logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАМЗИ СУЛҲУ ОСОИШИ МАРДУМОН

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик, посдору муаррифгари анъанаҳои неки  давлатдории ориёӣ дар арсаи байналмилалӣ дар  муқаддимаи асари гаронарзиши хеш “Уфуқҳои истиқлол”, ки фарогири арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, аҳамияти ваҳдату сарҷамъӣ ва рушди тадриҷии соҳаҳои мамлакат бо зикри нишондодҳои мушаххаси оморӣ мебошад, оид ба таърихи қадимаи соҳибватаниву давлатсозӣ, фарҳанги оламгир ва аҳамияти эҳёи давлатдории миллии тоҷикон чунин баёни андеша намудаанд: - “Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар оғоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои  пайдарҳами  аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тулонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд. Ин давраи тира, ки чандин қарн идома ёфт, асрҳои фоҷиаи миллӣ ва таназзули фарҳангии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Гарчи дар ин марҳала маҳз дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт. Танҳо 9 сентябри соли 1991 чархи сарнавишт дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби истиқлол ва давлати мустақил шуданд”.
Бешак, сарнавишти ҳар миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолориву фарҳангпарварӣ, бедориву солимандешӣ, дарки дурусти воқеият, маҳорати таҳлили ҳаводиси рӯзгор, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳарчанд истиқлоли воқеии давлатӣ, эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот дар қаламрави кишвар дар солҳои 90-уми асри гузашта барои мардуми Тоҷикистон басо гарону мудҳиш афтод, вале маҳз зуҳури хусусиятҳои ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат, абармарди давру замон, родмарди арсаи сиёсат, меросбари фарҳанги пурифтихору куҳанбунёди давлатдории ориёӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ эмин монд. Мардуми хонабардӯшу бесарпаноҳмондаи аз даҳшати ҷанги таҳмилии бародаркуш хаставу афгор дубора бо умеду ормонҳои аз нав зиндашуда ба хоки муқаддаси Ватан баргаштаву паҳлуи ҳам аз сари ваҳдату якдилӣ дар ҷабҳаҳои созандагӣ ба ободкориву созандагӣ пардохтанд. 
Хушбахтона, он рӯзҳои парешонӣ паси сар шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, амалисозии як қатор лоиҳаҳои ҳаётан муҳим ба рӯзҳои неку фараҳбахш расида, имрӯзҳо дар фазои сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату сарҷамъӣ рӯзгори шоиста ба сар мебаранд. Тоҷикистони биҳиштосо, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба майдони ҷангу ҷидол ва амалҳои ғосибгаронаву харобкориҳо табдил дода шуда буд, инак, аз файзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба мавзеи амну осоишта, зебову дилфиреб, бо инфрасохтори замонавию хидматрасониҳои технологияҳои рақамӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷаҳониёнро ҷалб кардаву бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Чунончи, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар (26.01.2021) таъкид намуданд: - “Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯйи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амният ворид гардид”.
Аҳамияти бузурги ваҳдати миллии тоҷикон маҳз дар он ифода меёбад, ки аввалин бор бо ибтикори Пешвои муаззами миллат барои ҷомеаи ҷаҳонӣ модели нави ҳалли моҷароҳо пешниҳод гардид. Мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтани ин таҷрибаи таърихӣ аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА ва ҳамчун дастурамал тавсия шудани он барои мамолики  нобасомон  гувоҳи эътибори ҷаҳонӣ доштани  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар бораи корномаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коршиноси олмонӣ Арне Клеманс Зайферт чунин баҳо додааст: - «Дар ҳақиқат, муҳокимаҳои сиёсие, ки солҳои охир пас аз бастани Созишномаи умумӣ дар бораи сулҳ ва ризоият дар ҷомеаи тоҷикон ба вуқуъ пайваст, таҷрибаи беназиреро дар фазои Аврупо ва Осиё тавлид кард». Кэтрин Баренс, коршиноси англис, чунин менигорад: - «Ҷараёни муноқишаи тоҷиконро хуб баррасӣ намуда, муайян сохтан лозим аст, ки чӣ тавр ин сабақи тоҷикон метавонад барои хубтар фаҳмидани ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи дигар ба мо кумак расонад».
Сарвари  тозаинтихоби давлат аз рӯзҳои аввали фаъолияташон, аз ҷумла ба рушди соҳаи маориф ва ҳалли мушкилоти соҳа, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд ва тамоми имконоти заруриро барои онҳо фароҳам оварданд.
Ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат нисбати ба илмомӯзӣ фаро гирифтани насли навраси мамлакат тавассути қабули барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои таълимию стандартҳои давлатӣ амалӣ гардида, барои шинохти чеҳраҳои фаъол миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”, олимпиадаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимпиадаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва озмунҳои соҳавӣ ташкил гардидаанд, ки ин раванд низ ба рушду пешрафти соҳаи илму маорифи кишвар мусоидат менамояд.
Дар баробари озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки тайи 2 соли охир истеъдодҳои нодиреро маълум намуданд, инчунин, дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) эълон доштани озмуни нави ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм – фурӯғи маърифат” ва таъини мукофотпулиҳои калон, пешниҳоди ҳавасмандсозии омӯзгорон ва падарону модарони ғолибони озмунҳо, супоришҳои қатъӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, афзудани идрорпулии донишҷӯён, магистрантон, докторантони МТОК, сафарбарсозии бештари олимони ҷавони равияи табиию риёзӣ барои такмили ихтисос ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ ба муассисаҳои илмӣ-таълимии хориҷи  кишвар ва дигар иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат аз он шаҳодат медиҳанд, ки баланд бардоштани сатҳи саводу  маърифатнокии  мардум  ва  дар  навбати  аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ, афзудани некуаҳволии мардуми кишвар ҳамоно ҳадафҳои меҳварии Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд. Дар ин замина барои қадрдонии хизматҳои арзишманди олимону мутахассисон мукофоту ҷоизаҳои давлатие чун унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, ордени Зарринтоҷ, ордени Исмоили Сомонӣ, ордени Дӯстӣ, ордени Шараф, медали Хизмати шоиста, унвонҳои фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо таъсис дода шудаанд.
Мо - аҳли илму маориф, зиёиёни кишвар, қишри калонсол ва кулли ҷомеаи шаҳрвандиро, ки шоҳиди бевоситаи он рӯзҳои парешониву ҳузнангез, яъсу ноумедӣ, ҷангу ҷидол, харобкориву мардумозорӣ будем, зарур аст, ки  ба  тарбияи  худогоҳии миллӣ ва ватандӯстии наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дода, онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат тарбия намуда, кафолати пойдории давлатдории миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва ояндаи дурахшони давлати ҷавону баъд аз ҳасорсолаҳо муяссаршудаи хешро таъмин намоем. Зеро, чунончи Пешвои муаззами миллат доимо таъкид медоранд: - “Давлатро кадрҳои донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ватанпарвар обод мекунанд”.
Маҳз самараи ваҳдати миллӣ буд, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аркони давлатдорӣ пурра ташаккул ёфта, масъалаҳои иҷтимоии мардум марҳила ба марҳила ҳаллу фасл гардиданд. Халқи Тоҷикистони азиз дарси ваҳдату сарҷамъӣ ва иттиҳоду фаъолияти дастаҷамъонаро хуб аз бар намудааст. Ҳамакнун, дар якҷоягӣ ва бо азму иродаи аҳлона ҳама гуна масоилу мушкилотро бартараф намуда, бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва ободкоронаи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат пояҳои давлатдорӣ ва руҳияи ваҳдату ҳамдилиро фарзандвор чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд. Намегузоранд, ки нохалафе, носипосе, фурӯхташудае бар руҳияи ваҳдатгароӣ ва арзишҳои миллии давлатдории навини мо халале ворид созад. 
Мардуми мо ҷафоҳои зиёду аксаран шадиди таърихро бо баҳрабардорӣ аз ганҷинаи маънавии ҳазорсолаҳо шаклгирифта, фарҳангу тамаддуни оламгир, анъанаҳои меросӣ ва маданияти куҳанбунёди давлатдорӣ дар худ фурӯ бурда, бозиҳои сиёсии муғризонро барбод дода, аз файзи ваҳдату сарҷамъӣ ҳар дафъа аз сари нав уфуқҳои нави рушду боландагиро кашф намудаанд. 
 
А. М. МИРАЛИЗОДА, 
ректори Донишгоҳи 
давлатии Кӯлоб 
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2021    №: 184    Мутолиа карданд: 1393
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед