logo

иҷтимоиёт

БУЛЁНИ ПОЁН. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР МЕШАВАД

Яке аз масъалаҳои калидии барномаи сиёсӣ ва стратегии давлатӣ, ки Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум, махсусан рушди деҳот ва ободу зебо кардани кӯчаву маҳаллаҳои аҳолинишин, ба ин васила ба сатҳи шаҳру ноҳияҳо баробар гардондани онҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Воқеан, тавре ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар оид ба масъалаи рушди деҳот диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Баҳри ободиву пешрафти деҳаҳо, як қатор корҳои муҳим, аз қабили чароғонсозии кӯчаҳо, мумфаршкунии роҳҳо, сохтмони биноҳои хизматрасониву маишӣ, бунёди майдончаҳои варзиш, рӯйи даст гирифта шудаанд. 
Сокинони заҳматкаши деҳаи Булёни Поёни Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара ба мисли дигар мардуми деҳаҳои мамлакат бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободониву бунёдкории деҳаи зебоманзари худ вусъати тоза бахшида, бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат, ба ободу зебо гардондани маҳали зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ имрӯзҳо саъю талош доранд. 
Деҳаи куҳанбунёди Булёни Поён таърихи 4500-сола дошта, ҳоло дар он 4,5 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дорад. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳа маркази саломатӣ, дорухона, сехи дӯзандагӣ, 3 коргоҳи равғанбарорӣ, сартарошхона, сехи пахтатозакунӣ, 3 коргоҳи хурди истеҳсоли орд, 3 майдончаи варзиш барои наврасон, 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 2 корхонаи хурди истеҳсоли хишти бетонӣ барои эҳтиёҷмандон бо таъсиси даҳҳо воҳиди корӣ бунёд ёфта, дар хизмати мардум қарор доранд. Ҳамзамон, дар деҳа дар шафати роҳи автомобилгарди байналмилалӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадраҳим Каримов бозори фурӯши маҳсулоти гуногун сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ҳафтае як маротиба рӯзи шанбе ба аҳолӣ хизмат мерасонад. 
Тавре раиси маҳалла Шамсиддин Тураев иттилоъ дод, ҳоло ба ин бозор аз 14 деҳаи дуру наздики ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Фархор ва деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Лолазор ва Исмат Шарифови ноҳия молу маҳсулоти кишоварзӣ оварда, пешкаши харидорон мегардонанд. 
Бо дастгирии соҳибкорони хайрхоҳ ва шахсони бо нангу номуси деҳа Маҳмадраҳим Каримов, Сафаралӣ Каримов, Файзиддин Саидов, Кароматулло Суфиев ва Комил Ёров деҳа симои худро тағйир дода, ба яке аз деҳаҳои зебову хушманзара табдил ёфтааст. Ҳоло раванди бунёдкориҳо ва ободгароӣ дар деҳа аз тарафи ашхоси саховатпеша бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. 
Роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Некӣ» ва соҳибкор Комил Ёров бо иқдоми худ деворҳои фарсудаву шурахӯрдаро ҳамвор карда, ба ҷояш бо гузоштани таҳкурсии бетонӣ, деворҳои хушсифати хишти бетонӣ бунёд намуданд. То имрӯз аз ҷониби онҳо зиёда аз 1400 метр деворҳои кӯчаҳои деҳа бо хишти бетонӣ бунёд ёфтанд. Ҳамчунин, бо дастгирии молиявии соҳибкор Файзиддин Саидов бо дарозии 500 метр роҳи мошингарди маркази деҳа ва ду тарафи роҳи пиёдагард пурра мумфарш шуд. 
Соли 2019 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар деҳаи Булёни Поён дар шафати роҳи автомобилгарди байналмилалии Душанбе - Кӯлоб, маҷмааи истироҳатӣ – фароғатии моҳипарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки ин боиси боз ҳам ободонии деҳа гардид.
Ҳавзи моҳипарварӣ аз ҷониби хоҷагии деҳққонии «Некӣ» (роҳбараш Абдусалом Абдулҳақов) дар масоҳати 6 гектар бунёд ёфтааст. Ҳоло дар он зиёда аз 18 ҳазор моҳӣ парвариш мешавад. 
Сокини деҳа Азим Ҳасанов ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки маҷмааи истироҳативу фароғатии моҳипарварӣ на танҳо макони моҳипарварӣ, балки мавзеи тамошои сокинон ва меҳмонони деҳа гаштааст. 
Раиси маҳалла Шамсиддин Тураев гуфт, ки соли гузашта дар ҳудуди маҷмаа боз як бинои истироҳатӣ барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла тӯйи навхонадорон бунёд ёфт. 
Имрӯзҳо дар кӯчаи марказии деҳа аз тарафи соҳибкорон бунёди бинои дуошёнаи ҳаммом ва нуқтаҳои хизматрасонӣ идома доранд. Мувофиқи нақша ба истифода додани он то охири сол дар назар аст. Аксарияти сокинони деҳа ба чорводориву кишоварзӣ шуғл меварзанд. Ҳоло дар деҳа 10 Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонӣ амал мекунад, ки дар ихтиёри онҳо зиёда аз 2 ҳазору 200 гектар замини лалмӣ буда, асосан, ба истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагиҳо, аз қабили гандум, ҷав, зағер, нахӯд, наск ва навъи зироати маҳсар барои истеҳсоли равған машғуланд. Ҳар сол аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ баъди ҷамъоварии ҳосил ба ниёзмандон, ятимону маъюбони деҳа ба миқдори зарурӣ маводи ғизоӣ дастрас карда мешавад. 
Албатта, дар баробари пешравиҳо, баъзе масъалаҳои ҳалталаб низ дар ин деҳаи сераҳолӣ мушоҳида мешавад, ки ҳалли саривақтии онҳо тақозои давр аст. Бояд гуфт, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Булёни Поён соли 1937 бунёд ёфта, навсозии ин боргоҳи маърифат бо сабабҳои гуногун кашол меёбад. Мутаассифона, дар як бинои ҳаҷман хурд ба таълим фаро гирифтани беш аз 1 ҳазору 800 хонанда ғайриимкону аз ноилоҷист.
Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Бахтиёр Ашурзода гуфт: "Бунёди бинои нави муассисаи таълимӣ дар деҳа ба нақша  гирифта нашудааст, зеро рӯзҳои наздик  дар деҳаи  навбунёди  шафати  он  сохтмони муассисаи нави таълимӣ оғоз ёфта, баъди ба истифода додани он зиёда аз 400 хонандаи муассисаи таълимии № 11 ба ин муассисаи нав интиқол дода мешавад".
Дар маҷмуъ, сокинони меҳнатқарини деҳаи Булёни Поёни ноҳияи Данғара имрӯзҳо ба заҳмати осоишта дар пайи рӯзгори осуда ва ободсозии деҳаи худанду аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан сипосгузор. Хурду калон аз зиндагӣ меболанду шукри неъмати бебаҳо - истиқлол мекунанд.
 
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2021    №: 184    Мутолиа карданд: 2578
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед