logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ

7 сентябр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғоз Си Ҷинпин бо таманниёти сулҳ, некуаҳволӣ, комёбиҳои нав ва шукуфоӣ Пешвои миллат ва тамоми сокинони Тоҷикистонро бо 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Зимни суҳбат сарварони ду давлат ҷанбаҳои мухталифи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла  масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро муҳокима намуданд. Натиҷаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтор бо қаноатмандӣ зикр шуданд.
Сарвари давлати мо ба ҷониби Чин барои сари вақт расондани миқдори зарурии ваксинаҳои зиддивирусии истеҳсоли Чин ба Тоҷикистон дар доираи ҳамкории тарафҳо дар мубориза бар зидди пандемияи COVID – 19 изҳори сипос намуданд.
Сарварони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин доир ба рушди вазъ дар минтақа бар асари шиддат ёфтани авзои низомию сиёсӣ дар Афғонистон табодули назар карданд.
Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории минбаъдаи зичро дар масъалаҳои таъмини амният ва суботи минтақавӣ таъкид сохтанд.
Ҳангоми баррасии муносибатҳои бисёрҷониба ба раёсати кунунии Тоҷикистон дар СҲШ ва саммити қарибулвуқуи Созмон дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Дар зимн, Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин нақши Пешвои миллатро ҳамчун яке аз муассисони СҲШ дар таъсис, рушду густариш ва таҳкими эътибори он хоссатан таъкид карда, баргузории бомуваффақияти саммити ҷашнии онро таманно кард.
- Шумо дар саргаҳи таъсиси ин Созмон қарор доштед, саъю талошҳои бузургмиқёсро ҷиҳати рушду густариш ва таҳкими обрӯйи он дар “Руҳияи Шанхай” ба харҷ додед”,- изҳор дошт муҳтарам ҷаноби Си Ҷинпин.
Дар  поёни  суҳбат  сарварони  давлатҳои  Тоҷикистону  Чин  мавқеи  муштараки  худро барои густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистон ва Чин дар ҳама шаклҳо тасдиқ намуданд.
8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Узбекистони дӯст Сарвари давлати мо ва мардуми Тоҷикистонро бо 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба Пешвои миллат хушбахтӣ, саломатӣ, комёбиҳои беназир ва ба мардуми кишвари мо сулҳ, муваффақият ва шукуфоӣ  таманно намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, рафти иҷрои созишномаҳое, ки дар Душанбе дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон ба даст омаданд, баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид доштанд.
Дар робита ба авҷ гирифтани танишҳо дар Афғонистон, ки ба амният ва суботи минтақа таҳдид мекунад, президентҳо идомаи муколама оид ба масъалаҳои Афғонистонро дар доираи ҷаласаи ҷашнии сарварони давлатҳои узви СҲШ ва мулоқоти сатҳи олӣ дар сиғаи СҲШ+СААД, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ҷонибдорӣ намуданд.
Дар идомаи суҳбат доир ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
9 сентябр суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид.     
Ҳангоми суҳбат Сарвари кишвари Туркия бори дигар Президент ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Иди миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, дастовардҳои бузурги кишварро тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими нақши созанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид сохт.
Дар зимн, масъалаҳои муҳими вобаста ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангию башарӣ, таъмини амният ва муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои ҷаҳонӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ибрози қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба равандҳои изтиробангез дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Зимни баррасии мушкилоти Афғонистон, президентҳо ҳамсон ё наздик будани мавқеи Тоҷикистон ва Туркияро нисбати масъалаҳои мубрами он таъкид сохта, дар кишвар таъсиси як ҳукумати фарогирро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои сокини он амри зарурӣ донистанд ва ба зарурати расондани кумаки гуманитарӣ ба мардуми Афғонистон ишора намуданд. Ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо аҳамияти идомаи тамосҳои мунтазами сатҳи олиро ҷиҳати пешбурди самараноки тамоми маҷмуи муносибатҳои дуҷониба таъкид карда, ба мувофиқа расиданд, ки  Президенти  Ҷумҳурии  Туркия ба қадри ба эътидол омадани вазъи вобаста ба ҳамагирии COVID – 19 дар аввалин фурсати муносиб ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2021    №: 181    Мутолиа карданд: 740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед