logo

иҷтимоиёт

РОҲҲО ОЙИНАИ РӮЗГОРАНД

Таҷриба кайҳо собит намудааст, ки дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додани сиёсати роҳсозӣ заминаҳои рушди иқтисодиро фароҳам намуда, омили асосии таъмини пешрафти ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин фурсатҳои фаро расидани марҳилаи эъмори давлати миллӣ ва бозсозии иқтисоди кишвар ба сохтмону таҷдиди роҳу нақбҳо афзалият доданд.        
Ҳоло агар комёбиву дастовардҳои беназири замони Истиқлолияти давлатиро баршуморем, сохтмону таҷдиди ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар канори муҳимтарини онҳо қарор мегиранд. Зеро бо рӯйи кор омадани барномаҳои давлатии роҳсозӣ, мо на танҳо ба истифода аз роҳҳои босифату замонавӣ даст ёфтем, балки назарияи мутахассисон ва имконоти фаннии соҳа низ тақвият ёфт. Муҳимтар аз ҳама, татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбу пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан мусоидат намуда, ба рушди тиҷорату савдо, содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум таъсири мусбат расонд.
Имрӯз бо баҳрабардорӣ аз файзу нусрати сиёсати роҳсозии Ҳукумати ҷумҳурӣ суханони Пешвои муаззами миллат ба ёд меоянд, ки гуфта буданд: «Бо бунёди шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳои замонавӣ мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадиро васеъ ба роҳ монда, бо ин роҳ низ афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем».
Воқеан, бо гузашти солҳо, мо ба дарки ин ҳақиқат расидем, ки Президенти маҳбуби кишвар дар пайи ҳар амал ва иқдомоти дурбинонаи хеш, назири сохтмони роҳҳои замонавӣ зиндагии шоистаи мардумро аз даҳсолаҳо пеш тарҳрезиву замина гузоштаанд. 
Дар ин робита, қобили зикр аст, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии Сарвари давлат дар баробари татбиқи лоиҳаҳои ҳазорҳо километр роҳҳои автомобилгарди аҳамияти минтақавию байналмилалидошта, нақбу пулҳо дар пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе роҳҳои муосири сесатҳа (эстакадаҳо) бунёд ёфта, ҳаракати озодонаи нақлиёту бехатарии пиёдагардон таъмин гардид. Ин таҷриба, ки дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» ҳосил шуд, ба намои шаҳри Душанбе симои нав бахшид. Аз сӯйи дигар, чунин роҳҳои ободу замонавӣ дар чашми меҳмонони хориҷӣ бозгӯйи маданият ва мизони рушду таррақиёти кишвар хоҳанд буд, ки ҳама аз файзи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст. 
 
 
Нуралӣ  АРАБЗОДА, 
директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2021    №: 179 - 180    Мутолиа карданд: 725
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед