logo

маориф

Чаро донишҷӯёни бо квота дохилшуда дониш надоранд?

Зариф Шарифов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, аз сифати пасти қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ тибқи квотаи президентӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Бино ба иттилои ӯ дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО сатҳи дониши аксари ин гуна донишҷӯён паст аст ва аз 757 нафаре, ки бо  имтиёз  дар донишгоҳи мазкур таҳсил мекунад, нимсолаи аввали соли хонишро 63 дар сад бо баҳои се ҷамъбаст кард. Ва ҳашт нафари дигар бе ҳеҷ сабаб ба дарс наомад. Инчунин  донишҷӯёне, ки тибқи квота қабул шуда, баъди ду-се моҳ донишгоҳро тарк мекунанд, ҳар сол ба чашм мерасанд.
Муроҷиати раёсати донишгоҳ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ бобати ҳалли ин мушкил натиҷае намебахшад. Ҳол он ки тибқи квотаи президентӣ бояд хонандагони фаъоле, ки майлу рағбати зиёд ба таҳсил доранду бар асари камбизоатӣ ба мақсад расида наметавонанд, ба мактабҳои олӣ қабул шаванд. Пас чӣ бояд кард, то ки хоҳишмандони воқеан арзанда дар донишгоҳ таҳсил намоянд?
Ба иттилои ректори донишгоҳ тибқи муқаррароти Низомномаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ санҷишу интихоби довталабон аз рӯи квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ бо пешниҳоди  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва  таҳти назорати Вазорати маориф сурат мегирад.

Хайринисои Расулӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5336
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед