logo

сиёсат

ГАВҲАРИ НУР АСТ, ИСТИҚЛОЛ

Хотираи талхи таърихи солҳои навадуми асри гузашта собитгари он аст, ки мо - пиру барнои кишвар бори дигар рӯзҳои сангину фоҷиабор ва таҳмилии барои миллат ва халқи кишвар пешомадаро бо ақли расо ва воқеияти том таҳлил намуда, аз он сабақ ва хулосагирӣ намоем. Набояд фаромӯш созем, ки солҳои навадум маҳз бо талошу заҳматҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ҳифз ва давлати тоҷикон аз ҳолатӣ нобудшавӣ раҳо ёфт.
Президенти маҳбуби кишвар дар як суханрониашон барҳақ чунин иброз намуданд: «Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин, давлати тоҷикон дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳи осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира, пеш гирифтем». Ифоқаи сулҳи тоҷикон, ҳамчун  муҳимтарин тадбир ва таҷриба дар таърихи башарият мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ бо андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби Роҳбари давлат раванди буҳронӣ ва сиёсӣ боздошта шуда, барои инкишоф ва рушди иқтисоди миллӣ заминаҳои воқеӣ ва мусоид фароҳам гардид. Ин тадбирҳо дар кӯтоҳтарин вақт оғози марҳилаи демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоият дар ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеалогӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавқеи бисёр муҳим пайдо намуда, риояи қонун ва фаъолият дар доираи Конститутсия муҳимтарин василаи инкишофи ҷамъият дар тамоми  равандҳо  гардид.
Дар баробари таҳкими сулҳу ваҳдати пойдор корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ислоҳоти амиқи  иқтисодиву иҷтимоӣ  бомаром идома  ёфта, барномаҳои мушаххас оид ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар рӯйи даст гирифта шуданд.
Дар заминаи тадбир ва чораҳои зарурӣ амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ аз ҷониби Роҳбари давлат ташаббуси наҷиб дар заминаи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Вобаста ба ин, бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ дар ноҳияи Ёвон як қатор тадбирҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, теъдоди зиёди иншооти банақшагирифташуда мавриди истифода қарор гирифтааст. Маркази ноҳия – шаҳраки Ёвон имрӯз ба шаҳрчаи тозаву озода ва  сабзу хуррам табдил ёфтааст. Дар ин ҷо боғҳои истироҳатӣ, варзишгоҳҳо, касри фарҳанг, китобхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дилхушӣ, толорҳои варзиш ва даҳҳо иншооти муҳими хоҷагӣ дарҳои худро барои сокинон боз шуданд ва мардуми ноҳия аз он самаранок истифода менамоянд.
Мо - аҳли кормандони ҳокимияти судӣ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои рушду нумӯ ва ояндаи неки Тоҷикистони азиз минбаъд низ софдилона ва аз рӯйи виҷдон кору фаъолият менамоем.
 
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, 
раиси суди ноҳияи Ёвон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2021    №: 177    Мутолиа карданд: 1175
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед