logo

Хабарҳо

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди озодихоҳ арзиши олӣ ба шумор рафта, азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланди мо мебошад.
 
Ин нукта дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ  таҳти унвони “Судҳои иқтисодӣ дар меҳвари истиқлолият ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ, баамалбарории адолати судӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо ва мубоҳиса”, ки чанде пеш бо ташаббуси Суди Олии иқтисодӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, таъкид шуд. 
Дар конфронс намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Суди  конститутсионӣ, Суди  Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, собиқадорону олимони соҳаи ҳуқуқ, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.
Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ, зимни суханронии ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки замони Истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус зоҳир гардида, бо қабули санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ ба ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ замина гузошта шуд. Тавассути ислоҳот дар низоми судӣ судҳои конститутсионӣ, ҳарбӣ ва иқтисодӣ таъсис ёфтанд. Яъне, судҳои иқтисодӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошад.  
Содиқ Шоназаров, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, гуфт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҳокимияти судӣ ва ба таври васеъ ҷонибдорӣ намудани пешниҳодҳо вобаста ба ислоҳоти судӣ эҳсос мегардад. То ба имрӯз бо мақсади таъмини мустақилияти суд, такмили сохтори судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор барномаи ислоҳоти  судӣ - ҳуқуқӣ (барои солҳои 2007 – 2010, 2011 – 2013, 2015 – 2017 ва 2019 – 2021) ба тасвиб расида, бо татбиқи ин барномаҳо дар сохтори судӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад. Инчунин, беҳтар гардондани вазъи иҷтимоии судяҳо, таъмини онҳо ба бинову таҷҳизоти муосир пайомади ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ буда, тадбирандешӣ дар ин самт идома дорад.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш Мавлудахон Мирзозода, вакили Маҷлиси намоядагон, Файзулло Абдуллоев, аввалин раиси Суди Олии иқтисодӣ, Ҷамшед Ҷамшедзода, судяи Суди конститутсионӣ, Саидбек Нуритдинов, раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон маърӯза намуданд. 
 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 963
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед