logo

Хабарҳо

Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар иҷлосияи якуми ғайринавбатӣ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» - ро қабул карданд. 
Муовини Прокурори генералӣ Дилшод Талбакзода, вакили мардумӣ Равшан Раҷабзода зимни шарҳу тавзеҳи моҳияти асосии Қонун иброз доштанд, ки лоиҳаи Қонун аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иқдоми навбатии башардӯстона ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ пешниҳод шудааст.
Қонуни мазкур нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.
 
 
Шиносоии Сарвазир бо имконоти клиникаҳои сайёри шаҳри Душанбе
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо имконоти клиникаҳои сайёр, ки воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дар он ҳуҷраҳои зарурӣ, аз ҷумла бемориҳои чашм, дил, акушерӣ, ташхисҳои фаросавтӣ, томографияи компютерӣ, ташхиси нурии ғадуди ширӣ, озмоишгоҳ, рентгени рақамӣ, барои даруннигарӣ - индоскопияи хурд, ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, ҷойи кории табибон, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд, шинос шуд.
Дар маҷмуъ, шумораи нақлиёт 27 ададро ташкил дода, ба вилоятҳо ва минтақаи Рашт дастрас мешаванд.
Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, ки тавассути клиникаҳои сайёр ба сокинон хизмати тиббии сатҳи баланд расонда шавад.
 
 
Иқдоми хайрхоҳонаи Рустами Эмомалӣ
Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо намудани маблағ ҷиҳати расондани ёрии моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳр дар арафаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба имзо расид. 
Раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор гардиданд, ки аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ расондани ёрии моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.
 
 
Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Канада
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Канада Марк Гарно суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар гуфтугӯ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Канада, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Ҷонибҳо роҷеъ ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мақсади таъмини амнияти минтақавӣ изҳори омодагӣ карданд.
 
 
Иштироки намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар гуфтугӯйи интерактивӣ оид ба вазъият дар Афғонистон
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар гуфтугӯйи интерактивӣ оид ба вазъи Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуд, - хабар дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ мавқеи кишварро дар робита ба вазъ дар Афғонистон, бахусус зарурати созмон додани ҳукумати ҳамашумул бо назардошти манфиатҳои ҳамаи ақаллияти миллӣ таъкид кард.
 
 
COVID-19. Ғалаба наздик аст!
Шабонарӯзи охир дар мамлакат 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  COVID-19 ба қайд гирифта шуд, 17 нафар  пас аз муолиҷа ба хона баргашт.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то 6 сентябр  дар кишвар 17005 нафар гирифтори COVID-19 сабт гардида, аз ин шумора то санаи зикргардида 16866 кас (99,2%) шифо ёфт. Дар маҷмуъ, аз ин беморӣ 124 нафар фавтид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1666
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед