logo

фарҳанг

КОШИНКОРӢ. АЗ КУҲАНТАРИН ҲУНАРҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

 
Мактаби кошинкории миллии тоҷикон ва арзиши бадеии он дорои асолатест,  аз замони бостон ва асрҳои миёнаи қадим сарчашма мегирад. Дар аҳди қадим қасру кушкҳои меъмории ҷудогона бо сангрезаҳои табиии муҷалло кошинкорӣ мешуданд. Дертар бо пайдоиши шиша ҷойи онҳоро минои лоҷвардӣ (смалта) гирифт. Рӯйпӯшҳои кошинкоришуда ба таври вижа дар деворҳои берунии маҷмааҳои меъмории аҳди ислом шуҳратёр шуданд. 
Мактаби муосири кошинкории тоҷик, шуруъ аз солҳои 20 - 30 - юми асри ХХ, бар пояи мактабҳои ҳунарии аврупоӣ бунёд ёфтааст, вале усулҳои истифодаи он танҳо солҳои 70 - 80 дар маҷмааҳои меъморӣ соҳиби нақши бориз шудаанд. Дар марҳилаи мазкур асарҳои кошинкорӣ арзишманд гашта, услуби ифодаашон озодтар мешавад. Мероси фарҳанги миллӣ, фарҳанги маънавӣ, мавзуи дастовардҳои корӣ дар муҷассамаҳои густурдаи рӯдевораҳои шаҳр, дохили биноҳо, истгоҳҳо ва чашмасору манбаъҳои табиӣ ба таври фаровон таҷассум ёфтаанд.
Эҳёи кошинкориро аз сангҳои табиӣ ба рассом – муҷассамасоз А. Т. Аминҷонов марбут медонанд, ки маҳз  ӯ манзараҳои назаррабо ва дилкашеро аз маводи табиӣ эҷод намуд. Қисмати бештари кошинкориҳои рӯйдеворӣ солҳои 70 - 90 -и асри ХХ дар Тоҷикистон аз минои лоҷвардӣ (смалта) буда, ҳунари бадеии онҳо гуногун аст. Дар онҳо беш аз пеш ҳамгироии манзараҳои тасвирӣ бо муҳити зист, ғанӣ гардондани биноҳои якранг  бо тобишу рангомезиҳои гуногун ба назар мерасид. Намунаҳои беҳтарин кошинкории асри ХХ ба устодони барҷастаи ин ҳунар мисли З. Ҳабибуллоев, А. Раҳимов, А. Боборикин, С. Қурбонов, С. Шарипов, В. Назаров, М. Бекназаров, И. Сангов, Н. Ханин, К. Ёдгоров, Р. Сафаров, Н. Садуков, И. Рахнаев, Р. Ботуралиев, Л. Гурджиев, В. Жданов иртибот доранд.
Солҳои охир тавассути иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати эҳёи ҳунару анъанаҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар радифи навовариҳои эҷодӣ таҷрибаҳои технологӣ ҳам дар ҳунари кошинкорӣ рушд ёфтанд, ки чунин ҳолат пештар дар санъати тоҷик хеле кам ба назар мерасид. Ҳоло шукӯҳу шаҳомат, ифодаҳои мутантани зоҳирӣ, намудҳои устувор ва динамикии (ҷараёнӣ) гуногун: қирадор, мавҷдор, даврашакл дар услуби кошинкории аксар биноҳо роҳ ёфтанд. Яке аз барҷастатарин намунаи осори рассомон - кошинкорони тоҷик ороиши «Кохи Наврӯз» (2015) бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Душанбе аст, ки имрӯзҳо дар тамоми олам вирди забони дӯстдорони саёҳат мебошад. 
 
Умар АЛӢ, публитсист
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2021    №: 177    Мутолиа карданд: 1810
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед