logo

Хабарҳо

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти маркази хизматрасонии маишии «Чорсӯ» дар маҳаллаи Тудакафши 2-и шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд кард. 
 
Роҳбари марказ дар суҳбат иттилоъ дод, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаи таълимӣ мебошад. Роҳравҳои мактаб сафолакпӯш гардида, дар гирду атрофи таълимгоҳ гулҳои мавсимӣ  шинонда шудааст. Муассиса дорои беш аз 600 ҷойи нишаст буда,  хонандагони синфҳои 1 – 4-ро дар ду баст ба таълим фаро мегирад.     
- Қаблан дар маҳалла умуман мактаб набуд. Фарзандон дар Муассисаи таълимии № - 27 таҳсил мекарданд, ки аз маҳалла 3 километр дур аст. Тайи чанд сол буд, ки ин мавзеъ ба партовгоҳ мубаддал гашта, як макони бесоҳиб буд. Мо аз иқдоми ин ашхоси саховатпеша хушҳолу хушнуд гаштем, - иброз дошт М. Раҷабова сокини маҳалла.
Дар назди муассиса толори варзиш, ошхона, майдончаи тобистонаи варзиш мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Утоқҳои дарсӣ бо мизу курсии замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Атрофи таълимгоҳ панҷарабандӣ гардида, он бо оби нӯшоӣ таъмин шуд. Алҳол бунёди сохтмони буғхона идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ тамоми синфхонаҳо дар фасли зимистон бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин мегарданд. 
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 977
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед