logo

Хабарҳо

Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо дар маҷаллаи олмонии “Diplomatisches Magazin” зери унвони «Аз оғоз то кунун. Сӣ соли истиқлолият» интишор ёфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Дар мақола Соҳибназар Ғайратшо нахустин солҳои мустақилияти кишвар ва чолишҳои он замонро дар шакли руҷуи таърихӣ ба қалам дода, таваҷҷуҳи хонандаро ба дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои минбаъда, мароми боризи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди истиқрори суботу ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди фарогири иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар ҷалб карда, ҳадафҳои стратегии мамлакатро дар мисоли густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон шарҳ додааст.
 
 
Мулоқот бо президенти иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо президенти тозаинтихобшудаи иҷлоси 76 – уми Маҷмаи умумии СММ ҷаноби Абдулло Шаҳид мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаи амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бавижа вазъи имрӯзаи амалиёти башардӯстӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд.
 
 
Ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи «AstraZeneca» ворид гардид
Аз ҷониби Олмон ба Тоҷикистон  100 ҳазору 800 воя ваксинаи «AstraZeneca» ҳамчун ёрии башардӯстона ворид гардид, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Кумаки мазкур дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон дар чаҳорчӯбаи механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмонии ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 расонда шуд.
Маросими қабули ваксинаҳо дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикӣ бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон  ва шарикони рушд баргузор гашт.
 
 
Россия пойгоҳи 201-умро бо танкҳои муосир тақвият медиҳад
- Хизматчиёни ҳарбии Пойгоҳи 201-уми низомии Россия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, то охири соли 2021 –ум 30 танки замонавӣ мегиранд, - гуфт сардори хадамоти зиреҳпӯши Округи марказии ҳарбӣ Ҳаниф Беглов. - Танки Т-72 Б3М хусусияти ҷангии такмилдодашуда дорад. 
Ҳамин тариқ, дар мошини ҷангӣ муҳофизати зиреҳи экипаж ва дастгоҳ баланд аст. Танк бо силоҳи муосиртар ва захираҳои афзоянда муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин бобат Sputnik иттилоъ додааст.
Мошинҳои ҷангӣ, ҳамчунин, бо муҳаррики нав ва системаи коммуникатсионии зиддисадоии «Акведук» муҷаҳҳазанд. 
Мавриди зикр аст, ки иваз кардани танкҳо дар пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Афғонистони ҳамсоя сурат мегирад.
 
 
 
КОРОНАВИРУС. Ғалаба наздик аст!
Давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 9 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 11 нафар пас аз муолиҷа шифо ёфт.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то 12 сентябр  дар кишвар 17084 нафар гирифтори COVID-19 сабт ва аз ин шумора 16948 кас (99,2%) шифо ёфт. Аз ин беморӣ 124 нафар фавтидааст.
Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 759
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед