иқтисод
ХУРОСОН ДАР МАСИРИ РУШД
- Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз муҳтавои Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, чораҳои мушаххас андешида, нишондиҳандаҳои нимсолаи соли ҷориро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намудем, - иброз дошт Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳияи Хуросон.
- Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ нишон дод, ки масъулони соҳаҳо аз камбудиҳои соли сипаригардида хулосаҳои зарурӣ бароварда, фаъолияташонро баҳри иҷрои дурнамо, барномаҳо ва нақшаҳои тасдиқгардида тавсеа бахшида, бо истифода аз имконияту захираҳои дохилӣ рушди иқтисодиёти ноҳияро таъмин намуданд.
РУШДИ ИҚТИСОДӢ БА 5,1 ДАРСАД БАРОБАР ШУД
Ҳамин тариқ, нишондиҳандаи маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 472 миллиону 38 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23 миллиону 236 ҳазор сомонӣ ё 5,1 дарсад зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Хуросон бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 18 миллиону 107 ҳазор сомонии нақшавӣ ба буҷет 18 миллиону 652 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 545 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷет 98 фоиз иҷро гашт, нақшаи солона 39 миллиону 344 ҳазору 829 сомонӣ муқаррар шуда буд, аз ҳисоби буҷет 38 миллиону 751 ҳазору 402 сомонӣ маблағгузорӣ гардид. Аз ҷумла, ба сохтори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 72 фоиз, маориф 98, нигаҳдории тандурустӣ 97, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 43, хоҷагии манзилию коммуналӣ 114, фарҳанг 92 ва кишоварзӣ 70 фоиз. То 1 августи соли 2021-ум 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 54,6 миллион доллар дар амал татбиқ гаштааст.
Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон, бонувони ҳунарманд ду гранти президентӣ ба маблағи умумии 60 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.
РОҲ, НАҚЛИЁТ
Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 265 километрро ташкил медиҳад, ки 73 километри онро роҳҳои байналмилалӣ ва 192 километрро масирҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 152 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар ҳафт моҳи соли 2021-ум 15 километр роҳ таъмир шуд. Аз ҳисоби соҳибкорон 8,5 километр ҷода ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ сангфарш гардид. Ҳаҷми боркашонӣ 369,6 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 750 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта ҳаҷми боркашонӣ 8 тонна ва мусофиркашонӣ 91,3 ҳазор нафар зиёд мебошад.
КИШОВАРЗӢ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 359 миллиону 623 ҳазор сомонӣ шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 23 миллиону 923 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад (афзоиш: 107,1%).
Зироати асосӣ - пахта дар майдони 4374 гектар кишт шуда, иҷрои дурнамо 100,3% таъмин гардид. Кишти дигар анвои зироатҳо, аз қабили ғалладона 8858 гектар, сабзавот 973, полизӣ 340, картошка 405, зироатҳои хӯроки чорво 803,5 гектар гузаронда шуда, истеҳсоли ин маҳсулотҳо, аз ҷумла ғалладона 36702 тонна, картошка 6631, сабзавот 25009, мевагиҳо 3325, ангур 1435, гӯшт 2414, шир 4764, пашм 118, пилла 6,6 тонна ва тухм 3,2 миллион донаро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 афзоиш мутаносибан аз 100 то 120 дарсадро дар бар мегирад.
Деҳқонони ноҳия баҳри босамар истифода бурдани замин ва гирифтани на камтар аз ду ҳосил ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, ба ҳолати 1 августи соли 2021 дар майдони 4000 гектар кишти такрорӣ гузарондаанд, ки аз ин ҷуворимакка барои дон 1394 гектар, лӯбиёгиҳо 275, мош 552, шолӣ 120, сабзавот 709, полизиҳо 240, зироатҳои техникӣ 190 ва хӯроки чорво 480 гектарро ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти оморӣ аз ноҳия 2020 тонна маҳсулоти кишоварзӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ содирот карда шудааст, ки ин баробари 100 фоизи нақша аст.
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ
Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давраи зимистони солҳои 2021-2022 барои соҳаи маориф захира кардани 473 тонна ангишт, 1000 метри мукааб ҳезум, 3000 литр сӯзишворӣ, дар соҳаи тандурустӣ 16 тонна ангишт, 37 метри мукааб ҳезум, 200 литр сӯзишвории дизелӣ, дар соҳаи роҳдорӣ 1400 м3 маводи зиддилағжиш, 8 м3 ҳезум, 3 тонна ангишт, 2500 литр сӯзишвории дизелӣ, аз ҷониби хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 тонна ангишт, 8 метри мукааб ҳезум нақшабандӣ шудааст, ки масъулон аллакай аз пайи иҷрои он ҳастанд.
ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ БО ТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардид. Дар доираи бандҳои он то ин санаи муборак бунёду таъмири 364 иншоот дар нақша буд, то ба имрӯз ҳамаи онҳо ба истифода дода шудаанд, аз ҷумла 64 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 2 кӯдакистон, 12 майдонча ва 3 толори варзишӣ, 4 беморхона, 17 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази тиббӣ, 7 дорухона, 9 нуқтаи хатна, 2 меҳмонхона, 7 сартарошхона, 4 кошонаи ҳусн, 4 ҳаммом, 2 корхонаи коркарди шир, 3 коргоҳи дӯзандагӣ, 1 коргоҳи адрасбофӣ, 2 корхонаи дӯхти либоси мактабӣ, 4 коргоҳи истеҳсолӣ, 12 маркази савдо ва 78 хизматрасонӣ, инчунин, 1 дукони ҳунарҳои мардумӣ.
Бо мақсади вусъати корҳои ободонию бунёдгарӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебопарастии аҳолӣ дар масири Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми шаҳраку деҳот бо фарогирии масъулон, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, фаъолон ва шахсони обруманд гурӯҳҳои кории салоҳиятнок таъсис ёфтаанд, ки бо усули хона ба хона оид ба масъалаҳои тозагии манзилҳои истиқоматӣ, рангдиҳии дарвоза, деворҳои бинои хона ва иншооти ёрирасон, чароғонӣ, самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ, захираи маводи ғизоӣ, башаклдарории дарахту ниҳолҳо ва гулу буттаҳо, ташкили партовгоҳҳо ва риояи истифодабарии онҳо бо мардум машварат мебаранд ва аз натиҷаи корҳои анҷомёфта ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гузоришҳои муфассал пешниҳод месозанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2021 №: 183 Мутолиа карданд: 2174