logo

иҷтимоиёт

РОҲ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Таҷрибаи мазкур нишон медиҳад, ки дурбинии хирадмандона, қобилияти дарки воқеият, банақшагирӣ ва пешбинии сиёсии Роҳбари давлат муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, дуруст муайян намудани афзалиятҳо дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ расонида истодаанд. Дар робита ба ин, метавон якчанд стратегияҳои комилан навро, ки дар раванди давлатсозии муосири мо истифода шудаанд, номбар намуд. Инҳо:
- стратегияи баровардани кишвар аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки асоси онро таҳаммулпазирии сиёсӣ, созиш ва гузашт ташкил дод;
- стратегияи ташаккули ғояи ифтихори миллӣ тавассути тарғиби андешаи миллӣ, таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ, умумияти ғоявӣ, сарнавишти таърихӣ ва шинохти асли хеш, ки дар ҷодаи таҳкими давлати миллӣ аҳамияти бағоят саривақтӣ дорад;
- ташаккули  низоми татбиқи бомароми маҷмуи ҳадафҳои стратегӣ, ки баҳри рушди устувори иқтисодию иҷтимоии давлат аҳамияти хос доранд; 
- таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди босуръати саноатӣ;
- стратегияи фаъолият дар самти эмин нигоҳ доштани арзишҳои иҷтимоии умумипазируфта аз омезиш бо меъёрҳои таҳрифшудаи динию мазҳабӣ ва миллии бегона, ки таҳти таъсири беруна ба миллати мо бор шудаанд;
- стратегияи  сиёсати муваффақи хориҷӣ  дар мисоли сиёсати «дарҳои кушода», ки бидуни он устуворӣ ва рушди давлатдории миллӣ номумкин буда, ҳеч як давлат наметавонад дар танҳоӣ ва алоҳидагӣ, бидуни робитаҳои неки ҳамҷаворӣ вуҷуд дошта бошад.
Принсипи таъминоти ҳуқуқии фаъолиятҳо дар давлатдорӣ имконият дод, ки тамоми шакли фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ тавассути қонунҳо танзим ва ҳифз карда шаванд. Қонуният, волоияти қонун ва таъмини риояи он аз ҷониби ҳамагон кафолати устувории тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро медиҳад.  
Майл ва иродаи қавӣ ба ташкил ва гузарондани  ислоҳот дар низоми давлатдорӣ ва идоракунӣ яке аз фазилатҳои барҷастаи Пешвои миллат мебошанд. 
Муносибати хосса ба ҳар як раванди сиёсӣ, истифодаи усули махсус дар ҳалли ҳар як мушкилоту муаммоҳои дар ҷомеа пайдошаванда, арзёбии саривақтӣ ва баҳодиҳии воқеӣ ба натиҷаҳои бадастомада, огаҳии комил аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва даҳҳо дигар хусусиятҳоеро метавон номбар намуд, ки ба ташаккули санъати идоракунӣ дар мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат замина гузоштаанд. Дар натиҷа, ҷомеа ба қудратмандии неруи ниҳоди сарварӣ  эътимод пайдо намуд. Ин эътимод асоси эътирофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати лидери умумимиллӣ гашт.
 
ХИДИРЗОДА МАХФИРАТ УМАР,
доктори илмҳои фалсафа, 
профессор, узви КМИР ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2021    №: 183    Мутолиа карданд: 691
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед