иқтисод
БАҲОДУР ШЕРАЛИЗОДА: «ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БОЗГАШТ НАДОРАД, БА ОН МУТОБИҚ БОЯД ШУД»
Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, давоми 30 соли охир дар ҷумҳурӣ тағйироти вазъи ҳаво ба назар мерасад. Аз ҷумла, зимистони имсола нисбат ба соли гузашта сербарфу сард омад. Дар фасли баҳор якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси сар задани офатҳои табиӣ гардид, ки мисоли равшани он селфуроӣ дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон мебошад. Коршиносон ноустувории вазъи ҳаворо ба тағйирёбии глобалии иқлим рабт медиҳанд.
Дар ин бора суҳбате доштем бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.
- Муҳтарам Баҳодур Шерализода, тавре мебинем, дар ҷумҳурӣ сол ба сол вазъи ҳаво тағйир меёбад. Лутфан бигӯед, ки сабабҳои тағйирёбии иқлим чист ва он чӣ пайомадҳое дорад?
- Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, давоми 150 соли охир ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба атмосфера зиёд шуд ва ин сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво гардид. Яъне, омили асосии тағйирёбии иқлим фаъолияти инсон аст. Аксари ин газҳо аз иншоот барои истихроҷ ва сӯзондани маъданҳо, истифодаи энергия ва нақлиёти автомобилӣ ҳосил мешаванд. Ҳиссаи аз ҳама зиёди газҳои гулхонаӣ диоксиди карбон (CO2) мебошад ва маҳз он ҳарорати ҳаворо баланд мебардорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО оид ба тағйирёбии иқлим зикр намуданд, ки Тоҷикистон аз рӯйи партови гази карбон (CO2) ба атмосфера дар ҷаҳон ҷойи 135-умро мегирад ва ҳиссаи кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ камтар аз 3 дарсадро ташкил медиҳад. Аммо, дар баробари ин, кишвари мо миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз рӯйи ҳисоби индекси содагардондашудаи осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим ҷойи якумро ишғол мекунад. Баландшавии ҳарорати ҳаво ва зиёдшавии боришот ба соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт таъсири манфӣ хоҳад расонд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш хоҳад ёфт. Воқеан, мувофиқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ, давоми солҳои 1992 – 2006 аз ҳисоби ноустувории вазъи ҳаво Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллиард доллари ИМА хисороти иқтисодӣ дида, зиёда аз 7 миллион нафар аҳолӣ зарар дид.
- Захираҳои об аз таъсири тағйирёбии иқлим аз ҳама осебпазиранд. Маҳз бо мақсади оқилона истифода бурдани ин захираҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонро ба ин масъала ҷалб намуданд. Дар ин радиф барои ҳифзу нигоҳдории манбаъҳои обӣ кумита чӣ тадбирҳоро андешидааст?
- Тавре медонем, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускор ва пешсафи ҳалли масоили глобалии вобаста ба об шинохта мешавад. Дар давраи тағйирёбии иклим, ки бештар ба соҳаи энергетика ва захираҳои об зиён мерасад, ин ибтикорот хеле бамаврид аст, зеро сарчашмаи асосии ташаккулёбии захираи обии дарёҳои Тоҷикистон (ва ҳавзаи баҳри Арал) пиряхҳо буда, онҳо зарар дида истодаанд. Аз ин рӯ, дар ин самт аз ҷониби кумита доимо омӯзиш ва мониторинги ҳолати пиряхҳо сурат мегирад. Бояд гуфт, ки татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” бо назардошти баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ ба ҳифзу нигоҳдории манбаъҳои обӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Имсол барои тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ фармоиши раиси кумита “Дар бораи гузарондани аксияи “Тозагии соҳил – 2021” ба тасвиб расида, дар ин ҷода корҳо вусъат гирифтаанд. То ҳол 691 маротиба аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардида, дар доираи онҳо 602,5 километри каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо ва дигар манбаъҳои обӣ аз партову ифлосиҳо тоза шуданд.
Аз санҷишу назорати масъулони кумита бармеояд, ки, мутаассифона, дар бисёр маврид сокинони мамлакат обро самараноку оқилона истифода намебаранд. Ин аст, ки барои риоя нагардидани қонунгузорӣ нисбат ба 598 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, баҳри боз ҳам пурзӯр кардани назорати давлатӣ оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об бо пешниҳоди кумита ба моддаҳои 173 – 179 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, аз 29 январи соли 2021 мавриди амал қарор гирифтанд.
- Коршиносон бар он назаранд, ки дар раванди тағйирёбии иқлим барои бехавф мондан ва устувор будан ба он беҳтарин восита мутобиқшавӣ аст. Лутфан бигӯед, ки роҳҳои мутобиқшавӣ ба дигаргуншавии иқлим кадомҳоянд?
- Пеш аз ҳама, бояд аз худ оғоз кард. Масалан, мо дар саҳни даромадгоҳи кумита барои велосипедҳо таваққуфгоҳ бунёд кардем. Ин маънои онро дорад, ки ҳар яки мо бояд рондани автомобилро, ки яке аз манбаъҳои асосии ифлосшавии ҳаво ва муҳити зист мебошад, камтар истифода барем. Ғайр аз ин, дар нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла ошхонаҳо, аз истифодаи маводи яккарата бояд худдорӣ намоем.
Ҳамзамон, дар минтақаҳои селфуро корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани каналҳо, насб намудани иншооти муҳофизатӣ, зиёд кардани майдони дарахтзор ва ғайраҳо зарур аст. Дар иртибот ба ин, боиси хушнудист, ки аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе иқдом гирифта шуд ва дар доираи он дар ҳудуди пойтахт ниҳолҳои зиёд шинонда шуда, маъракаи мазкур идома дорад.
Метавон бо итминон гуфт, ки Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Миёна пешқадам аст. Солҳои қаблӣ якҷо бо фондҳои глобалии экологӣ чанд барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим роҳандозӣ карда будем ва кормандони вазорату идораҳои дахлдор, аллакай, оид ба пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он дар бахши гуногун таҷрибаи кофӣ доранд. Алҳол мутахассисони кумита ҳуҷҷати оид ба кам кардани ҳаҷми партов ба ҳавои атмосфераро таҳия намуда, ба котиботи Созишномаи Париж ва Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод намуданд. Боиси ёдоварист, ки чунин ҳуҷҷатро ҳар кишвари узви комилҳуқуқи созишномаи мазкур таҳия менамояд. Баррасии он дар конференсия, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Глазгои Шотландия баргузор мешавад, сурат мегирад. Дар доираи созишнома ба кишварҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим кумаки молиявӣ расонда мешавад. Барои дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мамлакатҳои осебпазирро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ хоҳанд кард. Масъалаи мазкур дар конфронси чоруми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки чанде пеш дар пойтахти кишвар доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
- Яъне, дар сурати дастгирии молиявии кишварҳои осебпазир дар баробари кам кардани партови нақлиёт, масъалаи ҷамъоварӣ, коркард ва безараргардонии партови сахти маишӣ, ки асоси ифлоскунандаи манбаъҳои обӣ ва муҳити зист ба ҳисоб меравад, низ ба зудӣ ҳалли худро меёбад?
- Бисёр суоли муҳим аст. Масъалаи муомилоти партовҳо тули чанд соли охир рӯ ба беҳбудӣ ниҳода бошад ҳам, ҷамъоварӣ, ҷойгиркунӣ, коркард ва безараргардонии онҳо ҳанӯз аз мушкилоти асосии экологӣ дар кишвар боқӣ мемонад. Дар баробари партовҳои истеҳсолӣ ва сахти маишӣ ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин, кӯчаву роҳравҳо, корхонаҳо ва дигар мавзеъҳо аз роҳҳои коҳиш додани таъсири партовҳо ба манбаъҳои табиӣ ва муҳити зист мебошад. Дар ҷумҳурӣ 73 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ мавҷуд буда, масоҳати онҳо наздики 300 гектарро ташкил медиҳад. Давоми шаш моҳи сипаригашта аз ҷониби Кумита дар доираи аксияи «Тозагии маҳал» 4327,93 метри мукааб партов аз кӯчаву маҳаллаҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳҳои асосӣ бароварда шуд. Партовгоҳҳо бояд ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанд, чун оянда рушди саноати вазнин, хусусан коркарди партов, аз зинаҳои аввали он вобаста аст. Маҳз татбиқи ин кор сармояи зиёд металабад. Дар ин самт аз тарафи кумита кор бо бахши хусусӣ бояд тақвият дода шавад. Як паҳлуи масъалаи мазкур, аллакай, ҳалли худро ёфт. Азбаски бештари партовҳоро зарфҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ ташкил медиҳанд, Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо дастгирии Ҳукумати мамлакат давра ба давра воридот, истеҳсолу истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ, яъне борҷомаҳои тунукро, ки барои истеҳсолот манфиатовар нестанд, манъ мекунад. Тибқи қабули қатъномаи Маҷмаи умумии СММ тули даҳ соли оянда бояд 170 кишвари олам истифодаи маводи пластикиро маҳдуд созад. Соири кишварҳо дар ин роҳ, аллакай, тадбирҳо андешидаанд. Аз ҷумла, мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо аз оғози соли 2021 аз истифодаи маводи пластикӣ даст мекашанд, ки ин ҳам як навъ мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аст. Дар Франсия ва Литва бошад, истифодаи онҳо манъ шуд. Дар Гурҷистон, Украина, Қазоқистон ва Узбекистон истифодаи пластика ва халтаҳои полиэтиленӣ маҳдуд гардид. Кишварҳои дигар, ба монанди ИМА, Россия ва Тоҷикистон низ ният доранд чунин тадбирҳоро давра ба давра роҳандозӣ кунанд. Дар ҷумҳурии мо агарчи коғаз камтар аст, лекин истеҳсолкунандаи пахта мебошем, аз ин рӯ, аз навъи пасттарини он метавон борҷомаву халтаҳои латтагӣ омода кард. Барои фаҳмидани талаботи аҳолӣ ба чунин намуди маҳсулот пешакӣ дар марказҳои савдо таҷриба гузарондем ва маълум кардем, ки шаҳрвандон бештар маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне борҷомаҳои халтагӣ ва коғазиро меписанданд.
- Маърифатбахшӣ ва иттилоотонии аҳолӣ дар кадом сатҳ аст?
- Агар ба фаъолияти кумита назар афканем, он дар самтҳои ҳифзи захираҳои об, ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо, истифодаи оқилонаи олами набототу ҳайвонот ва амсоли инҳо назорат мебарад. Мутаассифона, ҳангоми бурдани корҳои назоратӣ, хусусан дар маҳалла ва деҳаҳо, бисёр қонуншиканиҳо ба назар мерасанд, ки аз паст будани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ далолат медиҳад. Бо назардошти ин, маҳз дар самти маърифатбахшӣ ва иттилоотрасонии экологӣ заминаҳои ҳуқуқӣ устувор гаштаанд. Татбиқи се барномаи давлатӣ, бахусус Барномаи рушди комплексии тарбия ва маърифати экологӣ барои солҳои 2015 – 2020, ба сатҳи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ то андозае беҳбуд бахшид. Имсол боз Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва қабул гардид. Барномаи нав аз қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки дар он қишрҳои гуногуни ҷомеа бештар ҷалб мешаванд. Ба ин мақсад, аз ҷониби кумита дар доираи ташкили “Клуби журналистони эколог” корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамчунин, огоҳондани аҳолӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим вусъат дода мешаванд.
Бовари комил дорам, ки якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, воситаҳои ахбори омма, хуллас тамоми табақаҳои ҷомеа, дар роҳи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва эмин мондан аз ҳама гуна хавфу хатарҳои вобаста ба он муваффақ мешавем.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2021 №: 183 Мутолиа карданд: 3999