logo

Хабарҳо

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

 
Дар маркази иммунопрофилактикии ноҳияи Лахш маъракаи эмкунӣ зидди бемории сироятии COVID - 19 бо маром ҷараён дорад. Тибқи иттилои директори марказ Ҳалим Шарифов, дар ноҳия эмкунӣ алайҳи COVID - 19 аз 18 – май, яъне баробари ворид гардидани  640 воя ваксинаи «AstraZeneca» оғоз гардид.
- Дар марҳилаи аввал 550 нафар кормандони соҳаи тиб ва омӯзгорон ваксина шуданд. Дар марҳилаи дуюм бошад, 544 воя дастрас гардид, ки дар натиҷа, 408 нафар иммунизатсия шуданд.
Маротибаи дуюм моҳи июл 7995 воя ваксинаи «Модерна», ки истеҳсоли кишвари Амрико мебошад, ворид шуд. Кормандони марказ якҷо бо кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 7611 нафарро иммунизатсия намуданд. Дар марҳилаи  дуюм бо 8445 воя 1953 нафар иммунизатсия шуданд. 
Ваксинаи «Синавак», ки истеҳсоли Чин мебошад, дар марҳилаи якум  10 000 воя ва дар даври дуюм 5 000 воя дастрас гардид. Айни замон дар марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Лахш эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ ҷараён дорад», - иброз дошт  Ҳалим Шарифов.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки як сол пас аз оғози густариши ин бемории нав дар зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон эмгузаронии гурӯҳҳои осебпазир оғоз ёфта, Тоҷикистон расман ба рӯйхати кишварҳои дархосткунандаи ваксина зидди сирояти COVID - 19 дар доираи механизми COVAX шомил гардид. Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон бобати ҳифзи сиҳатии аҳолӣ аз давраи хуруҷи бемории COVID -19  4 миллиону 760 ҳазору 740 воя ваксина ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид гардида, иқдоми мазкур ҳоло низ  идома дорад.
Сокинони ноҳияи дурдасти Лахш аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории коронавирус, сипосгузоранд. Онҳо бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин бемориро  гирифта истодаанд.
 
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1423
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед