logo

иҷтимоиёт

ҲАМОВОЗӢ

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат» -и ноҳияи Фирдавсӣ дар Рӯзи дониш беҳтарин манбаи омӯзиш ва, ҳамзамон, роҳнамои хубу дуруст барои мо – омӯзгорон мебошад. Дарси сулҳ ҳамасола оғози соли нави таҳсили хониш аз ташаббусҳо ва иқдомҳои неки Пешвои миллат маҳсуб мешаванд ва баргузории он  дар муассисаҳои таълимии кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
Сарвари давлат дуруст таъкид намудаанд: «Мо – мардуми тоҷик ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд». Воқеан, он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ аз пеши назари мо дур нашудаанд. Дар он рӯзгор розӣ будем, ки ҳатто бар ивази дигар неъматҳои муҳим ин неъмат, яъне сулҳро ба даст оварем. Пешвои миллат ин ормони мардумро ҷон дар кафи даст гирифта бароварданд. Агар ҷонфидоии ӯ намебуд, бешак, аз неъмати истиқлоли навбадастоварда маҳрум мегардидем, миллату давлат маҳв ва пароканда мешуд.
Ҳазорон бор шукр мекунем, ки 30-солагии Истиқлоли давлатиро шоҳид мешавем. Ҳазорон бор шукр менамоем, дар зери осмони софи кишвар бо ҳукмронии сулҳу салоҳ зиндагиву кор мекунем. Ҳазорон бор шукр менамоем, ки дигар садои тир ба гӯш намерасаду моро ноҳинҷор намегардонад.
Мо аз вазъи ноороми дигар кишварҳо пайваста аз тариқи воситаҳои ахбори омма огоҳ мешавем ва бо кишвари худамон онҳоро муқоиса мекунем. Ин гуна оромиву амнеро, ки мо дар ин муддат доштему дорем, мардуми дигар кишварҳои атроф орзу мекунанд. Дар ин ҳол бештар ба қадри Пешвои миллатамон мерасем ва, ҳамзамон, шукри ҳастиву сарварияшонро менамоем.
Президенти мамлакат дар ин Дарси сулҳ барои раҳнамоии мо, аз ҷумла иброз доштанд: «Бинобар ин, моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем. Дар ин раванд, фарҳанги сулҳ ва сулҳпарварӣ бояд аз синни хурдсолӣ, яъне аз зинаи таҳсилоти томактабӣ, дар замири кӯдакон тарбия карда шавад, зеро ин мартаба дар инкишофи ақлонии кӯдак давраи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад». Дар ин маврид, албатта, мо – омӯзгорон, волидон, бояд масъулияти бештар аз пештар эҳсос бикунем.
Пешниҳод менамоям, ки ҳамаи суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои дониш ҷамъоварӣ ва дар шакли китоби алоҳида нашр ва ба ҳамаи омӯзгорон дастрас гардонда шавад. Он беҳтарин дастури омӯзишӣ мебошад. Ба ин васила мо имкон пайдо карда метавонем, ки тамоми сол дар дарсҳоямон аз он истифода бинамоем.
 
Фирӯза МИРЗОЕВА,
омӯзгори МТМУ- и № 50, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2021    №: 177    Мутолиа карданд: 579