logo

иҷтимоиёт

ШИНОХТИ РИСОЛАТ

Ман ҳамеша гуфтааму мегӯям: Эмомалӣ Раҳмон наҷотро дар гарави ҷони худ барои миллат, давлат ва истиқлол ба даст оварданд.
Воқеан, ӯ наҷотбахш аст. Дар як нафар беҳтарин сифатҳо, аз қабили далерӣ, ҷавонмардӣ, хирад, таҷрибаи рӯзгор ҷамъ меоянд ва Худованд худ ҳидоятгар мешавад, то роҳи дурустро интихоб бинамояд, пешво бишаваду ояндаи дурахшонро бубинад. 
Дастовардҳои замони истиқлол ба ӯ иртибот мегиранд. Ҳолиё ҳам бо неруи тоза ва хиради воло барои ояндаи неки кишвар, пешрафти он саъю талош меварзад. Осмони кишвари азизамон софу беғубор аст. Ин дар суратест, ки ин гуна оромиву амниятро дигар кишварҳои атроф хосторанд, пеши роҳҳои ҷангҳои таҳмилӣ, муборизаҳои шадиди  идеологиро ба пуррагӣ гирифта наметавонанд.
Ҳар рӯз ба субҳи мусаффои кишвар менигараму шукр мегӯям, шукр, ки ватанамон ором аст, садои тиру туфанг, инфиҷорҳо ҳеҷ шаҳрвандро нороҳат намесозад. Пас аз он ба гузаштаи начандон дур меандешам. Ифтихор мекунаму худро қаноатманд дармеёбам, ки дар интихоби Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI ё худ Иҷлосияи сарнавиштсоз хато накардаем. Ҷавон буд, ҳамагӣ 40 сол дошт, аммо дар он рӯзгор дарёфтем, ки хиради ҳазорсоларо Худованд насибаш гардондааст. Инчунин, маҳз ба василаи ӯ оташи хонумонсӯзро хомӯш месозад.
Дидем, шоҳид шудем, ҳар он чи ки гуфт, ҳамаро амалӣ намуд. Шояд як гурӯҳи бисёр хурд чунин биандешанд, ки ҳолиё, яъне дар замони пешрафт ва амни кишвар сарварии он осон аст. Не, чунин нест, ки нест. Сарварӣ, хосса сарварии давлат дар ҳеҷ гуна шароит осон набуду нест ва ҳам нахоҳад шуд. Ба андешаи ман, бо ин вазъи ноороми ҷаҳон,  таъсису амалҳои гурӯҳҳои террористӣ, қудратхоҳон сарварӣ ҳолиё мушкилтар шудааст. Андак хато он қадар зарари зиёд меорад, ки бо бахши тамоми сарвати  кишвар онро наметавон ҷуброн кард. Гуфтани  ҳар сухан дар ҷояш ва интихоби мавқеъ касро танҳо ба доштани хиради азалӣ вобастагӣ дорад.
Дар баробари амалӣ сохтани мақсадҳои бузург рисолати мо – шаҳрвандонро таъкид медорад: - «Вобаста ба ин таъкид мекунем, ки бояд ҳамаи мо дар бобати ҳифзи суботу оромиши ҷомеа ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум масъул ва ҷавобгар бошем. Мо бояд неруҳои зеҳнӣ ва маънавии худро маҳз барои таъмини беҳрӯзии шаҳрвандон ва тарбияи инсони комил равона намоем. Ин аст рисолати маънавии мо дар назди миллат ва дар назди Ватан».
Таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо ба хотири шодмонӣ, фараҳмандӣ, шукргузорӣ аз неъматҳои бадастомада дар ин даврон нест, балки шинохти беҳтари ин рисолат низ мебошад.
 
Ғайбулло АВЗАЛОВ,
раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ  ва эҳёи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2021    №: 179 - 180    Мутолиа карданд: 747
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед