logo

сиёсат

ТОБАНДА БОД НУРИ ИСТИҚЛОЛ!

Истиқлоли давлатӣ, бунёди пояҳои давлати миллӣ, озодона муайян намудани роҳи давлатдорӣ ва дурнамои рушди кишвар кори бисёр душвор ва пурифтихор мебошад. Ҳадафи асосии талоши ҳар халқу миллат барои озодӣ ва соҳибистиқлолӣ - ин таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз бо роҳи истиқлоли давлатӣ метавон арзишҳои миллиро эҳё бахшида, симои миллатро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуд. Чуноне ки дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хосаи кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем».
Дар умум, метавон истиқлолу озодиро чун фароҳам шудани имконият барои расидан ба ормонҳои таърихии миллат маънидод намуд. Ба таври дигар гӯем, истиқлолият барои мардуми кишвари азизамон он ҷойгоҳу мақомеро соҳиб аст, ки онро метавон эҳёи дубораи давлати бузурги тоҷик номид. 
Маҳз дар ҳассостарин марҳилаи таърихии солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари дурандеш ва ҳомии мардум масъулияти ҳифзи якпорчагии Тоҷикистонро ба зимма гирифта, аз рӯйи матонат, суханҳои самимиву ватандӯстонаи хеш мардуми кишварро сарҷамъ намуда, барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷаҳду талошҳо анҷом доданд. Баъд аз ба имзо расидани ин санади сарнавиштсоз қадамҳои устувор дар ҷодаи корҳои ободониву созандагӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ гузошта шуданд, ки имрӯз ҳамагон пайваста аз самараи онҳо зиндагии хешро беҳбуд мебахшанд. 
Бешубҳа, ба даст омадани сулҳ дар мамлакат на танҳо суботу оромиро таъмин намуд, балки раванди парокандашавии миллат боздошта, минтақаҳои Тоҷикистонро ба ҳам пайваст. Ҳифзи Тоҷикистони воҳиду ягона маҳз дар заминаи ваҳдати миллӣ ба миён омада, якпорчагии кишварро ҳифз намуд, ба рушди минбаъдаи мамлакат заминаи воқеӣ фароҳам овард. 
Бо талошу заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат дар самти ҳифзи якпорчагии кишвар ва рушди давлатдории миллӣ корҳои арзишманд ба иҷро расиданд, ки ҳоло дар арафаи 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ боиси фараҳу хушҳолии мардуми кишвари азизамон мебошанд. 
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 179 кишвари дунё равобити дипломатӣ барқарор намуд, ба узвияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, чандин ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд, ҳамчунин, мақоми баланди байналмилалӣ касб намуданд.
Воқеан, Истиқлоли давлатӣ ба мардуми шарифи кишвар шароити таърихиеро фароҳам овард, ки бо иродаву талошҳои хеш ба бузургтарин корҳои бунёдкорона иқдом намуда, ба ҳадафҳои милливу давлатӣ комёб гардад. Дар ин самт ба истифода додани ду чархаи НБО “Роғун”, бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» ва роҳҳои автомобилгарди Шоҳон-Зиғар ва Шкев-Зиғар, Душанбе-Чанак ва Душанбе-Саритош, аз чашмрастарин корҳои анҷомёфта мебошанд, ки дар пешгаҳи он маҳз иродаву матонат ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд. Шахсияти Роҳбари давлат дар амалӣ гардидани корҳои созандагиву бунёдкорона бисёр бузург мебошад. 
Танҳо дар шароит суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии мамлакат, мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳадафҳои болотару зиндагии шоистатар сарфароз хоҳанд гашт. Дар ин ҷода саҳм ва талоши ҳар як шаҳрванд, пеш аз ҳама, ҷавонон дар ҷодаи ҳифзи неъмати бебаҳо – истиқлолу озодии кишвар бисёр муҳим мебошад, ки бидуни таъмини он расидан ба ормонҳои дигар, аз ҷумла ба сатҳи зиндагии аз имрӯза боз ҳам беҳтар, имконнопазир аст. Пас, моро зарур аст, ки андешаи ҳифзи Истиқлоли давлатиро ҳамеша дар меҳвари андешаву суханронӣ ва мавқеъгириҳои шаҳрвандии хеш қарор дода, дар ҳеҷ маврид нисбат ба он беэҳтиромӣ нанамоем. Зеро истиқлолият бақои давлату миллат ва омили озодиву саодати мардум, рамзи ягонагиву шукуфоии миллат дар марҳилаи нави таърихӣ буда, омили асосии ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани сарзамини ободу ягона мебошад. Умед дорем, ки нур ва парчами Истиқлоли давлатӣ ҷовидона тобандаву поянда бимонад. 
 
Шуҳрат САИДЗОДА,
мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2021    №: 177    Мутолиа карданд: 705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед