақ- тақ зада, хоҳиш мекунад, ки маблағи зиёфати дишаб хӯрдаашро пардозад. Князи ҳайратзада мепурсад, ки магар соҳибҷашн пули тарабхонаро надод?
- 1 франк дод, ҷаноб ва илова кард, ки ман князро ба як пиёла чой даъват карда будам на ба зиёфат, - мегӯяд пешхизмат.
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима Қурбоналӣ
 
 
 
Гар тавонӣ, некӣ кун!
Гадое ба дари хонае омад. Нон пурсид, аммо надорем гуфтанд. Ҳар чи тавонед биёред гуфт. Ҳеҷ чизе нест гуфтанд.
Об биёред нӯшам, гуфтанд, ки об ҳам нест.
Гуфт: Пас бо ман берун шавед, бо ҳам гадоӣ мекунем.
 
Таҳияи Мафтуна  Бахтибекова
 
 
 
8 МУЪҶИЗАИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ
5. МЕРОСИ МУҒУЛҲОИ БУЗУРГ ДАР ШАҲРИ ЛОҲУР
Дар даврони империяи муғулҳои бузург, ки то нимаи асри XVIII дар шаҳри Лоҳур вуҷуд дошт, меъморӣ ривоҷ ёфт. Баъд аз 500 сол ҳокимони тавонои муғул қисми бештари заминҳои шаҳрро бо девори баланд қалъабандӣ намуда, дар атрофи он 12 дарвозаи бузург сохтанд. 
Дар қалъаи Лоҳур намунаҳои олии санъати меъмории муғулҳоро дидан мумкин аст. Қалъаи то имрӯз боқимонда манзилҳои истиқоматӣ, ҳаммом ва «Масҷиди марворидӣ» - и иборат аз се гунбази сафедро дар бар гирифтааст.. 
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
МЕЛИНДА  АЗ БИЛЛ ГЕЙТС  1,8 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР СИТОНД 
 
Муассиси Microsoft Билл Гейтс ва ҳамсараш Мелинда расман ҷудо шуд,- менависад Business Insider бо истинод ба гузоришҳои додгоҳ. Онҳо шартномаи талоқро имзо карданд ва дар он гуфта мешавад, ки онҳо чӣ гуна моликиятро тақсим мекунанд. Ҳамсарон қарори худро дар бораи ҷудошавӣ моҳи май эълон карданд.
Мурофиаи ҷудошавии Гейтс метавонад дар таърих ҳамчун гаронтарин мурофиа ворид шавад - охирин «рекорд» - ро муассис ва роҳбари тиҷорати онлайни «Амазон» Ҷефф Безос ва зани собиқи ӯ Маккензи гузошта буданд. Пас аз талоқ ин зан сеюмин сарватмандтарин зан дар ҷаҳон шуд.
Гейтс яке аз панҷ сарватмандтарин тоҷирони ҷаҳон аст, ки сарвати хонаводаи ӯ 130 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Мелинда аз Гейтс ба маблағи 1,8 миллиард доллар коғазҳои қиматнок гирифтааст. 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
ПОДОШИ НЕКӢ
Шахсе мардикор кироя гирифт, то қаиқашро ранг кунад. Мардикор вақти рангкунӣ сӯрохиеро дар танаи қаиқ диду зуд бо ширеши махсус онро маҳкам кард. Корро ба анҷом расонду дастмуздашро гирифта рафт. 
Рӯзи дигар соҳиби қаиқ назди он мард омада, аз маблағи дирӯза бештар доданӣ шуд. Рангмол бо тааҷҷуб гуфт: 
- Ҷаноб, шумо ҳаққи кори маро додаед.
- Ин барои рангмолӣ нест, балки маҳз барои маҳкам кардани сӯрохии қаиқ аст, - иброз дошт соҳиби қаиқ.
- Ин як хизмати кӯчак аст ва кирои мукофот намекунад.
- Дӯсти азиз, аз сӯрох будани қаиқ батамом фаромӯш карда будам. Баъди рафтани шумо фарзандонам савори қаиқ шуда, ба моҳидорӣ рафтаанд. Ба хона баргашта, қаиқро наёфтам, ба изтироб афтодам, ки кӯдакон ба ягон фалокат дучор нашаванд. Дар ин лаҳзаҳо кӯдакон бо шодӣ ба соҳил баргаштанд. Бо шукргузорӣ онҳоро ба оғӯш кашидаму зуд қаиқро аз назар гузарондам. Дидам, ки сӯрохӣ маҳкам аст. Аз шумо то вопасин нафас сипосгузорам. Таваҷҷуҳи шумо ба як нуқта ҳаёти се тифли маро наҷот дод.
 
Аз русӣ тарҷумаи Беҳзод ҲАСАНЗОДА
 
 
 
АНДАРЗҲО 
 
Мушкил дар нафаҳмидан нест, балки дар каҷ фаҳмидан аст.
 
***
Ҳалли масъала бо дарки масъала оғоз мешавад.
 
***
Ҳаристарин мавҷудоти олам магас ва қонеътаринаш анкабут аст. Ҳаристарин дар доми қонеътарин меафтад ва туъмаи он мешавад.
 
Гирдоваранда, таҳиягар ва муаллиф Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ АЛЕКСАНДР СЕЛКИРК
Соли 1709 дар саросари Англия як паёми ҳангомасоз паҳн шуд, ки киштие марди комилан ваҳширо либоси пӯсти ҳайвонот ба Лондон овардааст. Дар як муддати кӯтоҳ тамоми рӯзномаҳо дар бораи он қисса мекарданд. Ҳангоми мутолиаи матлабҳо Даниэл Дефо ба хулосае омад, ки дар бораи қаҳрамони киштӣ, ки Александр Селкирк буд, тули чор сол дар ҷазирае танҳо зиндагӣ кардааст, романе нависад. Муаллиф муддати зиёд дастхаташро ба чопхонаҳо мебурд, вале касе онро чоп кардан намехост. Дере нагузашта яке аз дӯстони ӯ барои чопи китоб кумак намуд, шоҳасари Дефо рӯйи чоп омад. 
Баъдан, зиёда аз панҷоҳ “Робинзонҳои нав” рӯйи чоп омаданд, аммо дар тули якчанд аср хонандагон романи машҳури Даниел Дефо “Робинзон Крузо” – ро хуш пазируфта, серхонандатарин китоб эътироф гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд.  
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
6.  НАПОЛЕОН ВА ГИТЛЕР
 
Таърихшиносон беҳтар медонанд, ки ҳам Наполеон Бонапарт ва ҳам Адолф Гитлер мехостанд Россияро дар гармии тобистон (1812 ва 1941) забт кунанд, вале русҳо хати ҳимояашонро то фасли сармо нигоҳ дошта, пасон онҳоро шармандавор шикаст доданд. Хатои муштараки ин ду артиши тахрибкор ҳамин буд, ки сардии гӯшношуниди зимистони Россияро ба инобат нагирифтанд. Маҳз ҳамин хатои таърихӣ сабаб шуду ҳам ҷангиёни Наполеон ва ҳам аз Гитлер аз ноилоҷӣ ақибнишинӣ карданд.
 
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
300 ҲАЗОР «МУХЛИС» - И НИКОЛАЙИ I
Вақти ҳукумати Николайи I ҳунармандони театри Париж намоиш-номаеро ба саҳна монданд, ки дар он маликаи рус Екатеринаи II як бонуи беиффат муаррифӣ мешуд. Чун хабар ба гӯши император расид, фавран ба Фаронса нома навишт ва аз нигаронии худ онҳоро огоҳ сохт. Вале ғайриинтизор аз он тараф ҷавоби рад меояд, аниқтараш франсузҳо менависанд, ки дар мо озодии баён аст ва касе ҳуқуқи манъ кардани спектаклро надорад. 
- Ин тавр бошад, мо 300 ҳазор мухлисамонро шнелҳои хокистарранг пӯшонда ба тамошои спектакл равон мекунем, ниҳоят ғазабашро пинҳон надошта,- менависад Николайи I.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки мактуби император ҳанӯз ба Париж нарасида, франсузҳо хапу хомӯш аз намоиши спектакл даст кашиданд.
 
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ҲОЛАТҲОИ ҒАРИБ 
ЗАРФ Ё МОҲӢ?
Ду моҳигир ба дарё шаст меандохтанд. Ба шасти ҳар ду моҳиҳо меафтоданд. Моҳигири аввал моҳиҳоро аз шаст берун меовард ва бо худ мегирифт. Моҳигири сонӣ ба моҳиҳои дар шастафтода менигарист ва боз онҳоро ба дарё меандохт. Моҳигири аввал аз ин кори ҳамроҳаш дар тааҷҷуб афтод ва сабаби раҳо намудани моҳиҳоро пурсид. Рафиқаш дар посух гуфт: - «Ин моҳиҳое, ки ба шасти ман меафтанд, ҳама бузурганд, дар ҳоле ки зарфи моҳипазии ман аз онҳо хурдтар мебошад». 
 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ПАРАДОКС 
(АҚЛИ ТУ МАРО  ЧӢ КОР ОЯД...)
Деҳотие ду бастаи набот бар маркаб бор карда, ба шаҳр мерафт. Дар аснои роҳ тоҷире як бастаи набот аз ӯ харид ва рустоӣ дар ивази он санге гарон бар улоғ баст, то ҳар ду палаи ҷувол ҳамвазн бошад.
Касе гуфташ: - Харро зери бор мекушӣ, ин сангро бияндоз ва бастаи наботро ду ҳисса карда, ба ҳар ду ҷониб пур кун, то сабуктар шавад. Рустоӣ аз ақлак пурсид:
- Аз зану фарзанд ва хонаву улоғ ва матою хидматгорҳо чӣ қадар дорӣ?
Гуфт: - З-инҳо ҳеҷ як надорам.
Гуфт: - Пас ақли ту маро ба чӣ кор ояд, ҳаргиз ба гуфтаи ту сангро ҷудо нахоҳам кард, ки ман ин ҳама дорам ва то ҳол ба айшу хуррамзиндагонӣ гузаронда омадам ва мегузаронам.
Агар рӯзӣ ба дониш барфузудӣ,
Зи нодон тангтар рӯзӣ набудӣ.
Ба нодон он чунон рӯзӣ расонад,
Ки сад доно дар он ҳайрон бимонад.. 
 
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
 
ЗИЁДА АЗ 17 ҲАЗОР НАМУДИ ДАРАХТОН ЗЕРИ ХАТАРИ НЕСТШАВӢ
Олимон натиҷаҳои як пажӯҳишро дар бораи вазъи дарахтон дар ҷаҳон ҷамъбаст карданд. Таҳлилҳои глобалӣ нишон доданд, ки 17 510 намуди дарахтонро хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Тибқи иттилои The Guardian, ин рақам ду баробар аз шумораи дар зери хатари нестшавӣ қарордоштаи ширхӯрон, парандагон, амфибияҳо ва хазандагон зиёд мебошад. 
Сабаби асосии нобуд шудани дарахтҳо буридани онҳо барои истифодаи хоҷагии қишлоқ мебошад. Олимон муайян карданд, ки айни замон 58 497 намуди дарахт маълум аст. Таҳқиқоти нав нишон дод, ки 29,9 дарсади онҳо зери хатар қарор доранд, 7,1 дарсад эҳтимолан зери хатаранд, 21,6 фоизи дигарро ба таври кофӣ арзёбӣ карда натавонистанд. Танҳо 41,5 дарсади дарахтони ҷаҳон дар ҳолати бехатарӣ қарор доранд.
 
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
 
Леонардо 
Ди Каприо: 
"Ман дар Африқо будам ва дидам, ки мардуми онҷо чӣ гуна бо мушкилиҳо рӯбарӯянд. Баъде он ки ба хона баргаштам, дарк намудам, ки дигар тоқати шунидани он мушкилиҳои ночизе, ки наздиконамро безобита месозад, надорам." 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2021    №: 176    Мутолиа карданд: 2389
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед