logo

иҷтимоиёт

ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат” арзёбӣ кардаанд, ки ҳақиқати бебаҳс аст. Истиқлолият, воқеан, рамзи саодати миллат ва соҳибихтиёрии давлат мебошад. Дар охирҳои асри XX ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки бо тулуи хуршеди Истиқлолият тақдири давлати худро ба даст гирад. Ба баёни дигар, танҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ миллати куҳанбунёди тоҷик имкон пайдо кард, ки баъд аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақил, ҳамчунин, соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ гардад.
Воқеан ташаккули низоми бонкдории муосири Тоҷикистон низ ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид. Бояд махсус таъкид кард, ки тавсияву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ нақши меҳварӣ доранд ва дастовардҳои назаррас дар ин замина бевосита ба ин тавсияву ҳидоятҳо алоқаманданд.
Маҳз бо ташаббусу дастгирии Сарвари давлат дар Тоҷикистон ду маротиба: солҳои 1995 ва 2000-ум ислоҳоти пулӣ гузаронда шуд ва кишвари азизи мо соҳиби асъори худ гашт. Махсусан,  ба муомилот ворид шудани пули миллии сомонӣ на танҳо падидаи ниҳоят муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, балки оғози рушду нумуи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. 
Бояд таъкид кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва, умуман, низоми бонкии ҷумҳурӣ дар ин давра тадриҷан ба низоми умумиҷаҳонии бонкӣ шомил гардид. Ба меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ гузаштани низоми бонкии Тоҷикистон ҳамкории моро бо низоми бонкии ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар гардонд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” барои фаъолияти бонкдории исломӣ дар мамлакат роҳ кушод. 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар низоми бонкии кишвар тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ амалӣ шуданд. Масалан, агар дар соли 1992 дар мамлакат ҳамагӣ 10 ташкилоти қарзӣ бо шумули 8 бонк ва 2 ҷамъияти қарздиҳӣ амал мекард, айни замон дар низоми бонкии мамлакат 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонк, 17 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд, амал мекунанд. 
Мо имрӯз бояд кӯшишу талоши худро ба он равона созем, ки аксари навовариҳои бонкдории ҷаҳонро дар фаъолият ва таҷрибаи хеш ҷорӣ намоем ва ҳамқадами ҳаёт бошем. Бинобар ин, зарур донистем, ки сохтори Бонки миллии Тоҷикистон такмил ёфта, вобаста ба талаботи замони муосир воҳидҳои нави сохторӣ, аз ҷумла Департаменти мониторинги молиявӣ, Идораи суботи молиявӣ, Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, Идораи назорати суғуртавӣ, Идораи низоми пардохт, Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ, шуъбаи бонкдории исломӣ ташкил карда шаванд. 
Дар даврони соҳибихтиёрӣ, хусусан, тайи чанд соли охир, ҳаҷми қарздиҳӣ, миқдори амалиётҳо ва андозаи захираҳои байналмилалӣ садҳо маротиба афзуданд. Масалан, ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ додашуда аз 1,5 миллион сомонӣ дар соли 1991 ба 5,2 миллиард сомонӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2021 баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991 ба андозаи 3416 маротиба зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо меҳнати бунёдкорона, садоқатмандӣ ва фарҳанги баланди худ дар таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳм мегузоранд ва нақши онҳо дар пешрафти ин соҳаи муҳими ҳаёти мамлакат мусбат арзёбӣ мешавад. Ҳамин аст, ки имсол 6 корманди Бонки миллии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои заҳмати садоқатмандона бо мукофотҳои давлатӣ қадр гашт. 
Мо ифтихор аз он дорем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳошияи иқдомҳои созандаи Пешвои миллат низоми бонкии мамлакат зина ба зина ташаккул ёфта, ҳамгироии он бо низоми  бонкии ҷаҳонӣ таъмин гардид. Акнун вақти он расидааст, ки рушди босуботи низоми бонкии кишварро ҳадафи олии фаъолияти минбаъдаамон қарор дода, дар ин самт қадамҳои устувор гузорем. 
Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон муборак бошад!  
 
 
Ҳоким ХОЛИҚЗОДА, 
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2021    №: 179 - 180    Мутолиа карданд: 735
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед