logo

Хабарҳо

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

Ба муносибати  таҷлили бошукӯҳу хотирмони 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар маркази ноҳияи Мурғоб майдони Парчами давлатӣ бо тарҳи зебо ва пуршаҳомат бунёд ёфтааст, ки аз зумраи корҳои омодагӣ ба ин ҷашни бузург аст. 
 
Дар ин ҷо зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва суҳбат бо коргарону сокинони маҳаллӣ  Ҳусния Раҷабзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия,  изҳор дошт, ки дар оянда майдони мазкур   маскани баргузории чорабиниҳои тантанавӣ,  иду маросими давлатию мардумӣ мегардад  ва ҳар яке аз бинокорон  ба фарзандону наберагони худ бо ифтихор аз саҳмашон дар бунёди ин иншооти муқаддаси ҷашнӣ  хоҳанд гуфт. 
 Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия хабар доданд,  иншоот аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ  маблағгузорӣ шуда, барои  сохтмони майдони нишони давлатӣ, парчам ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маҷмуъ, 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ масраф мегардад. Иншоотро  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бадахшон интернейшнл» сохтааст, ки он  рӯзи ҷашн мавриди истифода қарор мегирад. Кормандони ҷамъияти мазкур талош мекунанд баробари сохтани  сутунпояи устувору зебои парчам дар атрофи он корҳои ороишию хуррамгардониро анҷом дода, дар ин ҷо  манзараи зебо, диданӣ ва истироҳатгоҳи орому форамеро фароҳам оваранд. Зунун Абликеев, сардори ҷамъият, гуфт, ки баландии  сутунпояи  Парчами давлатии Тоҷикистон 35 метр, дарозии матои он 65 ва паҳноияш 41 метрро ташкил медиҳад. Чун ноҳияи баландкӯҳи  Мурғоб  дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, табиист, ки парчаме, ки дар ин мавзеъ  насб мегардад,  дар ҷаҳон баландтарин майдони парчам  маҳсуб меёбад”.
Раиси ноҳия, ҳамчунин, аз рафти корҳои  сохтмонӣ  дар бунёди  пули мошингузар аз болои рӯдхонаи  Аличур дидан ба амал овард. Сохтмони кӯпрукро бинокорони Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Шарора» ба зимма гирифтаанд. Дарозии ин пул 58 метр буда, иқтидори борбардории он то ба 100 тонна мерасад. Маблағгузории тарҳи мазкурро Бонки ҷаҳонӣ бар уҳда гирифта, мутахассисони ширкати чинии «Чайна роуд» низ дар бунёди ин пул ширкат меварзанд. 
Ба гуфтаи Саодатшо  Назаршоев, дар доираи лоиҳаи устуворсозии иншооти ҳаётан муҳим баҳри тобоварӣ ба ҳодисоти табиӣ, ки аз сӯйи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, дар қитъаи роҳи байналмилалии Кӯлоб - Хоруғ - Қулма - Қароқурум дар  деҳаҳои Башгумбез ва  Куҳнақурған боз бунёди чор пули мошингузар дар назар аст. 
Дар маркази ноҳия, ҳамчунин, сохтмони бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб  бомаром идома дорад. Раиси ноҳия бо рафти кор дар ин ва боз чанд иншооти  дигари ҷашнии ноҳия ошно гардид. Ҳусния  Раҷабзода аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки  аҳли деҳоти ноҳия  бо завқи тамом ба корҳои созандагиву ободонӣ даст дода, боварии комил аст, ки ҷашни бошукӯҳи миллиро бо дастовезҳои сазовор пешвоз хоҳанд гирифт.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 714
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед