logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Расидан ба истиқлолият барои ҳар як миллату давлат дастоварди бузургест. Таҳти ин мафҳум  истиқлолияти сиёсӣ ва дар доираи он ба дигарон тобеъ набудани мардум, миллат, давлат фаҳмида мешавад, ки неъмати беназиру беқиёс мебошад. 
 
Дар  ин масир маънои истиқлолияти иқтисодӣ имкони мустақилона  идора кардани иқтисодиёти мамлакатро  ифода мекунад. Яъне, миллату давлати соҳибистиқлол фаъолияти иқтисодии худро вобаста ба манфиатҳои милливу давлатӣ ба роҳ мемонад. Истиқлолияти иқтисодӣ дар сатҳи микроиқтисодиёт маънои озодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорон дар интихоби шакли фаъолият, намуди моли истеҳсолшаванда ё хизматрасонӣ, муайян кардани нарх, бозорҳои хариду фурӯш ва ғайра мебошад. 
Дар шароити Тоҷикистон  чанд омиле вуҷуд дорад, ки рушди иқтисодиёти миллиро таъмин менамояд. Нахуст, истиқлолияти сиёсӣ, ки соли 1991 насиби мардуми  Тоҷикистон  гардид,  дуюм, сиёсати  оқилонаи иқтисодӣ, ки дар ин давра  аз  ҷониби  Ҳукумати  ҷумҳурӣ   таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омад.  
Маҳз соҳибистиқлолии кишвар имкон дод, ки самтҳои рушди иқтисодиёт вобаста ба манфиатҳои мардум дуруст муайян гардида, сатҳи баланди афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ таъмин шавад. Шуруъ аз соли 2000-ум ҳамасола иқтисодиёти кишвар ба ҳисоби миёна 7 дарсад  афзуда, боиси болоравии сатҳи некуаҳволии мардум,  ташкили коргоҳу корхонаҳои нав, ҷойҳои корӣ ва зиёд шудани даромадҳои пулии аҳолӣ гардид. Аз ҷумла, шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ аз 25178 адади  соли 2001 дар соли 2021 ба зиёда аз 600 ҳазор расида, ҳиссаи онҳо дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 70 ва ташаккули буҷети давлатӣ 78 дарсад  расид. Буҷети давлатӣ дар ин давра аз 250 миллион сомонӣ то 26,7 миллиард сомонӣ ё зиёда аз 100 маротиба афзуд. Ин пешравиҳо дар навбати худ боиси бозёфти ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва бо эътибори баланд  шинохта шудани   он ҳамчун кишвари соҳибистиқлол  аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд. Ҳамзамон, истиқлоли иқтисодӣ ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии мардум ва боло рафтани сатҳи некуаҳволӣ мусоидат намуда, боиси пайдо шудани имкони маблағгузории лоиҳаҳои дорои аҳамияти умумимиллидошта аз ҷониби давлат,  пешбурди сиёсати мустақилонаи иқтисодӣ, танзими фаъолиятҳо дар ин самт вобаста ба тағйирот дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ, инчунин, ҳалли масъалаҳои дигар гардид.  
Мо - мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро бо он дастовардҳои назаррасе пешвоз гирифтем, ки маҳз бо ташаббусҳои натиҷаовари Пешвои муаззами миллат дар заминаи истиқлоли иқтисодӣ ба даст омадаанд.  
 
Шариф РАҲИМЗОДА, 
директори Институти иқтисодиёт 
ва демографияи АМИТ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2021    №: 184    Мутолиа карданд: 683
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед