logo

Хабарҳо

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

 
ТАСС. Дар вилояти Панҷшер, ки ба ҳаракати радикалии «Толибон  итоат накардааст, задухӯрдҳои шадид идома доранд. Дар ин бора ТАСС аз як манбаи наздик ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар минтақа хабар дод.
«Аз шоми якшанбе ба мавқеи ҷангиёни муқовимат дронҳо ҳамла карданд, бинобар ин аксари онҳо маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ намоянд ва ба баландкӯҳҳо раванд. Рӯзи душанбе задухӯрдҳои шадид идома доштанд ва то имрӯз идома доранд», - гуфт манбаъ ва илова намуд, ки даргириҳо дар минтақаи Андароби вилояти ҳамсояи Бағлон низ рух медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар шиддат гирифтани вазъ дар дараи Панҷшер ва тирборониҳои пайваста аз ҷониби «Толибон», «аксари сокинони минтақа хонаҳои худро тарк карда, ба баландии кӯҳҳо баромадаанд».
 
 
Дар чанд шаҳри Афғонистон намоишҳои эътирозӣ ба ҷонибдории неруҳои озодихоҳи миллӣ дар Панҷшер баргузор шуд
ТАСС. Шоми душанбе дар чанд шаҳри Афғонистон тазоҳурот ба ҷонибдории неруҳои муқовимати миллӣ дар шимоли Панҷшер, ки ба ҳаракати радикалии «Толибон» итоат накардаанд, баргузор шуд. Дар ин бора рӯзномаи Herat Times хабар дод. 
Бино ба маълумоти он, намоишҳои эътирозӣ барои дастгирии даъвати роҳбари  неруҳои муқовимат Аҳмад Масъуд ба истодагарӣ ба муқобили «Толибон», инчунин, зидди сиёсати Ҳукумати Покистон, ки бо радикалҳо ҳамкорӣ мекунанд, дар Кобул, маркази музофоти Дойкундӣ, инчунин, шаҳрҳои Ғазнӣ ва Ҳирот баргузор гардиданд. Ба маълумоти Afghanistan Times, ҳамчунин гирдиҳамоӣ дар чаҳорумин шаҳри бузурги ин кишвар, Мазори Шариф, доир шудааст.
 
 
Путин 9 сентябр дар нишасти БРИКС ширкат хоҳад кард
RT. Хадамоти матбуоти Кремл хабар дод, ки 9 сентябр Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар саммити XIII БРИКС, ки таҳти раёсати Ҳиндустон тавассути видеоконфронс баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Тавре зикр гардид, дар назар аст, ки дар саммит масъалаҳои мубориза бо пандемия ва вазъ дар Афғонистон баррасӣ шаванд. Созишномаҳо дар эъломияи ниҳоӣ инъикос хоҳанд ёфт.
Қаблан котиби Шурои амнияти Россия Николай Патрушев гуфта буд, ки БРИКС метавонад дар муносиботи байналмилалӣ нақши муҳими устуворкунанда дошта бошад.
 
 
Блинкен ва Остин бо амири Қатар Афғонистон ва вазъи минтақаро баррасӣ карданд 
ТАСС. Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен ва вазири мудофиа Ллойд Остин бо амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ масъалаи тахлия (эвакуатсия) аз Афғонистон ва вазъи минтақаро баррасӣ карданд. 
Дар ин бора, дар як изҳороти паҳншудаи хаттии сардори Хадамоти матбуоти Департаменти давлатӣ Нед Прайс, пас аз музокирот дар Доҳа гуфта шудааст. Ҳамзамон, тавре ки қаблан дар Департаменти давлатӣ гуфта шуда буд, роҳбари дипломатияи амрикоӣ дар ҷараёни сафари худ ба Доҳа бо намояндагони ҳаракати «Толибон» (мамнуъ дар Россия) мулоқот карданӣ нест. Тавре қаблан хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон карда буд, сафари Блинкен ба Қатар ва Олмон 5 - 8 сентябр сурат мегирад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 962
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед