logo

сиёсат

30 ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ СОЛИ ИСТИҚЛОЛ

30 дастоварди азиме, ки ба рушду инкишофи кишвар ва таҳкими истиқлоли миллӣ заминаи боэътимод гузошт:
 
1. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд ва ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид. 
3. 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ки бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ (Сарвари давлат) дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи нав кушод. 
4. 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки барои бақои давлату миллати тоҷик яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.
5. 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. 
6. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (ББНА) нақши фаъол гузошта, аз 26 марти соли 1993 дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ узви фаъоли ин созмон мебошад. 
7. 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шурои Олӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 
8. Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шурои Олӣ ба Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунии куллӣ ворид шуда, ба шакли нав қабул гардид, ки он аз тоҷдорию давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад. 
9. 6 ноябри соли 1994 бори нахуст тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гаштанд. 
10. 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
11. Таҷлили Ҷашни 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – давлати абарқудрати Сомониён ва 90-солагии муаллифи китоби “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 1999.
12. Моҳи сентябри соли 1999 дар заминаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат маҷлиси дупалатагӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис ёфт.
13. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, № 415 дар бораи аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар – сомонӣ, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849 – 907) номгузорӣ шудааст, эълон гардид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. 
14. Соли 2000 бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани хатмкунандагон, аз ҷумла духтарони деҳоти дурдасти кишвар, Квотаи президентӣ таъсис ёфт.
15. Таҷлили ҷашнҳои 2500-солагии шаҳри Истравшан (соли 2002), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (соли 2006), 3000-солагии шаҳри Ҳисор (соли 2015) ва 5500-солагии Саразм (соли 2020), ки ба ин муносибат корҳои созандагию бунёдкорӣ ва барномаҳои мукаммали фарҳангию маърифатӣ сурат гирифтанд.
16. Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, соли 2003-ро «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005 – 2015-ро Даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об манбаи ҳаёт” ва солҳои 2018 – 2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. 
17. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади тақвияти худшиносии миллӣ, гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии шоир ва мутафаккири бузург Носири Хусрав, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 400-солагии суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ, 700-солагии шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ ҷашн гирифта шуданд.
18. Соли 2009 – Соли бузургдошти Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит эълон гардид, ки дар доираи он Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор шуданд. 
19. Соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуданд, ки ҳарду санад унвони қонунҳои миллиро ба худ касб карданд.
20. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо содир намудани як қатънома ҷашни миллии тоҷикон – Наврӯзи Аҷамро ҷашни байналмилалӣ эълон кард ва он дар иҷлосияи 64 Маҷмааи Умумии СММ дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» сурат гирифт.
21. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ якчанд унсурҳои фарҳанги моддию ғайримоддии халқи тоҷик ба Феҳристи ҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд, аз ҷумла Ҷашни миллию мардумии Наврӯз, мусиқии суннатии “Шашмақом”, таоми миллии оши палов, матои миллии “Чакан”. 
22. Бунёду мавриди истифода қарор додани бузургтарин нақбҳо, амсоли “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон”, “Дӯстӣ”, “Озодӣ”, ки ҳамаи минтақаҳои ҷумҳуриро ба ҳам васл мекунанд.
23. Бозсозӣ, таъмиру таҷдид ва ба истифода додани шоҳроҳу роҳҳои мошингард, аз қабили Душанбе-Хуҷанд-Чанак, Айнӣ-Панҷакент, Кулма-Қароқурум, Душанбе-Норак-Данғара, ки маҳдудиятҳои дар гузашта мавҷуд бударо аз байн бардоштанд.
24. Ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе–Бохтар–Кӯлоб.
25. Бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва ба истифода додани ду агрегати он.
26. Сохтмону бунёди иншооти фарҳангиву фароғатӣ, таълимиву варзишӣ ва тиббию истироҳатӣ, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу боғчаҳои кӯдакон, беморхонаю марказҳои саломатӣ, китобхонаю осорхонаҳо, қасру хонаҳои фарҳанг, театру филармонияҳои халқӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳҳо, майдону маҷмааҳои варзишӣ ва дигар иншоот барои мардум, хусусан насли ояндасози миллат аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии кишваранд.
27. Шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон, шаҳри сулҳу дӯстӣ, маъвои фарҳангу маърифат, хонаи умеди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародар-шаҳрҳо, Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ гардид ва айни замон бо 18 шаҳри калонтарину пешрафтаи Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳусни тафоҳум ва паймони бародаршаҳрӣ дорад, ки дар доираи ин муносибатҳо чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва илмию оммавӣ баргузор мешаванд. Бо қарори Шурои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пойтахти маҳбуби тоҷикон - шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 эълон шуд. 
28. Яке аз муъҷизаҳои дасти инсоният, шоҳкории азими халқи тоҷик, маҷмааи фарҳангии “Кохи Наврӯз” ба рӯйхати “8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай” ворид гардид, ки боиси ифтихору сарфарозии мардуми шарафманди тоҷик мебошад.
29. 12 майи соли 2016  дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони расмии ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон ба корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 оғози расмӣ бахшиданд.
30. Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолӣ гурзандози машҳури кишвар Дилшод Назаров дар XXXI Бозиҳои олимпӣ (Рио-де-Жанейро) медали тилло ба даст овард ва маротибаи якум Суруди миллии То-ҷикистон дар ин мусобиқоти бонуфуз садо дод.   
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2021    №: 183    Мутолиа карданд: 1548
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед