logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА АБДУРАҲИМ ҲОҶИБОЕВ. ДУ РАҲПАЙМОИ ЯК РОҲЕ, КИ ДАР ТАЛОШИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ САР БОХТАНД

Байни шахсиятҳои равшанзамири раҳбарии миллат дар солҳои 20 - уми садаи бист мавзуи пайвандҳои асили руҳониву маънавии Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 – 1937) бо шахсият ва арбоби давлатии ҳамнасли ӯ, яке аз роҳбарони дилдодаи бунёдгарӣ ва сарнавиштсози Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев (1900 – 1938) шабоҳату умумияти зиёде мавҷуданд. Дар бораи бархе аз нуктаҳои ин мавзуъ чанде аз аҳли таҳқиқ, аз ҷумла Ш. Султонов,  Қ. Аламшоев ва дигирон навиштаанд. Дар нигориши ҳозир ба бархе дигар аснод диққат бурданием. Зеро зиндагӣ ва корномаи сиёсии ду чеҳраи мумтоз бахше аз таърихи нави халқи тоҷик дар давраи мубориза ба бунёди ҷумҳуриҳои шаклан ва мазмунан нави иҷтимоӣ аст.
Аввалан дар синну соли ин ду чеҳраи тоҷикон қариб тафовут нест, якумӣ  соли 1899 ва дувумӣ соли 1900, яке дар Помир (Бадахшон), дигаре дар Хуҷанд зода шуда, ҳар ду ҳам баробар умр дида ва ҳар ду ҳам дар 38 солагӣ ҷони ҷавонро аз даст дода, қурбони шахспарастӣ гаштанд. Дигар монандии зиндагиномаи онҳо тадриси аввалини ин ду чеҳраи сиёсат дар мактабҳои русии маҳаллӣ мебошад: таҳсили Ш. Шоҳтемур аз соли 1911 дар интернати назди омӯзишгоҳи русӣ - маҳаллии Хоруғ ва хониши А. Ҳоҷибоев аз соли 1910 дар мактаби русии маҳаллии Хуҷанд расмият ёфт. Ба ин маънӣ, онҳо аз аввалҳои корашон ба дунёи ғаноманди русӣ ва андешаи русӣ ғарқ шуданд, пайваста русӣ омӯхтанд, ба русӣ навиштанд, ба нозишу болиши тафаккури русиашон пардохтанд, байни раҳбарияти сиёсии замон аз русидонҳои тирози аввал шинохта шудаанд.  
Дигар аз шабоҳати ҷолиб он аст, ки таҳсили минбаъда ва корзори меҳнатии Ш. Шоҳтемур дар шаҳрҳои Осиёи Миёна – Тошканд, Хӯқанд, Фарғона, Хуҷанд, Сталинобод (Душанбе) ва А. Ҳоҷибоев дар Фарғона, Ҷалолобод, Тошканд, Самарқанд, Сталинобод (Душанбе) ҷараён гирифтааст. Ин ду шахсияти комгори арсаи сиёсат дар дарозои зиндагиашон аз зинаҳои ташвиқгари одии ҳизбӣ то мансабҳои баланди давлатӣ расида, дар паҳлуи ҳам буданд: Ш. Шоҳтемур чун ҷонибдори ашадии бунёди ҷумҳурии миллӣ дар ҳайати ҶШС Узбекистон ва созмондеҳи ҳукумати аввалини ҶМШ Тоҷикистон аз вазифаи инструктори КМ ҲК(б) ҶМШ Тоҷикистон то раиси президиуми КИМ Тоҷикистон, дар як вақт яке аз раисони КИМ ИҶШС, аъзои Шурои миллатҳои КИМ ИҶШС расид. А. Ҳоҷибоев низ ба сифати яке аз сарсупурдагони ҷонсахти таъсиси ҶМШ Тоҷикистон ва табдили он ба ҷумҳурии мустақили шуравӣ шуҳрати хос ба даст овард, заҳмати зиёд кашид, чун нозири халқии зироати Ҷумҳурии Узбекистон, муовини раиси Комиссияи ислоҳоти обу замини КМ ҲК(б) Узбекистон, раиси Шурои комиссарони халқи ҶМШ Тоҷикистон, аъзои президиуми КИМ ҶМШС Тоҷикистон иқдомҳои хубу ҷолибу назарраси сиёсиву иҷтимоӣ намудааст.
Ш. Шоҳтемур ва А. Ҳоҷибоев зимни тақсими милливу марзии Осиёи Миёна, таъсиси ҷумҳурии мухтор ва табдили он ба ҷумҳурии мустақили мо дар роҳи шинохти миллати тоҷик чун ҷавонтоҷики асил ва ҷонфидо заҳмати бедареғ ба харҷ дода, ба сифати лидерони воқеии сиёсии миллат дар солҳои 20-ум ва ибтидои солҳои 30-юми садаи бист маъруф шуданд.
Манобеъ ва пажӯҳишҳои таърихӣ исботи онанд, ки бо саъйи узви комиссияи махсус – А. Ҳоҷибоев, Ч. Имомов, Ш. Шоҳтемур ва дигарон ба Бюрои сиёсии КМ ҲКР(б) (5-уми октябри соли 1924) оид ба таъсиси вилояти мухтор дар Помир ва пайвасти он ба ҶМШ Тоҷикистон руҷуъ шуд ва аз ин муаррихон ба хулоса омаданд, ки маҳз ҳамин санад сабаби таъсиси ҶМШ Тоҷикистон ба ҷойи вилоят гардид. Ҷаҳди беҳамтои ин мардони фидокор дар пайвасти яке аз марказҳои мутамаддини тоҷикон – Хуҷанд ба ҳудуди тоҷикон ва таъсиси ҶШС Тоҷикистон (1929) ҳам бо рангҳои зарҳалин навишта шудааст…
Ҳамин тавр давраи бобаракат ва пурсамари рӯзгори ин ду шахсияти абармард ба сифати корманди зинаҳои давлатӣ тақрибан 15 – 17 соли умр будаву халос: давраи сабзиш, рушду нумӯ, камолоти раҳбарӣ ва ғуруби Ш. Шоҳтемур солҳои 1920 – 1937 ва А. Ҳоҷибоев солҳои 1918 – 1933 аст, ки давраи зуҳури селаи рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ буд. Инқилоби рус пирӯз гашт, дар Бухоро инқилоб хест, аввал Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро, сонӣ ҶМШ Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Узбекистон ва сипас Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Солҳои 30-юми садаи бист давраи навсозии Тоҷикистони шуравӣ буд ва корномаи раҳбарии сиёсии ин ду арбоби сиёсӣ бо маркази нави иҷтимоӣ-фарҳангии тоҷикон пайванди танготанг пайдо кард. 
Як шабоҳати дигар ширкати ин ду раҳбари тоҷик дар тоҷикшиносӣ мебошад. Дар солҳои 20-уми садаи бист падидаи тоҷикшиносӣ аз ду сӯй қобили таваҷҷуҳ буд: роҳи аввал тоҷикшиносии сатҳи академикӣ дар шахсияти зумрае аз ховаршиносону муаррихони маъруф, роҳи дуюм дар сатҳи шахсиятҳои раҳбарии тоҷик. Тоҷикшиносии раҳбарии он замон баробари ҷадалҳои аҳли пажӯҳиши рус падидаи муҳими тоҷикшиносӣ аст. Яке аз сифатҳои асосӣ ва хоси мақомоти раҳбарии тоҷик аз замони таъсиси Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба таърихи халқ ва таълифи асарҳо оид ба таърихи миллат мебошад: навиштаҳои А. Муҳиддинов, Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур, Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев, А. Алиев аз рисола, фишурдаҳо ва номаҳо иборат буданд. Дар номаи Ш. Шоҳтемур ба И. Сталин (1926) қазияи тоҷикон ҷиддан таҳлил шудааст. «Шоҳтемур бо коргарони русу ҳизби коммунист зиёд иртибот дошт, ба ин қарор омадаанд, ки нома танҳо бо имзои Шоҳтемур биравад» (Шакурӣ М. Равшангари бузург, 2006).
Барои дарки нақши А. Ҳоҷибоев дар заминаи тоҷикшиносӣ низ навиштаҳояш, хоса ду асар – «Тезисҳо оид ба вазъи тоҷикон» (1924) ва рисолаи «Тоҷикистон» (1929, 1930, ба тоҷикӣ ва русӣ) арзиши назаррас доранд, ки дар 24 ва 29-солагиаш падид омадаанд. «Тоҷикистон» дар ҳалқаи пажӯҳишҳои илмӣ назарияи шинохти таърихи миллати тоҷикро бар асоси ҳастии маънавии он дар пай дорад. Он ба шинохти пояи илмӣ ва назарии қавми тоҷик то андозае мусоидат намуд. Бо ин рисола ва осори ҳамному ҳаммонанди он исботи халқи тоҷик ва забони ғановатманди он муяссар гардид. 
Чунин хидматҳои Ш. Шоҳтемур ва А. Ҳоҷибоев дар он давраи ҳассос ба сифати намояндаи ашадиву собитқадами ҷараёни зидди пантуркистӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна низ арзиши баланд доштанд. Ин ду саркардаи сиёсати тоҷикӣ хидмати муҳим ва шоиста дар қомат рост кардани кохи нави сиёсат, фарҳанг ва иҷтимоиёти тоҷик ба ҷо оварда, аммо дар ин роҳ сари ҷавонашонро ба тундбоди ҳаводиси замона бохтанд. Мавҷи ситезу ошӯб бар зидди фаъолият ва мақоми ин ду дар байни садҳо нафар фидоиён хеле боло рафт: пас аз муқовимат ва саркӯбии шадиди ҳизбиву давлатӣ А. Ҳоҷибоев се-чаҳор соли охири умр дар ихтиёри Кумитаи марказии ҳизби коммунист дар Москва буд (1934 – 1937), дар охири умр шунавандаи Институти иқтисодии профессураи сурх гардид. Соли 1932 Ш. Шоҳтемурро низ бо хоҳишаш барои таҳсил ба Институти профессураи сурхи Москва фиристоданд, аммо соли 1933 бозхонда, ба сифати раиси Президиуми КИМ Тоҷикистон баргузиданд.
Давраи гуноҳҷӯйӣ аз ду шахсияти сиёсӣ низ шабоҳате ҷолиб доранд: Ш. Шоҳтемурро ҳангоми дар Москва буданаш аз ҷониби НКВД дастгир карда, ба сараш тамғаи иштирокчии ташкилоти зиддишуравии миллӣ задаанд. 21 октябри 1937 аз ҷониби Коллегияи ҳарбии ИҶШС ба марг маҳкум ва 27 октябр дар полигони Коммунарка парронда шуд. 11 августи соли 1956 боз аз ҷониби ҳамон Коллегияи ҳарбии ИҶШС комилан сафед гардид.
А. Ҳоҷибоев пештар аз Ш. Шоҳтемур 8 июли соли 1937 ҳабс ва баъдтар аз ӯ 25 январи соли 1938 ба иттиҳоми ширкат дар корҳои зиддиинқилобиву террористӣ ба қатл расид ва пас аз Анҷумани бистуми ҳизби коммунист 28 декабри соли 1957 бегуноҳияш таъйид гашт. Аз ин рӯ, инҳо ду намунаи раднопазири «террори бузург» дар таъқиботи сталинӣ будаанд. Зиндагиномаи Ш. Шоҳтемур ва А. Ҳоҷибоев намунаи бисёр фавқулодаи ҳифзи адолат ва ҳақиқати таърих дар ҷомеаи тоҷикон аст, ки шинохти онҳо бо тамоми мушкил, иштибоҳ ва қаҳрамониашон дар роҳи дарки таърихии дирӯзу имрӯз ва фардои миллати тоҷик ҳамеша муҳим хоҳад буд.
Ҳамкорӣ ва ҳамназарии ин ду раҳбар боиси пешрафти соҳаҳои мухталиф буданд. Инҳо барои таъсиси нашрияҳои тоҷикӣ саҳим буданд, ки дар бедории сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ибтидои солҳои 20-уми садаи бист нақши муҳим иҷро кард. Барои ошкор шудани моҳияти ин хидмати муҳими фарҳангӣ изҳори назари Ш. Шоҳтемур дар пленуми IV КМ ҲК(б) Тоҷикистон (аз 14 феврали соли 1936) ҷолиби диққат аст. Дар он аз таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Самарқанд (сентябри соли 1924) санад ҳаст: «Дар назди КМ ҲК(б) Туркистон сексияи коммунистии тоҷикон арзи вуҷуд мекард, ки вазифаи сардории онро дар ихтиёр доштам. Мо бояд нахустин рӯзномаро таъсис медодем, аммо маблағе надоштем. Ман бо Ҳоҷибоев ошно шудам ва ӯ чун раиси ояндаи облконцесскоми вилояти Фарғона барои таъсиси ин нашрия 2000 сум маблағ дод».
Таъкиди Ш. Шоҳтемур оид ба мусоидати А. Ҳоҷибоев оид ба нашри рӯзнома моҳияти равшангариву тоҷикпарастӣ дорад, аммо ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки дар давраи саркӯбии сиёсии А. Ҳоҷибоев (1933 – 1936) гуфта шудааст. Бо ин таъкид майлу нияти Ш. Шоҳтемур аз ҳифзи А. Ҳоҷибоев ва бозтоби нақши ӯ дар ҳаллу фасли марзбандии миллии Осиёи Миёна ба манфиати тоҷикон ошкор мекунад. 
Ин гуна тадбирҳо дар фаъолияти пайвастаи ин ду шахсияти сиёсӣ ҳарчи бештар пайгирӣ шудаанд, ки такрори ҳамаи онон маврид надорад. Онҳо ҳамеша аз кӯшиш ва ибтикор оид ба пешрафти адабиву фарҳангии кишвар пуштибонӣ кардаанд… 
Масъалаи аз ҳама муҳимтар эътирофи Тоҷикистон ба ҳайси як ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати ИҶШС аст ва дар ин амр ҳам хидмати Ш. Шоҳтемур ва А. Ҳоҷибоев, давуғеҷи онон хеле зиёд мебошад. Аввалан маводу мадорик ва далелу бурҳоне барои ҳалли масъалаи вобаста ба манфиати таърихии тоҷикон фароҳам оварда шуд. А. Ҳоҷибоев бо маводу мадорик ва ҳуҷҷатҳо ба суҳбати И. С. Сталин комгор шуд ва ба қавли академик М. Шакурӣ имкон ёфт, ки «Сталинро розӣ бикунад, то Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, ба унвони як ҷумҳурии иттифоқӣ дохил бишавад». «Ин ривоят то ҳол бо ҳуҷҷате тасдиқ нашуда буд, вале соли 2010 маълум шуд, ки ин ривоят асоси таърихӣ дорад». 
Номаи Абдураҳим Ҳоҷибоев ба Шириншоҳ Шоҳтемур аз 27-уми июли соли 1929 санади аз ҳама муҳим ва баёнгари раднопазири талошу ҷадалҳои ҳамешагии чанд мақомдори сиёсӣ дар ҳалли қазияи тоҷикон, давуғеҷи чандкарата ба Москва, гуфтугӯйи пайваста бо мақомдорони сиёсии Кремл ва ниҳоят, мулоқоти бевосита бо Иосиф Сталин дар масъалаи таъсиси ҷумҳурии ҷудогонаи тоҷикон аст, ки ба мутолиаи хонанда мегузорем (онро бори аввал соли 2010 нашр карда будем): 
«Здравствуй, дорогой Шотемур! Я хотел бы все тебе сообщить телеграфно, но это не вышло, ибо не все же можно передавать по телефону.
Сообщаю: 1) По узбекским вопросам здесь вермишель. Начала нет, конца тоже нет, т. к. полностью решение ЦИКа нам еще не известно… Был у товарища Рыкова, Ворошилова и вчера у тов. Сталина.
Тов. Сталин дал ряд директив о которых скажу: Тов. Сталин и все другие поддерживают вхождение в Союз непосредственно Таджикистана…» (бойгонии Институти таърихи ҳизби КМ ҲКТ, рӯйх. 1, парв. 1222, вар. 73, парв. 469, вар. 43-45, парв. 1299, вар. 27. Онро муаррих С. Эркаев пайдо кардааст. Ниг.: М. Шакурӣ, М. Мирзоюнус, С. Аъзамзод. Абдураҳим Ҳоҷибоев ва исботи ҳастии маънавии тоҷикон// Абдураҳим Ҳоҷибоев. Осор ва пайкор. – Хуҷанд, 2010. – С. 46-47).
Ин санади равшан исботи роҳи рост шудани қомати давлати ҷавони Тоҷикистон, таъсиси давлати нави тоҷикон дар асоси модели шуравӣ, ҷумҳурии ҳафтуми Шуроҳо аст…. 
 
Субҳони АЪЗАМЗОД, 
номзади илмҳои филологӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.09.2021    №: 178    Мутолиа карданд: 697
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед