logo

Хабарҳо

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

Чанде пеш китоби дуҷилдаи Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот «Фарҳанги Доро» интишор ёфт.
Мураттиб китобро ҳамчун луғатномаи барчидаи тафсирӣ ва решашинохтӣ муаррифӣ карда, ёдовар мешавад, ки дар нигориши фарҳанг аз осори донишмандони эронию тоҷик, мисли Муҳаммади Муъин, Алии Равоқӣ, Додихудо Саймиддинов, Амон Нуров, Масъуди Қосимӣ, Муҳтарам Ҳотам, Мирзоҳасан Султон баҳра бурдааст.
Ҷилди аввали он соли 2012 нашр шуда, панҷ ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораҳои забони форсии тоҷикиро фаро мегирифт. Ҳоло дар дуҷилдаи такмилёфта шумораи онҳо ба 12 ҳазор расид.
 
 
«ЭТЮД» БА АНАПА  МЕРАВАД
Филми ҳунарии «Этюд»-и «Тоҷикфилм», ки коргардонаш Муъмин Қодиров аст, дар озмуни филмҳои кӯтоҳи ХХХ Ҷашнвораи синамои кишварҳои ИДМ ва кинематогарфияи миллии «Киношок» иштирок мекунад. 
Фестивал дар шаҳри Анапаи Россия аз 25 сентябр то 2 октябри соли ҷорӣ баргузор гардида, фарогири 30 филм аз кишварҳои олам мебошад.
 
 
«АРМУҒОНИ ХОСИЯТ»  НАШР ШУД
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ дод, ки дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби таронаҳояш – «Армуғони Хосият» иборат аз 80 суруд рӯйи чоп омад.
Дар китоб сурудҳо якҷо бо нотаҳояшон сабт гардида, барои мухлисон, санъатшиносон ва донишҷӯёни риштаи фарҳангу ҳунар судманд аст.
- «Армуғони Хосият» ҳосили ранҷҳои қариб бистсолаи банда буда, дар мураттаб кардани он шогирдону ҳампешагон низ дасти мадад расондаанд, - изҳор доштааст Хосияти Зарафшонӣ.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 689
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед