logo

Хабарҳо

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТ

Дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и пойтахти кишвар  бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳти унвони «Чолишҳои глобалии раванди муҳоҷират дар шароити пандемияи COVID – 19 дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай: мушкилот ва дурнамо» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. 
 
Дар он намояндагони сафоратҳои кишварҳои узви СҲШ, Котиботи иҷроияи Шурои кории СҲШ, Котиботи СҲШ, Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои миллии Шурои кории СҲШ оид ба масъалаҳои муҳоҷират аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Покистон ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд. 
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ дар оғози чорабинӣ нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат ёдовар шуд: 
- СҲШ ҳамчун як созмони муассир ва пешсаф тайи 20 сол Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда, барои рушди соҳаҳои технология, нақлиёт, коммуникатсия такон бахшид. Аз ҷумла, бо эҳёи Шоҳроҳи бузурги Абрешим, ки пайвандгари Шарқ бо Ғарб аст, муносибатҳои иқтисодӣ ба сатҳи нав баромаданд. Ин раванд ҷуғрофиёи муҳоҷиратро васеъ намудаву тақвият дод.
Ба таъкиди ӯ, пандемияи коронавирус проблемаҳои навро пешорӯйи мамлакатҳои аъзои СҲШ гузошт. Он нишон дод, ки механизми идоракунии муҳоҷирати дохилӣ ба таври бояду шояд устувор нест ва барои бартарафсозиашон бояд чораҳо андешид. 
Роҳбари дафтари Созмони ҷаҳонии меҳнат дар Тоҷикистон Кристина Георг Транк  ҷавононро иқтидори бузурги меҳнатии ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд, ки метавонанд дар шукуфоии мамлакат нақши бориз дошта бошанд. Таваҷҷуҳи ҳозиронро ба идоракунии ин қишри ҷомеа ҷалб кард, ки барои бо кор таъмин намудани онҳо, пеш аз ҳама, ҷалби сармоя зарур аст. 
-Таъсири пандемияи коронавирус ба одамон ва ҷомеа бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад. Донистан лозим, ки чӣ гуна мутахассисон ҳамчун муҳоҷир ба хориҷ мераванд? Кадом роҳҳо барои ҳимояи онҳо вуҷуд доранд? Зеро, чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар саросари ҷаҳон муҳоҷирон ба хизматрасонии тиббӣ дастрасии пурра надоранд. Аввалан, бояд ваксина гиранд, то бемориро осон паси сар намоянд. Баъдан, тибқи қобилияти касбӣ онҳоро бояд ба муҳоҷират сафарбар кард,- гуфт ӯ. 
Дар ҳамоиш оқибатҳои равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои аъзои СҲШ дар шароити пандемияи коронавирус баррасӣ гашта, барои рафъи онҳо тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, таъсиси гурӯҳи доимамалкунандаи мутахассисон дар доираи созмон тақозо шуд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 881
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед