logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 30 июни соли 2021, № 268, ш. Душанбе Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ

Мутобиќи моддаи 17 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Њукумати  Љумњурии Тољикистон» ва моддаи 57 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор мекунад:

1. Ќоидањои имлои забони тољикї ва Аломатњои китобати забони тољикї тасдиќ карда шаванд (замимањои 1 ва 2).

2. Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Академияи миллии илмњои Тољикистон, Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон, вазорату идорањои дигар љињати амалисозии ќарори мазкур чорањои дахлдор андешида, фарњанги имло, дастурњои методї, таълимї, асарњои бадеї, рўзномаву маљаллањо ва санадњои  меъёрии њуќуќиро бо риояи талаботи  Ќоидањои имлои забони тољикї ва Аломатњои китобати забони тољикї ба нашр расонанд.

3. Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон љињати дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, ибтидої, миёна ва олии касбї амалї намудани Ќоидањои имлои забони тољикї ва Аломатњои китобати забони тољикї чорањои зарурї андешад.

4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Ќоидањои имлои забони тољикї ва Аломатњои китобати забони тољикиро таблиѓ намояд.

5. Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 «Дар бораи тасдиќи Ќоидањои имлои забони тољикї» аз эътибор соќит дониста шавад.

 

Раиси Њукумати Љумњурии Тољикистон                             Эмомалї Рањмон

 

Замимаи №1

ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 июни соли 2021, №268

Ќоидањои имлои забони тољикї

 

1. АЛИФБО, ТАРТИБ ВА НОМИ ЊАРФЊО

 

1. Алифбои забони тољикї 35 њарф дорад:

 

Аа    Бб    Вв    Гг    Ѓѓ    Дд    Ее    Ёё    Жж    Зз    Ии    Її

 а      бе     ве    ге     ѓе    де     йэ     йо    же      зе     и      ї

        

Йй    Кк    Ќќ    Лл    Мм    Нн    Оо    Пп    Рр    Сс    Тт    Уу

йот   ка     ќе     ле     ме      не      о      пе     ре     се     те     у

 

Ўў    Фф    Хх    Њњ    Чч    Љљ    Шш    Ъъ    Ээ    Юю    Яя

 ў      фе     хе     ње      че     ље     ше    сакта   э     йу       йа

 

2. ИМЛОИ САДОНОКЊО

2. Њарфњои а ва о дар оѓоз, байн ва анљоми калима навишта мешаванд: абр, бањор, замон, хона, дара, об, овоз, бол, бод, доро, тавоно ва ѓайра.

Эзоњ. Дар калимањое, ки бо садонокњои а ва о анљом меёбанд, њангоми калимасозї пасванди -ї (-гї, -вї) чунин навишта мешаванд:

агар калима бо садоноки а (ё йотбарсари я) анљом ёбад, њангоми калимасозї пасванди -гї (-вї) навишта мешавад: хонагї, бачагї, оворагї, бечорагї, нокорагї, дилбастагї, бандагї, хастагї, даниягї, соягї, њамсоягї, алоњидагї, дусолагї, дуњуљрагї, барномавї, садамавї, мафкуравї, оммавї, операвї ва ѓайра;

- агар калима бо садоноки о (ё йотбарсари ё) анљом ёбад, њангоми калимасозї пасванди навишта мешавад: доної, дорої, ошної, тавоної, дилрабої, ової, ёбої, зебої, бобої, устої, дарёї, зиёї ва ѓайра.

3. Њарфњои у ва ў дар мавридњои зерин навишта мешаванд:

1) њарфи у дар мавридњои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози у-и ноустувор: булбул, буз, бузург, шутур, сурх, умед, усто, устувор, устухон, хушк ва ѓайра;

- дар њиљои аввали калимањои тољикї пеш аз њарфи њ: Суњроб, нуњ,  куњна//куњан, гуњар, муњр, муњра ва ѓайра;

- дар калимањои иќтибосии арабї: таваљљуњ, таљаммуъ, таматтуъ, тарашшуњ, тазарруъ, таваќќуъ, табарруъ, муњтарам, муњлат, шуъба, шуъла, муъмин, суњбат, уњда ва ѓайра;

- барои ифодаи овози у-и устувор: бумї, дуд, дур, хуб, зуд, гуна, зону, андуњ ва ѓайра;

2) њарфи ў дар мавридњои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози ў-и устувори дароз: кўњ, рўз, гўш, рўд, дўст, пўст ва ѓайра;

- дар њиљои дуюми калимањои навъи фурўѓ, дурўѓ, гурўњ, шукўњ, афрўз ва ѓайра;

- дар калимањое, ки таърихан дар решаашон њамсадои й доранд: рўй, сўй, љўй, шўй, бўй, мўй ва ѓайра.

4. Њарфњои и ва ї дар мавридњои зерин навишта мешаванд:

1) њарфи и дар мавридњои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози и-и ноустувор: дил, китоб, шитоб, нигоњ, нигор ва ѓайра;

барои ифодаи бандаки изофї: кишвари сарсабз, шањрванди Тољикистон, сари кўњи баланд ва ѓайра;

дар анљоми пешояндњо меояд: барои, баъди, дар бораи, бо маќсади ва ѓайра;

дар охири пайвандакњо меояд: ки, чи (чи … чи), чунки, агарчи, азбаски, ё ин ки, ба сабаби он ки, бинобар он ки ва ѓайра;

дар охири љонишинњо меояд: њар ки, њар чи ва ѓайра;

- дар исмњои хосе, ки иќтибосианд: Леонардо да Винчи, Индира Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Батуми, Миссисипи ва ѓайра;

-  барои ифодаи овози и-и устувор: тир, шир, пир, дид, дин, оин, низ, миз ва ѓайра;

2) њарфи ї дар мавридњои зерин навишта мешавад:

- дар охири калима барои ифодаи овози и-и устувори дароз: моњї, шоњї, шолї, бињї, сї, бародарї, далерї, таксї, туфлї ва ѓайра;

- дар бандакњои феълї ва хабарї: (ту) омадї, (ту) гуфтї, (ту) гуфтаї, (ту) њунармандї ва ѓайра;

- дар љонишинњои саволии кї? ва чї?: кї омад? чї шуд? ва ѓайра.

Эзоњ. Дар мавриди калимаву иборасозї овози ї бо и навишта мешавад: моњї – моњињо, моњиён, моњигир, моњии бирён, моњиро бо шаст гирифтан; кї? – кињо?, кист?, киро?, киям?; ободї – ободии кишвар; сї – сиюм, сисола; шолї – шоливу гандум ва ѓайра.

5. Њарфи э дар мавридњои зерин навишта мешавад:

- дар оѓози калимањои тољикї: Эраљ, Эзид, Эрон, эдун, эдар ва ѓайра;

- дар оѓоз, байн ва анљоми баъзе аз калимањои иќтибосї: эљод, эзоњ, эњсон, эњтиром, элак, эрка, эстрада, экватор, экскаватор, дуэт, дуэл, Буэнос-Айрес, Бэкон, Бодуэн де Куртенэ, Улан-Удэ ва ѓайра;

- агар калима бо њарфи э оѓоз шавад, ин навишт њангоми калимасозї низ риоя мешавад: тозаэљод, соњибэњсон, боэњтиром, боэътимод ва ѓайра.

6. Њарфи е дар мавридњои зерин навишта мешавад:

- дар байн ва анљоми калимањо пас аз њамсадоњо ба љойи њарфи э њарфи е навишта мешавад: мењр, себ, дењ, мењ, мењан, нењ, шанбе, се, шамъе, љамъе, навъе ва ѓайра;

- дар оѓози калимањои иќтибосии навъи зерин: Евгений, Екатеринбург, Елена, Ереван ва ѓайра.

 

3. ИМЛОИ ЊАМСАДОЊО

7. Њарфи ж дар оѓоз, байн ва анљоми калима навишта мешавад: жола, жарф, жанда, мижа, мижгон, лаѓжидан, нажод, пажуњиш, аждањо, жож ва ѓайра.

8. Њарфи й дар мавридњои зерин навишта мешавад:

- дар байн ва анљоми калима: кайњон, майдон, айвон, май, най, љой, пой, пай ва ѓайра;

дар оѓоз ва байни баъзе калимањои иќтибосї: йод, йот, йог(а), таѓйир, майор, майонез, Ню-Йорк, Огайо ва ѓайра;

- њамсадои й дар њолати бо садонокњои а, о, у, э омадан бо њарфњои йотбарсар навишта мешавад: й+а=я, й+о=ё, й+у=ю, й+э=е: як, ях, поя, соя, Яњё, юѓ, юмн, Юсуф, ёдгор, ёр, ёвар, мегўед, оњуе ва ѓайра;

- њамсадои й дар ибора ва калимасозии вожањои решагї нигоњ дошта мешавад: ба рўйи миз, ба сўйи хона, ба љойи муносиб, найистон, чораљўйї, љомашўйї, рањпойї, бўйидан, рўйидан, найи хушсадо, майи лаългун, пайи пой, донишљўйи фаъол, чойи сиёњ, пайомад, пайопай ва ѓайра.

9. Њамсадои н пеш аз б ба сурати м талаффуз шавад њам, аммо тибќи меъёр н навишта мешавад: анбор, анбур, гунбаз, занбар, пунба, сунбул, санбуса, танбал, љунбиш, љанба, анбар, шанбе ва ѓайра.

10. Њарфи ъ дар мавридњои зерин навишта мешавад:

- дар байн ва анљоми калимањои иќтибосии арабї ба љойи айн ва њамза: аъло, баъзе, љамъ, мавзуъ, навъ, масъул, масъала, таърих ва ѓайра;

- дар калимањое, ки бо ъ анљом меёбанд, њангоми ќабули пасванди љамъбандии -њо, пайвандаки у ва бандаки изофї (-и): шамъњо, табъу нашр, шамъу парвона, љамъи мардум, рафъи мушкилот, навъи ангур ва ѓайра.

11. Њарфи ъ дар мавридњои зерин навишта намешавад:

- дар калимањои иќтибосие, ки зимни калимасозї бо пасвандњои -ан, -от, -ї, -а, -ият ва ѓайра њарфи ъ дар байни садонокњо ќарор мегирад: бадеъ – бадеї; воќеъ – воќеї, воќеа, воќеият, воќеан, воќеот; монеъ – монеа, монеї; моеъ – моеї, моеот ва ѓайра;

- дар байни ду садонок, ба истиснои калимањои фаъол, таъин навишта намешавад: маориф, таом, лаин, манбаи њаёт, ањволи иљтимої, мавзуи бањс, тулуи офтоб, шуруи кор, маљмуи ашъор ва ѓайра.

12. Ташдиди њамсадоњо дар мавридњои зерин сурат мегирад:

- дар баъзе калимањои тољикї: арра, барра, бурро, ѓалла, пурра ва ѓайра;

- њамсадоњои ташдиддор дар калимањои иќтибосии арабї, тибќи ќоида, дар калимањои навъи наљљор, раззоќ, њаммол, ташаккур, тањаввул, таназзул, мураккаб, муаззам, мунаќќаш, мусаввир, мударрис, мумаййиз, мутавассит, мутакаббир, мутањаййир, мутаќаддам, мутааххар, иттињод, иттилоъ, иттисол, муттањид, муттафиќ, мубарро, муљалло, мусаммо, мутасаддї, мутасаллї, мутаваллї, табарро, тавалло, тасалло ва ѓайра навишта мешаванд;

- њамсадоњои анљоми калимањои иќтибосии навъи дур, кул, зид, ќад, сир, хат, фан, њад, син ва ѓайра, ки таърихан ташдид доранд, њангоми калимаю иборасозї ташдиди онњо барќарор мегардад: дурри ноёб, зидди душман, кулли мардум, ќадди расо, сирри њарбї, фанни забон, њадди аќал, синни томактабї, хатти ниёгон, хатти алоќа, мањаллї, фаннї, хаттї, тиббї, ростхатта, каљхатта, хатту савод, љидду љањд ва ѓайра;

- ташдиди њарфи й якљо бо њарфњои йотбарсар дар шакли зерин навишта мешавад: айём, муњайё, сайёњ, сайёд, тайёр, муайян, музайян, тахайюл, Айюб, Ќайюм ва ѓайра;

- дар баъзе калимањои иќтибосии аврупої риоя мешавад: коррупсия, коммуна, профессор, новелла ва ѓайра.

