logo

Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БМТ

 
Дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, бо иштироки директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.
 
Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро бо ҷашнвораи бузург - 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онро волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик унвон кард, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
- Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибтамаддуни Тоҷикистон мебошад. Ифтихор аз он дорем, ки сӣ сол қабл бо роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат ва Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷикро ба воқеият табдил додем. Имрӯз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам гардид, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракуниро пеш гирифта, низоми иқтисоди Тоҷикистонро ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ пайваст намоем ва ба ин васила рушди босуботи кишварро таъмин созем, - иброз дошт Ҳоким Холиқзода.
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода зикр кард, ки Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, то Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.
Мо ифтихор аз он дорем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созанда, бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро аз насл ба насл мерос гузошта, дар тарихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро эҷод мекунад, ки ҳамаи ин комёбиҳо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, - иброз дошт Абдураҳим Холиқзода.
Дар ин ҳамоиш як қатор кормандони фаъоли Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он бо нишони Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадр гардиданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед