logo

Хабарҳо

БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ

Чин мақоми якумро гирифт
Пас аз 13 рӯзи рақобатҳо Бозиҳои паралимпии Токио – 2020 (24 август – 5 сентябр) ба анҷом расиданд. 
Ҳамин тавр, аз рӯйи шумораи медалҳо мақоми аввалро Чин бо 207 медал (96 тилло, 60 нуқра, 51 биринҷӣ) касб кард. 
Дар панҷгонаи беҳтарин Британия Кабир 124 (41-38-45), ИМА 104 (37-36-31), Россия 118 (36-33-49) ва Нидерландия 59 (25-17-17) қарор гирифтанд.
 
 
 
ДЗЮДО
Пирӯзии Сомон  дар мусобиқаи Ҷигоро Кано
Дар доираи Форуми иқтисодии Шарқ, IV Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо ба номи Ҷигоро Кано (Владивосток, Россия) баргузор шуд.
Мусобиқа таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи Россия ва Сарвазири Ҷопон дар ҳайати даставӣ миёни мунтахаби Россия ва мунтахаби байналмилалии дзюдо (U-23), тибқи қоидаҳои IJF сурат гирифт.
Паҳлавони маъруфи Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков (73 кг) дар ҳайати тими байналмилалӣ бар Казбек Нагучев, чемпиони Аврупо миёни ҷавонони то 21- сола ва чемпиони ҷаҳон миёни наврасон ғолиб омад. Аммо дар ҳисоби умумӣ тимаш аз Россия бо ҳисоби 4:3 мағлуб шуд. 
Ҳамин тариқ, дастаи Россия бо медалҳои тилло ва тими байналмилалӣ, аз ҷумла паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, бо медалҳои нуқра сарфароз шуданд.
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ
Ғалабаи навбатии “Истиқлол”
Тими “Истиқлол” дар бозии мавқуфмондаи даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар “Равшан” бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.
Тибқи иттилои ЛФТ, голҳоро Манучеҳр Ҷалилов (дақ. 13, 60) ва Ислом Зоиров (дақ. 80) заданд.
Ҳамин тариқ, пас аз ин бозӣ “Истиқлол” бо касби 42 хол мавқеашро дар садри ҷадвал мустаҳакам намуд.      
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 904