Эзоњ. Дар калимањои иќтибосї ба љойи њарфи русии ц њарфњои с ва тс дар мавридњои зерин навишта мешаванд:

- дар аввали калима (пеш аз садонок) с навишта мешавад: семент – цемент, сирк – цирк, ситрон – цитрон ва ѓайра;

- дар дохили калима пас аз њамсадо ва пеш аз садонок с навишта мешавад: консерт – концерт, конференсия – конференция ва ѓайра;

- дар байни ду садонок њарфњои тс навишта мешаванд: дотсент –доцент, милитсия – милиция, фарматсевт – фармацевт, конститутсия –конституция, ассотсиатсия – ассоциация ва ѓайра;

- баъд аз садонок ва пеш аз њамсадо њарфњои тс навишта мешаванд: Липетск – Липецк, Донетск – Донецк ва ѓайра;

- дар охири калима баъд аз садонок тс ва пас аз њамсадо с навишта мешавад: платс – плац, Вадутс – Вадуц, кварс – кварц ва ѓайра;

13. љинсияти грамматикии калимањои иќтибосї дар имлои забони тољикї корбурд намешавад: муњтарам, раис, шоир, адиб, муаллим, котиб, магистрант, аспирант ва ѓайра.

 

4. АЗ САТР БА САТР ГУЗАРОНИДАНИ ЊИЉОИ КАЛИМА

14. Аз сатр ба сатр гузаронидани њиљои калима дар асоси ќоидањои зерин сурат мегирад:

- риояи яклухтии њиљо: хо-на, бод-бон, маъ-руф, аъ-ло, боѓ-бон, эъ-лон, баро-дар, тааљ-љуб,  тар-тиб, рав-шан, панд-нома, мо-дар ва ѓайра;

- агар њиљо аз як њарф иборат бошад, дар сатри аввал монда ё ба сатри дигар намегузарад: аро-ба, ово-за, оро-мї ва ѓайра.

Эзоњ. Калимаю иборањо дар њолатњои зерин аз сатр ба сатр намегузаранд:

- ихтисорањо ва њиссањои калимањои бо раќам ифодаёфтаю бо нимтире људошуда: ЮНЕСКО, СММ, ТУ-154, ДМТ ва ѓайра;

- аломатњо  њангоми   бо  раќамњо омадан: 25%, +20оС, 20 м2, 40 км/с, №1-4/353 ва ѓайра.

 

5. ИМЛОИ ИСМ

15. Исмњои навъи зер ду тарзи навишт доранд:

- як гурўњ исмњое, ки дар анљом њамсадои њ доранд: роњ//рањ, чоњ//чањ, моњ//мањ, коњ//кањ, шоњ//шањ ва ѓайра;

- як гурўњ исмњое, ки дар анљом њарфи й доранд: рўй//рў, мўй//мў, кўй//кў, љўй//љў, пой//по, сарой//саро, шўй//шў ва ѓайра.

16. Якљо навишта мешаванд:

- бо артикли арабии ал (ва гунањои он): алќисса, алвидоъ, алњазар, алњаќ, алѓараз, фавќуззикр, маликушшуаро, Низомулмулк, Њорунаррашид ва ѓайра;

- исмњои мураккаби навъи гулдаст, садбарг, гарданбанд, хушдоман, сарфармондењ, хештаншинос ва ѓайра;

- агар аз шумораи миќдорї исм сохта шавад, калимаи охири он бо љузъи -солагї якљо навишта мешавад: бисту панљсолагї, ду њазору панљсадсолагї, ду њазору панљсаду панљсолагї ва ѓайра;

- исмњои мураккабе, ки ба воситаи миёнвандњои -у- ва -о- аз асосњои феъл сохта шудаанд: гуфтушунид, рафтуомад, гирудор, гирогир, даводав, паропар ва ѓайра;

- исмњои мураккабе, ки ба воситаи миёнвандњои -у- ва -о- аз исмњо сохта шудаанд: обутоб, сарулибос, сарутан, корубор ва сарупо ѓайра;

- исмњои мураккаби омехта, ки аз шумораву исм бо пасванди -а (-я) сохта шудаанд: себарга, чоркунља, чоргўша, дуоба, сепоя ва ѓайра;

- исмњои мураккаби омехта, ки дар ќолаби исм+асоси замони њозираи феъл ва пасвандњои -ї, -ак сохта шудаанд: дастгирї, роњсозї, навсозї, шабнишинї, оташгирак, обкашак, тортанак, хонабарорї ва ѓайра;

- исмњое, ки дар ќолаби асоси замони њозираи феъл ва пасванди -иш сохта шудаанд: варзиш, парвариш, супориш, хониш, фармоиш, фањмиш, нолиш, дониш, барориш, озмоиш ва ѓайра.

Эзоњ. Истифодаи калимаи иљро, ки маънои иљрои амалро дорад, дар шакли иљроиш нодуруст аст.

17. Бо нимтире навишта мешаванд:

- исмњое, ки љузъи шумораи онњо бо раќам ифода шудааст: 1000-солагии зодрўзи Абуалї ибни Сино, 700-солагии Камоли Хуљандї, 1000-солагии «Шоњнома»-и Абулќосим Фирдавсї, 1100-солагии давлатдории Сомониён ва ѓайра;

- баъзе исмњои таркибї, аз ќабили сотсиал-демократ, вагон-ресторан, механик-ронанда, контр-адмирал, модар-ватан ва ѓайра;

- дар аввали номи одамон артикли ал (ва гунањои он) бо њарфи калон навишта шуда, бо нимтире људо карда  мешавад: Ал-Мутанаббї, Ал-Форобї, Ал-Њайсом, Ал-Киндї ва ѓайра;

- дар осори илмию адабї артикли ал (ва гунањои он) дар аввал бо њарфи калон ва дар байн бо њарфи хурд навишта шуда, дар аввал баъд аз ал ва дар байн аз ду тараф бо нимтире људо карда мешавад: «Ат-тафњим»-и Абурайњони Берунї, «Ал-ќонун фи тиб»-и Ибни Сино, «Мантиќ-ут-тайр»-и Фаридаддини Аттор, «Наводир-ул-ваќоеъ»-и Ањмади Дониш ва ѓайра;

- исмњои иќтибосии навъи Волга-Дон, Коста-Рика, Ню-Йорк, Порт-Артур, Сан-Марино, Рио-де-Жанейро ва ѓайра;

- калимањои таќлидї ва тасвирї: таќ-таќи дарвоза, шилдир-шилдири об, чак-чаки борон, тиќ-тиќи соат, милт-милти чароѓ, чир-чири малах, чањ-чањи булбул, гулдур-гулдури раъду барќ ва ѓайра.

Эзоњ. Њангоми бо пасванд навишта шудани ин гуна исмњо нимтире гузошта намешавад: фирфирак, шаршара, ѓарѓара ва ѓайра.

18. Људо навишта мешаванд:

- таркибњои љуфте, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) шакл гирифтаанд: шаъну шараф, молу њол, долу дарахт, марзу бум, орзую њавас, зебу зинат, сарвату дорої ва ѓайра;

- исмњои таркиби иборањои изофии зерин: аспи гули бодом, атласи абри бањор, гули ошиќи печон, гули намози шом ва ѓайра;

- номњои љуѓрофї, ки дар ќолаби ибораи изофї сохта шудаанд: Осиёи Марказї, Осиёи Љанубї, Шарќи Дур, Пули Гирдоб, Пилдони Боло, Ќалъаи Лаби Об ва ѓайра.

Эзоњ. Агар њар ду љузъи чунин исмњо задаи ягона дошта бошанд, якљо навишта мешаванд: Конибодом, Шањринав, Сарихосор, Шањрисабз, Шањритус, Даштиљум ва ѓайра.

19. Баёнияњо ба таври зерин навишта мешаванд:

- баёнияњои изофї ва беизофии унвон, мансаб, лаќаб, касбу кор, ки ба маънои аслии худ корбаст шудаанд, бо њарфи хурд ва људо навишта мешаванд: Саидмуъмини пањлавон, Шокири муаллим, Набии мироб, академик Раљабовњо, амир Њамза, шоњ Фаррух, Шарифи ошпаз, Ањмади алочабоф ва ѓайра;

- агар баёнияњо пас аз исми хос бе бандаки изофї омада бошанд, бо нимтире навишта мешаванд: Ањмад-махдум, Салим-пањлавон, Њошим-корвон, Ќорї-ишкамба ва ѓайра;

- баёнияњои хешутаборї ва эњтиром бидуни алоќаи изофї бо исми хос якљо навишта мешаванд: Акашариф, Бибиоиша, Шарофатхола, Барноапа, Шодиамак ва ѓайра;

- баёнияњои изофии лаќаб, ки бо исми хос омадаанд, бо њарфи калон навишта мешаванд: Бањроми Гур, Махдуми Гав, Муњаррами Ѓарч ва ѓайра.

20. Насаб, ном ва номи падар дар њуљљатњои расмї ба таври зайл навишта мешаванд:

- бо пасвандњои насабсози -ї, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ниё, -ёр, -фар, -пур, -духт: Ниёзї Њамза Њакимзода, Афсањзод Аълохон, Салимзода Шањло Рањимзод, Ализода Наргис, Бобакон Ардашер, Шодиён Ромиш, Асрориён Рустам Шуњратёр, Нодирниё Бањром Озодфар, Довудфар Сомон Мирзо, Зафарпур Низом Акбар, Каримдухт Манижа Султон ва ѓайра;

- бо пасвандњои ташаккулдињандаи номи падар -зод, -зода, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт: Парвиз Сафарзод, Шоњрух Шарифзода, Парвин Њамдамёр, Шањло Ањмадниё, Љамшед Зарафшонфар, Рустам Салимпур, Тањмина Бањромдухт ва ѓайра;

- насаб ва номи падар бе иловаи пасвандњои насабсоз ва пасвандњои ташаккулдињандаи номи падар низ навишта мешаванд: Рустам Саид Шоњрух, Бањром Манижа Зафар, Шуњрат Тањмина, Шералї Лоиќ ва ѓайра;

- насаб, ном ва номи падар дар дафтар (журнал)-и синфии муассисањои томактабї, миёнаи умумї, дафтари ќайди мавзуъњои муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї, њангоми пешнињоди рўйхати кормандони ташкилотњо, мактубњои расмї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ба таври пурра навишта мешаванд: Саломиён Фарзона Шањром, Азизї Сомон, Рањмонзода Зафар Абдуљаббор, Ализода Мањваш Комрон, Саъдизода Гулрў Наврўз, Ќурбонзод Юсуф Фирдавс, Фирўздухт Фарањноз, Хољапур Шерзод ва ѓайра;

- насаб, ном ва номи падар дар лавњањо, навиштаљоти кўчаю хиёбонњо, шиору овеза, реклама, борчасп, сатри равони телевизион, дар нутќи ровиёни радио ва телевизион пурра оварда мешавад: Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоњ Шоњтемур, Исмоили Сомонї, Абуабдуллоњи Рўдакї, Саъдии Шерозї, Абуалї ибни Сино, Камоли Хуљандї, Шамсиддин Шоњин, Фазлиддин Муњаммадиев, Љаббор Расулов, Муњаммад Осимї, Зиёдулло Шањидї, Максим Горкий, Пётр Чайковский ва ѓайра.

21. Ному насаб дар асарњои бадеї, илмї, публитсистї ва маводи дигари чопї (дар мавриди ѓайрирасмї) метавонанд ба таври зайл низ навишта шаванд:

- бо бандаки изофї: Масъуди Саъди Салмон, Мавлоно Љалолиддини Балхї, Њусайн Воизи Кошифї, Шуњрати Шоњмурод ва ѓайра;

- бе бандаки изофї: Рањим Љалил, Њаким Карим, Ѓаффор Мирзо, Бозор Собир, Лоиќ Шералї ва ѓайра;

- бо пасванди , ки тахаллус низ месозад: Рўдакї, Фирдавсї, Саъдї, Љомї, Шукўњї, Фарѓонї ва ѓайра;

- бо пасвандњои ташаккулдињандаи номи падар -пур, -духт: Олимпур, Мирзопур, Зоњирдухт, Мирзодухт ва ѓайра;

- бо калимањои ибн, бинт, валад, ки дар байни ном ва номи падар бо њарфи хурд ва људо навишта мешаванд: Абуалї ибни Сино, Муњаммад ибни Љарир, Робиа бинти Каъб, Ёдгор валади Бозор ва ѓайра;

- калимаи ибн дар оѓоз пеш аз исми хоси шахс људо ва бо њарфи калон навишта мешавад: Ибни Сино, Ибни Љарир, Ибни Ямин ва ѓайра;

- дар асарњои бадеї, илмї, публитсистї ва маводи дигари чопї номи шоирон, адибон, донишмандон ва одамони касбу кори гуногун метавонанд тибќи тартиби муќарраршуда навишта шаванд: А.С. Пушкин, Ш. Руставели, А.П. Чехов, В.С. Расторгуева, Т.Г. Шевченко, М. Авезов ва ѓайра.

22. Насаб, ном, номи падар ва тахаллусу лаќабњои ќавму миллатњои дигар, ки дар таркиби худ унсурњои ёрирасон (артиклњо, пешояндњо, њиссачањо, аломатњо ва љузъњои  насабсоз) доранд, ба забони тољикї бо риояи талаботи "ќоидањои имлои забони тољикї" навишта мешаванд: Гай Юлий Сезар, Жан Жак Руссо, Љорљ Ноэл, Гордон Байрон, Ван Дейк, Ле Шапеле, Леонардо да Винчи, Леконт де Лил, Роже Мартен дю Тар, Перо делла Франческо, Валтер фон дер Фогелвейде, Вилгелм фон Њумболдт, Ким Ир Сен, Фом Ван Донг, У Ганг Чжи, Муравёв-Амурский, Сен-Жюст, Турсун-ќизи, Сен-Симон, Тер-Петросян, Мамед-оѓли, Семёнов-Тян-Шанский, Чио-Чио-сан, Сан-Мартин ва ѓайра.

23. Њарфи калон дар мавридњои зерин навишта мешавад:

- њарфи аввали исмњои хоси шахс: Манучењр, Масъуд, Мафтуна, Азиза, Шањром, Сумая ва ѓайра;

- њарфи аввали ном ва сифатњои Худо: Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Кирдугор, Яздон, Эзид, Аллоњ, Раб, Холиќ  ва ѓайра;

- њарфи аввали исмњои хоси маъмурї, љуѓрофї ва љирмњои кайњонї (номи ќитъа, кишвар, вилоят, шањр, ноњия, шањрак, дења, мањалла, майдон, хиёбон, уќёнус, бањр, дарё, обанбор, кўњ, сайёра) ва монанди инњо: Осиё, Аврупо, Љумњурии Тољикистон, вилояти Суѓд, вилояти Хатлон, шањри Душанбе, ноњияи Варзоб, шањраки Сарбанд, дењаи Шинг, мањаллаи Зарнисор, майдони Исмоили Сомонї, хиёбони Рўдакї, уќёнуси Ором, бањри Хазар, обанбори Сарез, дарёи Вахш, кўњи Анзоб, Офтоб, Моњ, Замин, Зуњра, Зуњал ва ѓайра.

- њарфи аввали номи тарабхона, мењмонхона, марказњои хизматрасонї ва ѓайра бо њарфи калон ва дар дохили нохунак навишта мешаванд: тарабхонаи «Шоми Душанбе», мењмонхонаи «Тољикистон», кошонаи њусни «Зебо», маѓозаи «Мењр», дорухонаи «Сино», маркази хизматрасонии «Дилкушо», маркази забономўзии «Нури маърифат» ва ѓайра;

- њарфи аввали номи китобњои муќаддаси динї бо њарфи калон ва бе аломати нохунак навишта мешавад: Ќуръон, Таврот, Инљил, Авасто, Забур, Аржанг ва ѓайра;

- њарфи аввали номи сулолањои таърихї: Њахоманишиён, Ашкониён, Сосониён, Тоњириён, Саффориён, Сомониён, Ѓазнавиён ва ѓайра;

- њарфи аввали исмњои хоси шахс дар шакли љамъ њангоми муайян будани насаби шахсиятњо: бародарон Ќосимзодањо, оилаи Каримзодањо ва ѓайра;

- ихтисорањое, ки аз њарфњои аввали калимаю ибора ва таркибњо сохта шудаанд: ВКД ЉТ (Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон), АМИТ (Академияи миллии илмњои Тољикистон), ДМТ (Донишгоњи миллии Тољикистон), БМТ (Бонки миллии Тољикистон), ЉДММ «Орзу» (Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Орзу»), МТМУ №8-уми шањри Душанбе (Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №8-уми шањри Душанбе) ва ѓайра;

- њарфи аввал ва исми хоси баъзе мансабњои њокимияти давлатї: Президенти Љумњурии Тољикистон, Сарвазири Љумњурии Тољикистон, Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон.

Эзоњ. Номи маќомоти давлатї ва мансабњои њокимияти давлатї дар шакли расмии ќабулшуда навишта мешаванд;

- њарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси номи рамзњои давлатї: Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон, Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон, Суруди миллии Љумњурии Тољикистон;

- њарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии маќомоти давлатї ва худидоракунии мањаллї: Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон, Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Хадамоти зиддиинњисорї, Саридораи бойгонї, Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Вањдат, Љамоати дењоти Шинг ва ѓайра.

- њарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси таркиби номи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї: Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Кодекси замини Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон», Эъломияи њуќуќи башар, Созишномаи истиќрори сулњ ва созгории миллї дар Тољикистон ва ѓайра;

- њарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи асарњои бадеї, илмї, таълимї, маљаллаю рўзномањо, суруду мусиќї, филмњо, асарњои сањнавї ва озмунњо бо њарфи калон ва дар дохили нохунак навишта мешаванд: «Писари Ватан», «Садои Шарќ», «Омўзгор», «Ушшоќи Самарќанд», «Забони тољикї», «Фурўѓи субњи доної...», «Зебосанам», «Дави миллї», «Сайри гули лола» ва ѓайра;

- њарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси анљуманњо, љашну идњо, форумњо: Анљумани байналмилалии тољикон ва форсизабонони љањон, Љашни 1400-солагии Борбад, Љашни 30-солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон, Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон, Форуми сиёсии сатњи баланди Созмони Милали Муттањид оид ба рушди устувор ва ѓайра;

- њарфи аввали калимаи нахуст ва исми хоси таркиби мукофотњои давлатї: (унвони) Ќањрамони Тољикистон, (унвони фахрии) Арбоби илм ва техникаи Тољикистон, (унвони фахрии) Корманди шоистаи Тољикистон, (унвони фахрии) Нависандаи халќии Тољикистон, Љоизаи давлатии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино, (ордени) Исмоили Сомонї дараљаи I, (ордени) Шараф дараљаи II, (медали) Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Љумњурии Тољикистон ва ѓайра;

- њарфи аввали калимаи нахусти номи воќеањои таърихї ва исмњои хоси дохили онњо: Љанги якуми љањон, Исёни Муќаннаъ, Рўзи байналмилалии забони модарї ва ѓайра;

- њарфњои аввали калимањои номњои љуѓрофї ва кишварњо: Љумњурии Мардумии Чин, Љумњурии Исломии Афѓонистон, Љумњурии Федеративии Олмон, Љумњурии Ќазоќистон ва ѓайра;

- њарфи аввали калимаи мухтасар ифодакунандаи номи пурраи маќомоти муайян, ташкилот ва ё санадњои меъёрии њуќуќї: Донишгоњ (ба љойи Донишгоњи миллии Тољикистон), Фењрист (ба љойи Фењристи номњои миллии тољикї), Барнома (ба љойи Барномаи рушди забони давлатї барои солњои 2020-2030) ва ѓайра.

Эзоњ. Исмњо дар њолатњои зерин бо њарфи хурд навишта мешаванд:

- исмњои хоси шахс њангоми калимасозї: њофизшинос, бедилшинос, њофизшиносї, мавлавихонї, бедилхонї, сомонизодагон, рустамтаборон ва ѓайра;

- исмњои хоси шахс њамчун симо дар шакли љамъ: одинањо, шоњмуродњо, рањимзодањо, спитаменњо ва ѓайра.

- номи мансабњо, дараља ва унвонњои илмї, рутбањо (-и тахассусї, давлатї ва њарбї): вазир, раис, роњбар, ректор, директор, муовин, сардор, декан, номзади илм, доктори илм, дотсент, профессор, академик, генерал ва ѓайра;

- номи факултету кафедрањо, шуъба, дигар воњидњои сохторї ва монанди инњо: факултети њуќуќшиносї, кафедраи забони тољикї, шуъбаи илмњои биология ва тиб, шуъбаи танзими истилоњот ва ѓайра.

 

6. ИМЛОИ СИФАТ

24. Якљо навишта мешаванд:

- пешвандњои сифатсози ба-, бар-, бе-, бо-, но-, то-: бомаърифат, бофаросат, бомаслињат, баркамол, бебунёд, бамењр, ноором, ношинос, тоалифбо ва ѓайра;

- сифатњое, ки аз калима ё иборањои исмї (њамроњї, изофї, пешояндї) бо пасвандњои -а, -ї (-гї, -вї) сохта шудаанд: панљсола, умумихалќї, байналмилалї, хонагї, дунявї ва ѓайра;

- сифатњои мураккаби навъи пири барнодил, шахси некандеш, шахси бадхашм, коргари пешќадам ва ѓайра;

- сифатњое, ки аз такрори калима ва миёнвандњои -ба-, -дар- иборатанд: љанги танбатан, суњбати рўбарў, овораи дарбадар, такрори пайдарпай ва ѓайра;

- сифатњое, ки аз шумора (бо њарф) ва исм бо пасвандњои -а, -ї (-гї) сохта шудаанд: санги панљоњграма, нигини панљкарата, роњи дањкилометра, камони думила, дарвозаи дутабаќа, хонаи дуњуљрагї ва ѓайра;

- сифатњое, ки аз шумораи миќдории таркибї ва исми ченаку андоза бо пасванди -ї (-гї) сохта шудаанд: вазни чорсаду панљоњкилої, сангњои бисту панљкилої ва ѓайра;

сифатњое, ки аз номи шахсиятњо (исмњои хос) таркиб ёфтаанд: рўдакивор, саъдисифат, бедилї, лайливаш, маљнунсон ва ѓайра.

25. Људо навишта мешаванд:

- сифатњои таркибие, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) сохта шудаанд: гулњои сурху сафед, суханњои пасту баланд, хешовандони дуру наздик, марѓзори сабзу хуррам, масъалањои иљтимоию сиёсї, корњои илмию тањќиќотї ва ѓайра;

- сифатњои љуфте, ки бо пешвандњои ба-, бо-, бе- ва пешвандгунањои сер-, пур-, хуш- ва пайвандаки сохта шудаанд: бамењру муњаббат, боаќлу фаросат, бедолу дарахт, сершоху барг, пурнозу неъмат, хушобу њаво, банангу номус ва ѓайра;

- сифатњои таъкидии навъи сурхи сурх, зарди зард, сафеди сафед ва ѓайра.

26. Бо нимтире навишта мешаванд:

- сифатњое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: коѓази рах-рах, мўйњои тор-тор, дили реш-реш ва ѓайра;

- сифатњое, ки аз шумора (бо раќам) ва исм бо пасвандњои -а -ї (-гї) сохта шудаанд: санги 50-грама, нигини 5-карата, роњи 10-километра, ќалами 20-дирама, тангаи 50-дирама ва ѓайра;

- сифатњои таъкидии навъи заб-зард, каб-кабуд, сап-сафед, тип-торик ва ѓайра.

 

7. ИМЛОИ ШУМОРА

27. Якљо навишта мешаванд:

- пасвандњои шумораи тартибї -ум (-юм), -умин (-юмин) бо шуморањои сода ва љузъи охири шуморањои таркибї: сеюм, шашум, сиюм, сеюмин, панљум, панљумин, дањум, дањумин, шасту сеюмин, як њазору як саду панљоњумин ва ѓайра;

- шуморањои мураккаби аз ёздањ то нуздањ ва аз дусад то нуњсад: дувоздањ, сездањ, шонздањ, њаждањ, сесад, шашсад ва ѓайра;

- шуморањои касрї: сеяк, чоряк, шашяк, дањяк ва ѓайра;

- нумеративи -то бо шумораи миќдории бо њарф навишташуда: дуто, сето, дањто, садто, њазорто ва ѓайра.

28. Људо навишта мешаванд:

- шуморањои таркибие, ки бо пайвандаки -у (-ю, -ву) сохта шудаанд: бисту як, сиву//сию се, панљоњу панљ, як њазору сиву шаш ва ѓайра;

- шумораи касрї аз шумораи аслї: яку ним, дуву//дую ним ва ѓайра;

- шуморањои касрї бо пешоянди аз: аз се як, аз шаш чор, аз панљ се ва ѓайра;

- калимањои нумератившудаи навъи дона, сар, нафар, даста, дарза, љуфт ва амсоли инњо аз шумора ва исми шумурдашаванда: ду дона себ, панљ сар асп, ду нафар коргар, як даста гул, як дарза алаф, чор љуфт кафш ва ѓайра;

- шуморањои миќдорї аз калимаи дарсад: 100 дарсад, 50 дарсад, дањ дарсад, бист дарсад ва ѓайра.

29. Шуморањои навъи зер ду тарзи навишт доранд:

- шуморањои миќдорї: чор//чањор, чил//чињил, дусад//дувист ва ѓайра;

- шуморањои тартибї: дуюм//дувум, сеюм//севум, чорум//чањорум ва ѓайра.

30.Бо нимтире навишта мешаванд:

- шуморањои тахминї: як-ду, се-чор, дањ-понздањ, сї-чил, сад-дусад, њазор-ду њазор ва ѓайра;

- нумеративи то дар шуморае, ки  бо  раќам навишта шудааст:  3-то, 5-то, 20-то, 100-то, 1000-то ва ѓайра;

- пасвандњои шумораи тартибии -ум (-юм), -умин (-юмин) аз раќам: 5-ум, 12-ум, 2-юм, 30-юмин солгарди Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон, 8-уми март, 23-юми феврал, хонаи 54-ум, ошёнаи 12-ум ва ѓайра.

Эзоњ. Агар шуморањо бо раќамњои римї навишта шаванд, пасвандњои -ум (-юм), -умин (-юмин) ва бандаки изофї навишта намешаванд: асри ХХ, синфи Х, боби II ва ѓайра.

Дар  матни  санадњои  њуќуќї  пасвандњои  шумораи  тартибии -ум (-юм),  -умин (-юмин) пас аз раќам навишта намешаванд: сархати дуюми ќисми 4 моддаи 20 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ва ѓайра.

 

8. ИМЛОИ ЉОНИШИН

31. Якљо навишта мешаванд:

- љонишинњои сохта: њамин, њамон, чунин, чунон ва ѓайра;

- љонишинњои мураккаб: инчунин, ончунон, њамчунин, њамчунон, њамдигар, инљониб ва ѓайра;

- бандакљонишинњо (-ам//-ям, -ат//-ят, -аш//-яш, -амон//  -ямон, -атон//-ятон, -ашон//-яшон) бо калимањо: китобам, китобат, китобаш, китобамон, китобатон, китобашон, орзуям, орзуят, орзуяш, орзуямон, орзуятон, орзуяшон ва ѓайра;

- њангоми ихтисор дар назм бандакљонишинњои шумораи танњо ва љамъ дар калимањое, ки бо садонок анљом меёбанд: дунёт (дунётон), савдош (савдошон), ѓамњот (ѓамњотон) ва ѓайра;

- њангоми ихтисор дар назм бандакљонишинњои шумораи љамъ дар калимањое, ки бо њамсадо анљом меёбанд: писармон, писартон, писаршон ва ѓайра.

32. Људо навишта мешаванд:

- љонишинњои таркибї: ин гуна, он гуна, ин ќадар, он ќадар, њар ќадар, њар як, њар ки, њар чи, њељ як, чї гуна?, чї хел?, чї ќадар?, чї навъ? ва ѓайра;

- љонишинњои саволии кї?, чї?, чанд?, кадом? дар таркибњо: чї хел?, чї гуна?, чї тавр?, чї ќадар?, чанд хел?, кадом навъ? ва ѓайра.

33. Бандакљонишинњои -ам//-ям, -ат//-ят, -аш//-яш дар калимањое, ки бо њамсадо анљом меёбанд, њангоми ихтисор дар назм бо нимтире навишта мешаванд: писар-м, падар-т, лашкар-ш, гуфтам-ш, додам-ш ва ѓайра.

 

9. ИМЛОИ ФЕЪЛ

34. Якљо навишта мешаванд:

- пешвандњои феълии дар-, бар-, фур-, фар-, боз- во-: даромадан, баромадан, бархостан, фуромадан, фаромадан, бозгаштан, вогирифтан, вогузоштан ва ѓайра;

- пешвандњои шаклсози ме- (њаме-), би- (бу-): меравад, меояд, њамегуфт, њаменаравад, бишкуфтан, бубар, бубин ва ѓайра;

- пешвандњои инкории маъносози на-, ма-: нарав, марав, нагў(й), магў(й), нахостан, надоштан ва ѓайра;

- бандакњои феълии -ам, -ї, -ад, -ем, -ед, -анд (донам, донї, донад, донем, донед, донанд); -ам, -ї, -ем, -ед, -анд (хондам, хондї, хондем, хондед, хонданд) ва бандакњои хабарии -ам, -ї, -аст, -ем, -ед, -анд: хондаам, хондаї, хондааст, хондаем, хондаед, хондаанд ва ѓайра;

- феъли њаст дар шакли ихтисор (-ст): мардест, шахсест, доност, хонданист, рафтанист ва ѓайра.

35. Људо навишта мешаванд:

- љузъњои феъли таркибии номї: даъват кардан (намудан, шудан), андеша кардан, сурх шудан, якљо шудан ва ѓайра;

- љузъњои феъли таркибии номии пешоянддор: аз бар кардан, аз ёд кардан, ба љо овардан, умр ба сар бурдан, дар бар гирифтан, ба воя расидан, ба кор бурдан ва ѓайра;

- шаклњои таркибии феъл: хонда буд, нахоњад хонд, хондан гирифт, рафта истода буд, ташкил карда мешавад, бояд иљро кунад ва ѓайра;

- калимањои во ва боз њамчун љузъњои мустаќил: во кардан, во шудан, боз гардидан, боз хондан, боз истодан ва ѓайра.

36. Пешванди инкории на- њангоми ихтисор дар назм бо нимтире навишта мешавад: н-омўзад, н-омад, н-осояд ва ѓайра.

 

10. ИМЛОИ СИФАТИ ФЕЪЛЇ

37. Якљо навишта мешаванд:

- сифатњои феълие, ки аз асоси замони њозираи феъли таркибии номї бо пасванди -анда сохта шудаанд: донишљўёни имсол хатмкунанда, шахси ба саволњо љавобдињанда, њуљљати оморро нишондињанда, неруи љомеаро пешбаранда, муборизони дар роњи озодї маѓлубнашаванда, молњои ба бозор фиристодашаванда ва ѓайра;

- сифатњои феълие, ки аз асоси замони гузаштаи феъли таркибии номї бо пасванди сохта шудаанд: корњои дирўз иљрокарда, гўсфандони аз рама ќафомонда, амалњои неки анљомёфта, мусофирони ба автобус дермонда, наќшаи кории тартибдода, љаву гандуми тирамоњ киштшуда, наќшаи таъинкардашуда, чароѓи ба миёнљои миз гузошташуда ва ѓайра;

- сифатњои феълие, ки аз феъли таркибии номї ва иборањои пешояндї сохта шудаанд: корњои имрўз баанљомрасида, љавонони имрўзаи азхудрафта, пири барнодили барљомонда, умеди пуринтизори барбодрафта, њодисаи ногањон баамаломада ва ѓайра;

- сифатњои феълии замони оянда бо пасванди -ї: бењтарин солњои фаромушнашуданї, ниятњои неки иљрошуданї, суханони бисёри ногуфтанї ва ѓайра.

 

11. ИМЛОИ ФЕЪЛИ ЊОЛ

38. Љузъњои феъли њол бо пасванди -он (-ён) якљо навишта мешаванд: хандакунон, бозикунон, навозишкунон, суњбаткунон, раќскунон, додгўён, сурудхонон ва ѓайра.

39. Феълњои њоли таркибии замони гузашта људо навишта мешаванд: аз њуш рафта, аз по афтида ва ѓайра.

40. Бо нимтире навишта мешаванд:

- феъли њоли такрор: ларзон-ларзон, хандон-хандон, хандида-хандида, давон-давон, лангон-лангон ва ѓайра;

- феъли њол бо љузъи номии такрор: пичир-пичиркунон, њай-њайгўён, чањ-чањзанон ва ѓайра.

 

12. ИМЛОИ ЗАРФ

41. Якљо навишта мешаванд:

- зарфњое, ки бо пешвандњои ба-, бо-, бар-, бе-, дар-, но- ва то- сохта шудаанд: баногоњ, бакуллї, бодиќќат, бомуваффаќият, ботафсил, барваќт, барќасд, бемаврид, дарњол, ногоњ, торафт ва ѓайра;

- зарфњои мураккаб: дузону, дучанд, якзайл, якпањлу, дирўз, чорзону, кинояомез, пасфардо, порсол, парерўз, умрбод ва ѓайра;

- зарфњое, ки аз шумораву исм бо пасвандњои -а, -ї (-гї) сохта шудаанд: дудаста, дутої, садметрї, седонагї, панљдонагї, садграмї, чоркилої ва ѓайра;

- зарфњои мураккабе, ки ба воситаи миёнванди -о- сохта шудаанд: дуродур, сарозер, лаболаб, пасопеш, пешопеш ва ѓайра.

42. Људо навишта мешаванд:

- зарфњое, ки аз такрори калима ва пешоянд сохта шудаанд: дам ба дам, рўз то рўз, ваљаб ба ваљаб, сол ба сол, хона ба хона, рў ба рў, дар ба дар, пай дар пай ва ѓайра;

- зарфњое, ки бо ибораи изофї ифода шудаанд: дасти холї (омадан), сари остин (салом кардан), сари по (нишастан), пойи луч (давидан) ва ѓайра.

43. Бо нимтире навишта мешаванд:

- зарфњое, ки аз такрори калима сохта шудаанд: ањён-ањён, доман-доман, даста-даста, зуд-зуд, оњиста-оњиста, сето-сето, љо-љо, халта-халта ва ѓайра;

- зарфњое, ки љузъи шуморавии онњо бо раќам ифода ёфтааст: 450-килої, 300-грамї, 10-тоннї// тоннагї, 90-сарї ва ѓайра;

- дар байни зарфњое, ки аз калимањои таќлиди овозї бо пасванди -он сохта мешаванд: ќањ-ќањзанон, пичир-пичиркунон, гумбур-гумбуркунон, чањ-чањзанон ва ѓайра.

 

13. ИМЛОИ ПЕШОЯНД

44. Људо навишта мешаванд:

- пешояндњои аслии ба, бо, бар, аз, зи, бе, барои, дар, андар, љуз, то бо калимањои мустаќилмаъно: аз сафар баргаштан, аз ў пурсидан, ба бозор рафтан, бар (ба) бом баромадан, бо бародар нишастан, аз чор се њисса, дар бар гирифтан, андар хаёлоти љавонї, андар дил, аз ёд кардан, барои рафиќ, зи бањор шукр гўям, зи дурии замонањо, љуз модар, то сањар ва ѓайра;

- пешояндњои таркибии номии ѓайриизофї: пеш аз, пас аз, доир ба, рољеъ ба, нисбат ба, оид ба, назар ба ва ѓайра.

45. Бо нимтире навишта мешаванд:

- пешояндњои изофии номии такрор: гирд-гирди, зер-зери, таг-таги, тањ-тањи, лаб-лаби, рў-рўйи, пас-паси, сар-сари, ќад-ќадди, пеш-пеши ва ѓайра;

- пешояндњои ба ва аз (зи) бо љонишинњои ин, он ва ў танњо дар назм чунин шакли навишт доранд: бад-ин, бад-он, бад-ў; з-ин, з-он, з-ў ва ѓайра.

 

14. ИМЛОИ ПАСОЯНД

46. Пасоянди -ро  бо калима якљо навишта мешавад: Ватанро бояд муњофизат кард. Харбузаро буред. Мо мењмононро пешвоз гирифтем ва ѓайра.

47. Пасояндњои номї ва калимањои пасояндии барин, боз, пеш, ќабл, замон, њамон, њамоно аз калимањо људо навишта мешаванд: гул барин нозук, ду сол боз, як њафта пеш, панљ сол ќабл, омадан замон, шунидан њамон (њамоно) ва ѓайра.

48. Пасоянди -ро пас аз нохунак, ќавс, ихтисора ва раќам бо нимтире људо карда мешавад: Ман «Шоњнома»-ро хондам. Сараъзо (мубтадову хабар)-ро бунёди љумла медонанд. ДМТ-ро соли 2020 хатм кард. Адади 4-ро ба 2 таќсим кунед ва ѓайра.

 

15. ИМЛОИ ПАЙВАНДАК

49. Якљо навишта мешаванд:

- пайвандакњои мураккаб: балки, чунки, агарчи (гарчи), азбаски (баски), вагарна, њарчанд, гарчанд ва ѓайра;

пайвандаки -у, (-ву, -ю) бо калимаи аввали ибораю таркибњо: ёру рафиќ, хонаву дар, кўчаву бозор, донову нодон, орзуву омол, пастию баландї, сарею савдое, сиёсию иљтимої ва ѓайра.

50. Људо навишта мешаванд:

- пайвандаки пайвасткунандаи ва: устодон ва шогирдон, Забони модариро њама бояд хуб донанд ва гиромї доранд ва ѓайра;

- пайвандаки тобеъкунандаи ки: Ў ќавл дода буд, ки фардо меояд, Давлате, ки мо дар он зиндагї мекунем, бињишти рўи замин аст ва ѓайра;

- љузъњои пайвандакњои таркибї: то ки, ваќте ки, зеро ки, бо вуљуди ин (он) ки, сарфи назар аз ин (он) ки, бо назардошти он ки, аз сабаби ин (он) ки, њарчанде ки, гарчанде ки, ба ќадре ки, ба тавре ки, бе ин (он) ки ва ѓайра.

51. Пайвандакњои ва, ки дар назм ба шакли ихтисор бо нимтире навишта мешаванд: в-аз (ва аз), в-ў (ва ў), к-аз (ки аз), к-он (ки он), в-имрўз (ва имрўз),  к-омад (ки омад), в-арна (вагарна) ва ѓайра.

 

16. ИМЛОИ ЊИССАЧА

52. Љузъњои њиссача ва калимањои рехтаи навъи зер якљо навишта мешаванд: кошки, бигузор (бигзор), мабодо ва ѓайра.

53. Људо навишта мешаванд:

- њиссачањои ња (њо), оре, бале, на, на ... на, чи ... чи, не, фаќат, танњо, гўё, магар, њатто, њаргиз, асло, оё, њам, низ аз калимањои дигар: На омадед ва на пайѓом фиристодед. Ин гапро танњо (фаќат) як кас медонист. Њатто баъд аз љаласа бањс идома дошт. Оё (магар) ин кор барои Шумо душвор нест? Мењмон њам (низ) бо мо меравад. Њаргиз ба роњи бад наравед. Ўро асло надидаам ва ѓайра;

- њиссачањои таркибии биё мон, гўё ки, шояд ки, равад ки, на фаќат, на танњо ва ѓайра.

54. Њиссачањои -чї, -ку, -а пас аз калима бо нимтире навишта мешаванд: равем-чї, баргардем-чї, рафтед-ку, нагуфтед-ку, наовардед-а ва ѓайра.

 

17. ИМЛОИ НИДО

55. Нидоњои сохта якљо навишта мешаванд: дареѓо, дардо, аљабо, њайфо ва ѓайра.

56. Нидоњои таркибї људо навишта мешаванд: сад дареѓ, сад афсус, бисёр афсус, сад њайф, во дареѓо, њай дареѓ, э вой ва ѓайра.

57. Нидоњои такрор бо нимтире навишта мешаванд: бай-бай, бањ-бањ,    вай-вай, њай-њай ва ѓайра. 

 

Замимаи № 2

ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 июни соли 2021, №268

Аломатњои китобати забони тољикї

 

1. АЛОМАТИ НУЌТА (.)

1. Нуќта дар охири љумлаи њикоягї гузошта мешавад. Љумлае, ки дар охири он нуќта гузошта шудааст, фикри тамомшударо фањмонида, мазмуни хабарї дорад:

Љоми љањоннамои Кайхусрав љањонро фаќат дар Наврўз нишон медод. (Сотим Улуѓзода)

Тавоно бувад, њар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

                              (Абулќосим Фирдавсї)

 

Дар осмон ситорањо медурахшиданд.

                           (Фазлиддин Муњаммадиев)

ва ѓайра.

 

2. Дар њолати бо оњанги оромона баён кардани орзу, дуои нек ва тањсину таманно дар охири љумла ба љойи аломати хитоб нуќта гузошта мешавад:

Офарин бар ин гуна пешсафони мусобиќа.

Эй хоќони аъзам, љовидон, зинда ва фархунда бош.

Эй наљибаи вологавњар, Худованд мењри туро аз Бежан набурад.

                                                                               (Сотим Улуѓзода)

ва ѓайра.

 

3. Дар ваќти ихтисор кардани номњо аломати нуќта баъд аз вожаи ихтисоршуда гузошта мешавад:

- дар ваќти навиштани нишонї вобаста ба калимањои маъмурию љуѓрофї: вилоят (вил. Хатлон), шањр (ш. Душанбе), дења (д. Њамешабањор)ва ѓайра;

- дар ваќти навиштани ном, насаб ва тахаллуси одамон: М. Аминї, Б. Сафолзода, Ф. Каримдухт, Н. Азизпур ва ѓайра;

- дар ваќти ба њисоб гирифтани тартибу миќдори ашёи људогона пас аз калимањои кутоњшудаи сол, сањифа, љилд ва ѓайра: с.1970 (соли 1970), сањ. 650 (сањифаи 650), 240 сањ. (240 сањифа), љ. 3-юм (љилди 3-юм)ва ѓайра;

- дар фењристи адабиёт номи баъзе шањрњо, аз љумла, Душанбе, Москва, Ленинград, Санкт-Петербург агар ихтисор навишта шаванд:  –Д., –М., –Л., –СПб. ва ѓайра.

4. Нуќта дар мавридњои зерин гузошта намешавад:

- дар охири сарлавњањо:

Наврўзи дилафрўз

Диёри обњои мусаффо

ва ѓайра;

- дар муќоваи китобњои илмї, бадеї, дарсї, маљалла ва дигар нашрияњо баъд аз насаби муаллиф ва унвони онњо:

 

Садриддин Айнї

Дохунда

 

Бобољон Ѓафуров

Тољикон

 

Ќосимї Мукаррама Набидухт

Об дар «Шоњнома»

ва ѓайра;

- дар охири номи санадњо ва њуљљатњои расмї-коргузорї: ариза, ќарор, гувоњнома, тасдиќнома, тавсифнома, фармон, фармоиш, амр ва ѓайра, ки моњияти мазмуни онњо ба тамоми матн иртибот дорад:

Ариза

Фармон

Фармоиш

Тавсифнома

ва ѓайра;

- дар байн ва охири њарфњои калимањои ихтисоршудаи номњои љуѓрофї: ВМКБ (Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон); ташкилотњо: АМИТ (Академияи миллии илмњои Тољикистон), ДМТ (Донишгоњи миллии Тољикистон), БМТ (Бонки миллии Тољикистон), ЉДММ «Орзу» (Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «Орзу»), СММ (Созмони Милали Муттањид)ва ѓайра;

- агар калимањои грам(м), килограм(м), сентнер, сантиметр, метр, километр ва монанди инњо, ки воњидњои миќдор, ченак ва ё њаљму сатњ мебошанд, дар шакли ихтисор оянд: 10 г спирт, 50 кг биринљ, 80 м чит, 20 га замин, 3 млн, 7 м2;

- дар охири таърихи рўз:

27-уми октябри соли 1964

30-юми октябри соли 2020

ва ѓайра.

 

2. АЛОМАТИ САВОЛ (?)

5. Аломати савол пурсишро ифода карда, дар охири љумлаи содаи саволї гузошта мешавад:

Яке аз бандиён пурсид:

Ту аз куљої ва писари кистї?

Аз фалон дења, писари Арбоб Камол ном шахс.

Падарат зинда аст?

Њо.

Молу мулк дорад? (Садриддин Айнї)

ва ѓайра.

 

6. Дар охири љумлањои саволї, ки љавоби шунавандаро талаб намекунанд, аломати савол гузошта мешавад:

Ба омадан-ку омадам, аммо акнун ўро чї тавр партофта меравам? (Сотим Улуѓзода)

Модоме ки халќ ба љанговарон њадя мефиристодааст, ... ман чї тавр аз ќатор берун монда метавонам? (Фотењ Ниёзї).

Эзоњ. Агар љумлањои саволї эњсосоти гўяндаро дар бар гиранд, дар баробари аломати савол аломати хитоб њам гузошта мешавад:

Эй хунхор, то чанд чунин суханњо мегўйї?! 

(Сотим Улуѓзода)

ва ѓайра.

 

7. Дар љумлањои саволии аслї ва ѓайриаслї барои ифодаи пурсиш се воситаи асосии саволї кор фармуда мешавад:

љонишинњои саволї (пурсишљонишинњо): кї?, чї?, кињо?, чињо?, кадом?, чанд?, чаро?, ку?, куљо?, кай?, чї тариќ?, чї тавр?:

Хуб, чї шудааст? Осмон ба замин фуру ѓалтид, магар?                   (Сотим Улуѓзода)

Чаро имрўз ба дарс наомадї?

Омад бари ман. Кї? Ёр. Кай? Ваќти сањар...

(Абуабдуллоњи Рўдакї)

Эй марди дењќон, маќомгоњи Рустами Дастон куљост?

(Сотим Улуѓзода)

Ба куљо равам? Чї кунам? Дарди дил ба кї гўям?

(Пўлод Толис)

Чї хабар? Гулбарги рўят аз чї пажмурда аст?

(Сотим Улуѓзода)

њиссачањои саволї (магар, наход, наход ки, оё, -а, -чї ва ѓайра):

Магар шумо хабар надоштед?

Наход њамин ќадар ширин бошад?  (Фотењ Ниёзї)

 

Оё Мењрон фањмид, ки ин манзумањо ба љойи ариза аст?

                                                                   (Сотим Улуѓзода);

- тарзи талаффуз, оњанги пурсиш:

Рост бигў, хулќу атвори онњо чї гуна аст? Хушахлоќанд?

Шумо бо ин дурўѓ мехоњед гиребони худро аз чанги ман бирањонед?

                                                                                   (Сотим Улуѓзода)

 

Наёмад ба гўшат ба њар анљуман,

Камону каманди гави пилтан?

                                                   (Абулќосим Фирдавсї)

 

Зи чашми шўхи ту љон кай тавон бурд?

Ки доим бо камон андар камин аст.

                                         (Њофизи Шерозї)

ва ѓайра.

 

3. АЛОМАТИ ХИТОБ (!)

8. Аломати хитоб дар њолатњои зерин гузошта мешавад:

- дар охири љумлаи хитобї:

Хуш омадед, дўстон, бори дигар биёед!

Тољикистон, ба пеш!

Љовидон бод сулњ дар олам!

ва ѓайра;

- дар охири љумлаи амр ва хоњиш, ки бо оњанги хитоб талаффуз мешавад:

Фарзандонам, њамеша китоб хонед!

Инсоф кун! Гунањгор дигарон буданд, дигарон!

(Њаким Карим);

- дар њолатњое, ки хитоб, нидо ва калимањои ња, оре, бале, не (на), эй, њошо, бањ-бањ ва ѓайра бо оњанги хитоб талаффуз мешаванд:

Ња, парво накун, ѓусса нахўр! (Љалол Икромї)

Эй писар, бидон, ки дарахт бо решааш мустањкам аст!                 (Саъдии Шерозї)

Бале, аз ќазову ќадар гурез набудааст!  (Сотим Улуѓзода)

Банд дар пойи Рустам! Њошо! Маро чархи баланд њам баста наметавонад. (Сотим Улуѓзода)

Бањ-бањ! Доноёни ман бињишт дидаанд!  (Сотим Улуѓзода)

Тавба! Сад тавба! – аз нав даст ба гиребон бурд Абдулањад.         (Саттор Турсун)

ва ѓайра;

- пас аз мухотаб дар аввали љумла:

Эй худписанд! Ту лоф задї, ки њамоварди Исфандиёр њастї!

                                                                                  (Сотим Улуѓзода)

ва ѓайра.

 

9. Агар дар љумлаи хитобї оњанги талаффуз бошиддат бошад, ду ё се аломати хитоб гузошта мешавад:

Эй нопоки хештанношинос! Ба дастам афтодї!!  (Сотим Улуѓзода)

Бењаё ту, золим ту, беномус ту!!!  (Сотим Улуѓзода)

Ба чашмам нигоњ кун, номард!! Ман Восеъ!!  (Сотим Улуѓзода)

ва ѓайра.

4. АЛОМАТИ ВЕРГУЛ (,)

10. Аломати вергул дар мавридњои зерин гузошта мешавад:

1) барои људо кардани аъзои чидаи љумла, ки дар байни онњо пайвандакњои пайињами ва, -у (-ю) наомадаанд:

Илоњї сафари њамаи он касон, ки аз хона, љой, падару модар, зану фарзанд људо шуда, ба хизмати аскарї рафтаанд, бехатар бошад. (Фотењ Ниёзї)

Нони гандумии хушбўй, шири гарм ва асал љоѓи мењмонро тафсонд. (Сотим Улуѓзода)

ва ѓайра;

2) барои људо кардани аъзои такрор:

 

Фазлу њунарам, Ватан, туї, ту,

Сози зафарам, Ватан, туї, ту.

                                                            (Мирзо Турсунзода)

ва ѓайра;

3) барои људо кардани аъзои истисної:

- агар аъзои истисної њаљму андозаи маънои аъзои муќаррариро мушаххасу сањењ кунад, аз ду тараф бо аломати вергул људо карда мешавад: Њоло бисёрињо, махсусан љавонон, аз кўњистон оњиста-оњиста ба водї мекўчанд. (Саттор Турсун);

- агар аъзои истисної бо аъзои муќаррарї (эзоњшаванда) аз љињати ифодаи маъно баробар ё муодили якдигар бошад, пеш аз аъзои истисної аломати тире ва пас аз он аломати вергул гузошта мешавад: Ўро – Фирўзаро, тамоман бекас мондан намехоњад. (Љалол Икромї)

Ман – Фирўз Шоњрухзода, соли 2020 ба донишгоњ дохил шудам, ...

ва ѓайра;

4) барои људо кардани мухотаб. Дар ин њолат чунин ќоида бояд риоя карда шавад:

- дар аввали љумла пас аз мухотаб:

Эй шањриёр, гуфтори Гургин пур аз ёва аст.

(Сотим Улуѓзода)

Очаљон, дар берун њаво хеле хунук, шумо одами пир, боз хунук назанад? (Фотењ Ниёзї);

- дар байни љумла аз ду тарафи мухотаб:

Яке панди модаратро шунав, писар, ба бадї макўшу шитоб макун.

Рост мегўї, эй ёри бовафо ва мењрубонам, њама мусибати ту аз боиси ман аст. (Сотим Улуѓзода);

- дар охири љумла пеш аз мухотаб:

Дар достонњои Фирдавсї панду њикмат бисёр аст, соњиб.  ...

ва ѓайра;

5) барои људо кардани калимаву ибора ва љумлањои туфайлї:

- агар калимаву ибора ва љумлањои туфайлї дар аввал оянд, пас аз онњо вергул гузошта мешавад:

Хушбахтона, Зебї пас аз муддате аз роњ баргашт.

(Сотим Улуѓзода)

Нињоят, он рўзи фирўз расид. (Садриддин Айнї)

Ба назарам, имсол бањор хеле серборон омад.

(Љалол Икромї)

Њамин тавр, барои ифодаи навъњои гуногуни рустанињои њосилдењ истилоњоти мухталифе истифода мешаванд, ки дар онњо калимаи асосї худи рустанињоянд.

Тавре ёдрас шудем, ин устоди бузург беш аз 30 сол сарварии кафедраи забони тољикии Донишгоњи миллии Тољикистонро ба уњда доштанд ва дар ин муддат кафедра яке аз марказњои ќавии илми забоншиносї ва таълими он гардид.;

- агар калимаву ибора ва љумлањои туфайлї дар охири љумла оянд, пеш аз онњо вергул гузошта мешавад:

Дуруст мекунем, албатта. (Сотим Улуѓзода)

Ин аберааш, гардам аз саратон… (Садриддин Айнї)

Мо ќудрату тавони инро надорем, худат медонї….

ва ѓайра;

- агар калимаву ибора ва љумлањои туфайлї дар байни љумла оянд, аз ду тараф бо вергул људо карда мешаванд:

Аспи вай, бар хилофи чашмдошти ман, хеле тез метохт.

Тайсафуни ќадима, ба арабї Мадоин, шояд ба њамин Баѓдод монанд буд. (Сотим Улуѓзода) 

ва ѓайра;

6) барои људо кардани нидо, ки бо оњанги хитоб талаффуз нашудааст:

Оњ, Њомидљон, омадед? Шумо бо мо меравед. (Рањим Љалил)

Оббо, гўр пирї шавад, ќариб ки нашиносам-а? – гуфт охир Юнусбобо.    (Фотењ Ниёзї)

ва ѓайра;

7) барои људо кардани њиссачањои тасдиќї (ња, бале, оре) ва инкорї (не, на):

Оре, вай дар он љавон писари худро шинохт.

(Сотим Улуѓзода)

Ња, аз модарам ва аз як муаллимаи мактаби дењаамон.

(Фотењ Ниёзї)

На, султонам, дар ин љо шинос шудам. (Сотим Улуѓзода)

Не, ба фикрам, њељ гап не. (Фотењ Ниёзї)

Не, мон, гап занад вай. (Фазлиддин Муњаммадиев)

ва ѓайра;

8) барои људо кардани љумлањои содаи таркиби љумлаи мураккаби пайваст:

Золи Зар зуд аз асп фуруд омада, ба Бањман таъзим кард, Бањман њам пиёда шуд, њар дуяшон чанде пурсу пос карданд. (Сотим Улуѓзода)

Љањонро бо чашми љавонї мабин, хашму кинро аз дил бадар кун.     (Сотим Улуѓзода)

ва ѓайра;

9) дар љумлањои мураккаби пайвасти хилофии пайвандакдор:

Манижа бояд ба шањр бармегашт, аммо дилаш ба људої аз Бежан андуњгин буд.

Ин буд фикру хаёли шоир, вале таќдир ба вай чизи дигаре пеш овард.

Фаррухзод яке сахт њуљуми љавобї кард, лекин њуљумаш барор нагирифт. (Сотим Улуѓзода)

ва ѓайра;

10) барои људо кардани љумлаи пайрав дар таркиби љумлаи мураккаби тобеъ:

Умар донист, ки кори хубе кардааст.

Агар бемор дуруст шуданї бошад, табиб ба дари хона меояд.

Ман ба ту таслим намешавам, зеро ту як нафар ѓулом њастї ва ман шоњ. (Сотим Улуѓзода)

ва ѓайра;

11) дар љумлањои мураккаби тобеъ, аломати вергул дар мавридњои зерин гузошта мешавад:

- агар љумлаи пайрав баъд аз сарљумла омада бошад, пеш аз он вергул гузошта мешавад:

Бар ќуббаи заррини ќамар оњиста-оњиста сояи сиёњ хазидан гирифт, то он ки се њиссаи онро тамоман пахш кард.

Ба њар њол пешомадњои нохуш паси сар шуданд, гарчанде ки талхии онњо дар дили шоир боќї монд.;

- агар љумлаи пайрав пеш аз сарљумла омада бошад, аломати вергул пас аз љумлаи пайрав гузошта мешавад:

Ваќте ки навкари вакили молиёт ба Бож омада, Фирдавсиро ба назди њоким бурданї шуд, шоир њайрон шуд.

(Сотим Улуѓзода);

- агар љумлаи пайрав дар байни сарљумла омада бошад, аз ду тараф бо вергул људо карда мешавад:

Одина, ваќте ки аз баргашта рафтани Ибод хотирљамъ шуд, ба модаркалонаш гуфт. (Садриддин Айнї)

Чакрањое, ки аз чандин чунин чашмањо мечаканд, дар як љо ѓун шуда, љўйчаи мусаффоеро ба њам мерасонанд.

(Садриддин Айнї)

ва ѓайра;

12) дар нутќи мазмунан наќлшуда:

- агар сухани гўянда баъд аз нутќи мазмунан наќлшуда омада бошад, аломати вергул пеш аз он гузошта мешавад:

Не, шумо пеш дароед, сарбоз, љавоб медод дигаре бо овози њаяљономези ларзон. (Фотењ Ниёзї);

- агар сухани гўянда дар байн омада бошад, аз ду тараф бо вергул људо карда мешавад:

Бегоњ шуд, – љавоб дод Рустам, – шаби тира кас набард намекунад.

Шод бош, – ба расми ориёї салом дод ба вай Рустам, – тану љонат ба дониш обод бод. (Сотим Улуѓзода)

ва ѓайра;

13) дар ваќти такрор омадани амале, ки маънои инкор дораду бо пайвандаки људоии ё … ё меояд, љумлаи содаи якум бо вергул људо карда мешавад:

Ё дар идора касе набуд, ё телефон вайрон буд.

Ё бояд корро хобонем, ё асбоби нав дињед. (Садриддин Айнї)

Ин сандуќ ё аз тилло пур, ё аз китоб. (Фазлиддин Муњаммадиев)

Ё ба кино медарояд, ё ба назди яке аз рафиќонаш меравад.       (Фазлиддин Муњаммадиев)

ва ѓайра.

 

5. АЛОМАТИ НУЌТАВЕРГУЛ (;)

11. Нуќтавергул дар чунин мавридњо гузошта мешавад:

дар байни аъзои чидаи тафсилї, ки бо раќам ё њарф гурўњбандї шудаанд:

Дар адабиёти тољикї жанрњои зерини шеърї мављуд аст:

1) рубої;

2) дубайтї;

3) ѓазал;

4) ќасида;

5) ќитъа;

6) маснавї;

7) достон;

- дар байни ќисмњои љумлањои мураккаби тобеи сертаркиб:

Ришаш сиёњ ва ба ќайчї карда шуда буд; рўяш пурраи сафедчаи сурхчатоб ва чашмони бемижгони пўшида ва хушкидарафтааш дар он рўйи сурхчатоб ба парчаи њарири гулобї монанд буд; абруњояш сиёњи сермўйи баланд; либоси ин нобино фаќирона, лекин бисёр озода буд. (Садриддин Айнї);

- дар байни њиссањои љумлаи мураккаби тобеъ:

Умре, ки баъд аз вафоти шавњар дар дари мардум мегузаронд; таоми бадастае, ки аз деги њамсоягон ба ивази мењнат ва машаќќатњои беандозааш мехўрд; захми забони занони њамсоя, ки ў канизи бебањои онњо шуда буд, сафедор барин ќадди рости холаро камон барин ќат карданд. (Њаким Карим);

- дар байни ќисмњои љумлаи мураккаби омехта:

Падар, то ваќте ки чашмаш кор мекард, ба болои чархи осиё кор кард, аммо он рўз аз њаррўза барваќттар рўз торик шуд; бод шиддат карда, аз њавои гарду ѓуборолуд регборон сар шуд; рег монанди борон борида, дар андак фурсат рўйи заминро регфарш кард; њарчанд дарњои хонаро кушода, чароѓро гиронда будам, аз таркишњои дар рег ба хона њам медаромад.

(Садриддин Айнї)

ва ѓайра.

 

6. АЛОМАТИ БАЁН (:)

12. Аломати баён (дунуќта) дар мавридњои зерин гузошта мешавад:

- пас аз калимаи хулосакунанда:

Дењќонони бисёре, зану мард дар сабаду каљовањо анвои меваљот: ангур, нок, олу, зардолу, анор, анљир, харбузаву тарбузњоро барои фурўш ба лашкаргоњ оварданд.

(Сотим Улуѓзода);

- барои људо кардани њудуди љумлањои сода, ки дар таркиби љумлањои мураккаби бепайвандак омада, бо њамдигар муносибати сабабу натиља доранд ва яке дигареро шарњ медињад:

Падарам ба ман насињат карда гуфт: – «Ту бояд љавони кордон ва зирак шавї!». Манижа шитобон назди Рустам рафт, ба вай аз Бежан паём дод ва гуфт: – «Рустами Дастон туї!». (Сотим Улуѓзода);

- дар муколама ва суњбат њудуди сухани муаллиф аз нутќи айнан наќлшуда људо карда мешавад:

Абуалї ибни Сино баъд аз тамом кардани тањсили илм ба сараш чї воќеа рўй доданро ба тарзи зерин њикоя мекунад: «Дар 18-солагиям ман аз њамаи ин илмњо фориѓ гардидам, баъд аз он падарам вафот кард ва бар ањволи ман дигаргунињо рўй дод ва бар гардани ман чизеро аз амалњои султонї бор карданд ва баъд аз он зарурат маро бар он дошт, ки аз Бухоро биравам ба Гурганљ». (Садриддин Айнї)

ва ѓайра.

 

7. АЛОМАТИ ТИРЕ (–)

13. Аломати тире вазифаи тавзењ ва људо карданро иљро менамояд ва дар мавридњои зерин гузошта мешавад:

- дар байни мубтадо ва хабари номие, ки феъли ёвар њазф шудааст.

Лоиќ шоир.

Душанбе – пойтахти тољикон.

Фарзанди хуб – боѓи падар, фарзанди бад – доѓи падар.

(Зарбулмасал).

Эзоњ. Агар феълњои ёвар кор фармуда шуда бошанд, байни мубтадову хабар тире гузошта намешавад:

Лоиќ шоир аст.

Душанбе пойтахти тољикон мебошад.

Фарзанди хуб боѓи падар аст, фарзанди бад доѓи падар аст.

ва ѓайра;

- дар охири аъзои чида пеш аз калимаи хулосакунанда:

Ќасрњо, кўшкњо, саройњо, корвонсаройњо, бозорњо, ятимхонањо, мадрасањо, китобхонањо, манорањо – њама ва њама сўхта хокистар гардида буданд. (Садриддин Айнї);

- дар љумлањои мураккаби пайвасти хилофии бепайвандак:

Мењнат фаровон мекунад – танбалї вайрон мекунад.

(Зарбулмасал)

Вай намехандад – њаёт ба вай механдад. Њамаи ин чизњо мурдаанд – танњо ишќи зан зинда аст. (Абдусалом  Дењотї);

- дар љумлаи мураккаби тобеи бепайвандак, ки љумлаи пайрав шарти воќеии амалу њолати сарљумларо мефањмонад:

Њурмат кунїњурмат мебинї. (Зарбулмасал)

Мењнат кунї – роњат мебинї. (Зарбулмасал);

- барои људо кардани сухани муаллиф (наќлкунанда) аз нутќи айнан наќлшуда:

«Наход ки шумо аз ман хафа бошед?», – гуфт Њошим-корвон.                   (Сотим Улуѓзода)

«Корамон як рўз барор гирад, рўзи дигар, ба ќавле, фаќат ситора мешуморем», – гуфт вай;

- дар байни исм ва шуморањое, ки барои ифодаи фосилаи замон, њадди масофа ва андозаи њаљм истифода мешавад:

Автобуси Душанбе – Бохтар ба роњ баромад. Мо бо ќатораи тезгарди Душанбе – Москва ба саёњат рафтем. Роњи мошингарди Душанбе – Хуљанд аз наќбњои Истиќлол ва Шањристон мегузарад. Ќатораи Душанбе Хуљанд њамеша пуродам аст ....;

- баёнияи истисної аз муайяншаванда бо тире људо карда мешавад:

Вазорат аризаи шањрванд Бењин Абдулло – донишљўйи курси якуми Донишгоњи миллии Тољикистонро мавриди баррасї ќарор дод;

- дар муколама:

– Номат чист? – гуфта пурсид.

– Ёдгор!

– Номи падарат?

– Бозор!

– Чанд сол боз ин љо њастї?

– Аз дањ сол зиёд шуд. (Садриддин Айнї)

Модар аз тирезаи љониби варзишгоњ сарашро бароварда, писарашро     љеѓ зад:

– Шањзо-о-д, њо Шањзо-о-д!

Љавобе нашунид. Шавњараш, ки дар хонаи дигар саргарми мутолиа ва навиштан буд, шишањои айнакро бо лаби доман поккунон ба њуљра омада, коњишомез ѓур-ѓур кард:

– Мардумро безобита кардан хуб не, Ширин.

Фурсати лаб кушодан нарасида, мард боз пурсид:

– Ваќти аз хона баромадан иљозат пурсида буд?

– Бале, таъкид кардам, ки дур нарав, овози ман набаромада баргард.

– Чї љавоб дод?

– «Хуб, модарљон, хуб», гуфту туб дар даст парида-парида поин фуромад.

– Чаро ба ташвиш меафтї?

– Торикиро намебинед? (Абдулњамид Самад)

ва ѓайра.

 

8. АЛОМАТЊОИ ЌАВС ( ) ВА ЌАВСИ МУРАББАЪ [ ]

14. Аломати ќавс њудуди калима, ибора, љумлањои сода ва њатто чанд љумлаи шарњу эзоњдињандаро нишон медињад, ки ба матни асосї алоќаи грамматикї надорад, он баъзан аз љињати вазифа ба аломати тире ва калимаи «яъне» баробар аст. Ќавс дар њолатњои зерин гузошта мешавад:

- барои људо кардани аъзои чидаи љумла, ки баъд аз калимањои хулосакунанда бо маќсади тавзењ кор фармуда мешавад:

Зардолуњои пешпазак (љавпазак, моњтобї, лучак) кайњо пухтаанд. Умуман, маъмурони амир (ќозињо, раисњо, њокимњо ва дигарон) аз хазина моњона намегирифтанд ва бо ягон роње, ки аз замони пеш одат шуда омадааст, маишати худро таъмин карда, ба амир њам пешкаш мекарданд. (Садриддин Айнї);

- барои људо кардани воњидњои туфайлї, ки љињати возењ намудани нутќ хизмат мекунанд ва ё маълумотеро ба гуфтаи аввал илова менамоянд:

Дар он љо коллективона лубиёшўрак пухта мехўрдем (ман лубиёшўракпазиро дар ќисми дувуми романи «Ѓуломон» тасвир кардаам). (Садриддин Айнї);

- барои эзоњи калимањои камистеъмол, куњнашудаву аз истеъмолмонда, шевагї, истилоњоти соњавї ва муродифњои маълуму машњури онњо дар дохили ќавс зикр мешаванд:

Офтоби форами моњи мизон (сентябр) њавои Ёвонро монанди њавои бањорони беборон хушу хуррам гардонида буд.

Њамин тавр нест? – гуфта, ба Одина нигоњ карданд. (Садриддин Айнї);

- барои шарњу эзоњи таъбиру ибора ва љумлањои душворфањм ва маќолу зарбулмасалњои арабї кор фармуда мешавад:

Хатти «настаълиќ» (хатте, ки аз хатњои «насх» ва «таълиќ» ба вуљуд омадааст) пеш аз замони Навої баромада буд. (Садриддин Айнї);

- дар асарњои драмавї (намоишї) ќайду эзоњњое, ки ба амалу њолатњои ќањрамонон дахл доранд, дар ќавс нишон дода мешаванд:

ТАРИЭЛ (аз дањлез љањида баромада): Лайло, ман дар ин љо!

МАРТА (ба тарафи Лайло меравад): Чї гап шуд, љони хола? (аз намоишномаи «Ду ошиќи як дилбар»);

- барои људо кардани маълумоте, ки ба гуфтаи аввал зам мешавад:

Шеъри Бозор Собир «Забони модарї» (пештар ин шеър «Забони Ватан» ном дошт) дар ќироати ровии шинохта садо дод.

15. Ќавси мураббаъ маъмулан дар асару маќолањои илмї њангоми истинод ба адабиёт истифода мешавад:

[5, 2020, 39], яъне чунин маъно дорад, ки раќами 5 ба адабиёти истифода, 2020 соли нашри асар ва 39 раќами сањифае, ки аз он истинод шудааст. Дар асарњои илмї тарзи дигари нишон додани иќтибос низ истифода мешавад [Гулназарова, 2017, 55]

ва ѓайра.

 

9. АЛОМАТИ СЕНУЌТА (…)

16. Аломати сенуќта (бисёрнуќта) нотамомї, давомнокї, бурида шудани нутќ ва ихтисор шудани як ќисми матнро ифода менамояд. Ин аломат дар мавридњои зайл гузошта мешавад:

- дар ваќти ба њаяљону изтироб омадани гўянда ва ё бо сабабе бурида шудани љараёни нутќ:

Наход, гўед, шишта будем, ки… и-е-и-! – дар љояш истода монд пирамард писари боборо дида. – О…охир, ин Олимљон-ку! (Пўлод Толис);

- дар оѓози љумла барои нишон додани љойи бурида шудани нутќ:

…Хайр, бо телефон мегўям… Аз афти кор, аз ман ранљид… Не, вай бояд фањмад, ки њозир ваќти… (Пўлод Толис);

- дар иќтибос зимни ихтисори матн (аз аввал, мобайн ва охир):

«… миннатдор мешавем; агар рафиќон, аъзои мањфил ба ман, ба идораи маљаллаи «Хониши адабї», шеър ва њикояњои машќ кардаашонро фиристанд». (Максим Горкий);

њангоми канда-канда баён кардани фикр:

Модарљон, маро… бубахш… ман… гуноњ… надорам… о-о-о…охир вай… ма… ро ранљонд…;

- дар сурати ихтисор шудани лафзи ќабењ, суханони мамнуъ:

Аввал ба риши миршабу дарвозабон р…

В-он гањ ба риши муфтию ќозикалон р…;

- дар ваќти љавоб надодан ба пурсиш:

Ту њезумкаш бошї, дос, арѓамчин ва харат дар куљост?

Чикораї?

- …

Амин дид, ки аз бандї њељ садое намебарояд, ба яке аз одамони худ нигоњ карда фармон дод. (Садриддин Айнї)

ва ѓайра.

 

10. АЛОМАТИ НОХУНАК (« »)

17. Аломати нохунак дар мавридњои зерин гузошта мешавад:

- барои људо кардани нутќи айнан наќлшуда аз сухани худи гўянда:

Рўзе он подшоњро дар роње бо вай мулоќот афтод ва забон ба маќолот бикушод: «Эй дарвеш, сабаб чист, ки алоќа аз мо буридї ва ќадам аз омаду рафт кашидї?» Дарвеш љавоб дод: «Сабаб он ки донистам, ки наомада савол шунидан бењтар аст, аз омада малол дидан». (Абдурањмони Љомї)

Зубайда љавоб дод: – «Дар заминњои ман ба коштани пахта сар карданд».

«Њамаи гапи бобоям њамин будааст?»,– гуфта њайрон шудї?

(Фазлиддин Муњаммадиев);

- барои људо кардани калимаву иборањое, ки ба маъноњои маљозї ё кинояомез кор фармуда шудаанд:

Ман бо нигоњи машварат ба «шарики худ», ба бобоям нигаристам. (Садриддин Айнї)

Дина, рўзи дароз, катро «иљора» гирифтам…Љумњурият»)

Аспњо «оила»-ро пок нигоњ дошта, асло ба «бегона»-њо чашм ало намекунанд ва ба «доми фиреб» намеафтанд.Љумњурият»);

- номи ташкилотњо, китобњо, маљаллаву рўзномањо њангоми истифодаи онњо дар матн:

Шумораи нахустини рўзномаи нави тољикї «Паёми Душанбе», ки пайки айёми бозсозист, аз чоп баромад.

Нависанда Љумъа Одина романи «Гузашти айём»-ро ќабл аз давраи бозсозї навишта буд.

«Омўзгор» нашрияи расмии Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аст. ...;

иќтибос аз дигар асару маќолањо дар асарњои илмї: А. Рањмонзода доир ба китобу китобхонї чунин гуфтааст: «Саромадони њикмат ва адаби тољик ба китоб бо мењру муњаббат муносибат намуда, онро ягона омили дарёфти дониш медонистанд ва дар осору ашъори пурмуњтавои хеш арзиши баланди ин дўсти беминнатро ситоиш мекарданд».

18. Аломати нохунак њангоми тартиб додани рўйхати адабиёт дар асару маќолањои илмї гузошта намешавад. Тарзи овардани адабиёт чунин аст:

1. Айнї С. Куллиёт. Љилди 11. Китоби 2. Душанбе: Ирфон, 1964. 436 с.

2. Ќосимова М. Н. Ганљи сухан. Душанбе: Маориф ва фарњанг, 2013. –639 с.

3. Саломиён М. Вижагињои услубии баъзе пасвандњо дар забони шеъри тољикї//Суханшиносї. №1.Душанбе: Дониш, 2016. С. 33-38.

4. Њалимов  С.  Калимасозии  исм  дар забони адабии тољик/аз рўи забони «Гулистон»-и Саъдї//Масъалањои забон ва адабиёт. Ќисми 1/2. Душанбе: Дониш, 1975. С. 283-307.

 

11. САРХАТ

19. Сархат дар мавриди зерин гузошта мешавад:

- одатан, дар аввали сатри њар фикри нав, ки дар чанд љумла ифода ёфтааст, љойи холї гузошта мешавад. Аз ин рў, љойи холие, ки аз аввали сатр ба миќдори гунљоиши панљ њарф аст, љойи сархат ном дорад. Гузоштани сархат ба мазмуни нави матне, ки ба вараќ сабт мегардад, вобаста мебошад;

- пас аз сарлавња њар як мавзуъ ё фикри нав дар матн њамеша аз сархат навишта мешавад.

 

12. НИМТИРЕ (-)

20. Нимтире (дефис) хатчаи васлкунандаи байни ќисмњои калимаи мураккаб њангоми якљоя навиштан ё байни ду калимае мебошад, ки яке аз онњо муносибати баёниявї дошта, якљоя калимаи мураккабро ташкил медињанд. Ин аломат дар њолатњои зерин гузошта мешавад:

- дар байни калимањои такрор: тозон-тозон, давон-давон ва ѓайра;

- дар байни калимањое, ки љузъи шуморавиашон бо адад ифода шудааст: 1000-солагии зодрўзи Абуалї ибни Сино, 5500-солагии Саразми бостон, 15-рўза, 9-моња, 100-сола, 575-солагї ва ѓайра;

- исмњое, ки љузъи дуюми онњо маънои мустаќил надоранд: нон-пон, бача-кача, чой-пой, бозор-мозор, ќанд-панд, тахта-пахта ва ѓайра;

- дар байни калимањои таќлидї ва тасвирї: шар-шар, фаш-фаш,      чак-чак, гум-гум, ѓиљир-ѓиљир, тиќ-тиќ, таќ-таќ, ялт-ялт, шав-шав, ав-ав ва ѓайра;

- дар исмњои хоси иќтибосї: Коста-Рика, Улан-Удэ, Сан-Марино,   Рио-де-Жанейро, Буэнос-Айрес ва ѓайра;

- артикли арабии ал (ва гунањои он: ул, ут, ус, уш) дар аввали  номи шахсон, аввал ва мобайни асарњои таърихї: Шайх Ал-Форобї, Ал-Азњар, «Бадоеъ-ул-ваќоеъ», «Мантиќ-ут-тайр», «Китоб-уш-шифо», «Њабиб-ус-сияр», «Лубоб-ул-албоб» ва ѓайра;

- дар байни сифатњои таъкидї: суп-сурх, сап-сафед, сип-сиёњ, кап-кабуд, луб-лунда, тип-торик, каппа-калон ва ѓайра;

- дар байни сифатњое, ки аз такрори калимањои људогона сохта шудаанд: коѓази рах-рах, риши тор-тор, хурмои калон-калон, дарахтони хурд-хурд, хонањои паст-паст, нињолњои борик-борик, говони фарбењ-фарбењ, бузњои лоѓар-лоѓар ва ѓайра;

- дар байни сифатњои таркибї: њаракати миллї-озодихоњї, китобњои адабї-таърихї, фарњанги тољикї-русї, сиѓаи шартї-хоњишмандї ва ѓайра;

- дар сифатњое, ки аз шумораву исм ва пасвандњои -а, -ї (-гї), -ина сохта шудаанд: тоќии 4-кунља, масофаи 100-метра, санги 50-грама, хонаи 2-њуљрагї ва ѓайра;

- дар байни шуморањои тахминї: чор-панљ рўз, сесад-чорсад тонна, шаст-њафтод нафар одам, сад-саду сї сар гов, дањ-понздањ китоб ва ѓайра;

- пеш аз пасванди -ум (-юм) ва нумеративи -то, ки бо шуморањои миќдорї ё тахминї меоянд: 3-юм, 5-то, 10-12-то ва ѓайра;

- дар байни зарфњое, ки аз калимањои таќлиди овозї бо пасванди -он сохта мешаванд: чир-чиркунон, гумбур-гумбуркунон, гум-гумзанон, чањ-чањзанон ва ѓайра;

- дар байни феълњои њоле, ки аз такрори феълњо сохта мешаванд: дав-давон, давон-давон, њай-њайгўён, тоз-тозон, давида-давида, рафта-рафта, хонда-хонда, хандида-хандида, лангида-лангида, лангон-лангон ва ѓайра;

- дар назм дар байни пешоянду пайвандакњои ихтисорї ва дигар њиссањои нутќ: к-ин, к-он, з-ин, з-он, к-ў, в-ин, в-аз, к-аз, в-он, з-ў, бад-ин, бад-он, бад-ў, в-омад, к-омад ва ѓайра;

- дар байни нидоњои такрор: бањ-бањ, њай-њай, вой-вой, ња-ња-ња, њи-њи-њи ва ѓайра.

Эзоњ. Њангоми навишти тире дар аввал аз як тараф ва дар мобайн аз ду тараф фосила гузошта мешавад, вале њангоми навишти нимтире, ки дар байн меояд, фосила гузошта намешавад.

 

13. РАМЗЊОИ ИШОРАТЇ

21. Одатан, дар асарњои бадеї, китобу рисола, маќолањои илмї ва илмию оммавї муаллифон барои шарњу эзоњи калима, ибора, љумла ва ё ба асару маќолае ишора кардан аз раќам ва рамзњои махсуси ишоратї истифода мебаранд. Раќам ва рамзњо тавассути компютер ба таври автоматї гузошта мешавад. Рамз ва раќамњои ишоратї дар ќисмати болоии анљоми калимањо гузошта мешаванд ва дар повараќ маънидод мегарданд:

Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роњи мардумонро равшан сохта, боиси њастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарњанг гардидааст[1]. (Эмомалї Рањмон)

Осоиши ду гетї тафсири ин ду њарф аст,

Бо дўстон мурувват бо душманон мадоро.*

(Њофизи Шерозї)

- агар њарфњо барои муайян кардани шуморањои бо раќам ифодаёфта оянд,  чунин  навишта  мешаванд:  3а, 3,б  4в, хонандаи синфи 11г, кўчаи Борбад 98в, бинои №10д;

- аломати параграф (§) барои људо кардани зерфаслњои бобњо дар рисолањои илмї ва баъзе санадњои меъёрии њуќуќї гузошта мешавад:

Боби 1. Забони тољикї дар нимљазираи Њиндустон

§ 1. Густариши забони тољикї дар Њинд ва даврабандии он

§ 2. Сабки њиндї ва вижагињои савтии он

Боби 2. Муродифоти љумлањои сода дар «Чор дарвеш»

§ 1. Матолиби муќаддамотї

§ 2. Муродифоти љумлањои содаи тасдиќї ва инкорї

§ 3. Муродифоти ќолабњои аслї ва њосила

Хулоса

 

 



Китоб – сарчашмаи маърифат//Маљмуаи мақолаҳои илмї (зери назари академик  

Абдуљаббор Рањмонзода). – Хуљанд: Ношир, 2020. – С.3.

*мадоро ба маънои муросо, таҳаммул

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2021    №: 160    Мутолиа карданд: 5301
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед